نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
4600 | 48 | 17 | ليس على الأعمى حرج ولا على الأعرج حرج ولا على المريض حرج ومن يطع الله ورسوله يدخله جنات تجري من تحتها الأنهار ومن يتول يعذبه عذابا أليما |
| | | Бар кӯр ҳараҷе (гуноҳе) нест ва бар ланг хараҷе нест ва бар бемор хараҷе нест. Ва ҳар кӣ ба Худову паёмбараш итоъат кунад, ӯро ба биҳиштҳое дохил мекунад, ки дар он наҳрҳо равон аст. Ва ҳар кӣ сар бартобад, ба азобе дардовараш азоб мекунад. |
|
4601 | 48 | 18 | لقد رضي الله عن المؤمنين إذ يبايعونك تحت الشجرة فعلم ما في قلوبهم فأنزل السكينة عليهم وأثابهم فتحا قريبا |
| | | Худо аз мӯъминон, он ҳангом ки дар зери дарахт бо ту байъат карданд, хушнуд гашт ва донист, ки дар дилашон чӣ мегузарад. Пас оромиш бар онҳо нозил кард ва ба фатҳе (ғалабае) наздик мукофоташон дод. |
|
4602 | 48 | 19 | ومغانم كثيرة يأخذونها وكان الله عزيزا حكيما |
| | | ва ба ғаниматҳои бисёр, ки ба даст меоваранд. Ва Худо ғолибу ҳаким аст! |
|
4603 | 48 | 20 | وعدكم الله مغانم كثيرة تأخذونها فعجل لكم هذه وكف أيدي الناس عنكم ولتكون آية للمؤمنين ويهديكم صراطا مستقيما |
| | | Худо ба шумо ваъдаи ғаниматҳои бисёр додааст, ки ба даст меоваред ва ин ғаниматро зудтар ато кард ва шуморо аз осеби мардумон амон бахшид, то барои мӯъминон ибрате бошад ва ба роҳи рост ҳидояташон кунад. |
|
4604 | 48 | 21 | وأخرى لم تقدروا عليها قد أحاط الله بها وكان الله على كل شيء قديرا |
| | | Ва ғаниматҳои дигаре, ки ҳанӯз ба онҳо даст наёфтаед. Ҳар оина (Албатта) Худо ба он (бо илмаш) иҳота дорад ва Ӯ ба ҳар коре тавоност. |
|
4605 | 48 | 22 | ولو قاتلكم الذين كفروا لولوا الأدبار ثم لا يجدون وليا ولا نصيرا |
| | | Ва агар кофирон бо шумо ба ҷанг бархезанд, пушт гардонда бигрезанд ва дигар ҳеҷ дӯсту ёригаре намеёбанд. |
|
4606 | 48 | 23 | سنة الله التي قد خلت من قبل ولن تجد لسنة الله تبديلا |
| | | Ин суннати Худост, ки аз пеш чунин будааст ва ту дар суннати Худо дигаргунӣ 'нахоҳӣ ёфт! |
|
4607 | 48 | 24 | وهو الذي كف أيديهم عنكم وأيديكم عنهم ببطن مكة من بعد أن أظفركم عليهم وكان الله بما تعملون بصيرا |
| | | Ӯст, ки чун дар батни (мобайни) Макка бар онҳо ғолибиятатон дод, дасти онҳоро аз шумо ва дасти шуморо аз онҳо боздошт. Ва Худо ба корҳое, ки мекардед, огоҳу бино буд! |
|
4608 | 48 | 25 | هم الذين كفروا وصدوكم عن المسجد الحرام والهدي معكوفا أن يبلغ محله ولولا رجال مؤمنون ونساء مؤمنات لم تعلموهم أن تطئوهم فتصيبكم منهم معرة بغير علم ليدخل الله في رحمته من يشاء لو تزيلوا لعذبنا الذين كفروا منهم عذابا أليما |
| | | Инҳо ҳамонҳоянд, ки кофир шуданд ва шуморо аз масҷидулҳаром боздоштанд ва нагузоштанд, ки қурбонӣ ба қурбонгоҳаш бирасад. Агар мардони мусалмону занони мусалмоне, ки онҳоро намешиносед, дар миёни онҳо набуданд ва бими он набуд, ки онҳоро зери пой кунед ва нодониста гуноҳ содир кунед, Худо дасти шуморо аз онҳо бознамедошт. Ва Худо ҳар киро бихоҳад, шомили раҳмати Худ гардонад. Агар аз якдигар ҷудо мебуданд, кофиронашонро ба азобе дардовар азоб мекардем. |
|
4609 | 48 | 26 | إذ جعل الذين كفروا في قلوبهم الحمية حمية الجاهلية فأنزل الله سكينته على رسوله وعلى المؤمنين وألزمهم كلمة التقوى وكانوا أحق بها وأهلها وكان الله بكل شيء عليما |
| | | Он гоҳ ки кофирон тасмим гирифтанд, дар дили худ таъассубро, таъассуби ҷоҳилӣ, Худо низ оромиши Худро бар дили паёмбараш ва мӯъминон фурӯд овард ва ба тақво лозимашон кард, ки инҳо ба тақво сазовортару шоистатар буданд ва Худо бар ҳар чизе доност! |
|