نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
3670 | 35 | 10 | من كان يريد العزة فلله العزة جميعا إليه يصعد الكلم الطيب والعمل الصالح يرفعه والذين يمكرون السيئات لهم عذاب شديد ومكر أولئك هو يبور |
| | | Ҳар кӣ хоҳони иззат аст, бидонад, ки иззат ҳамагӣ аз они Худост. Сухани хушу пок ба сӯи Ӯ боло меравад ва кирдори нек аст, ки онро боло мебарад. Ва барои онон, ки аз рӯи макр фасодкорӣ мекунанд, азобест сахт ва макрашон низ аз миён биравад. |
|
3671 | 35 | 11 | والله خلقكم من تراب ثم من نطفة ثم جعلكم أزواجا وما تحمل من أنثى ولا تضع إلا بعلمه وما يعمر من معمر ولا ينقص من عمره إلا في كتاب إن ذلك على الله يسير |
| | | Худо шуморо аз хок ва сипас аз нутфа биёфарид. Он гоҳ ҷуфтҳои якдигаратон қарор дод. Ҳеҷ зане ҳомиладор намешавад ва намезояд магар ба илми Ӯ. Ва умри ҳар солхурдае ба дарозо кашад ва аз умри касе кам гардад, албатта ҳама дар китобе навишта шудааст. Ва ин корҳо бар Худо осон аст! |
|
3672 | 35 | 12 | وما يستوي البحران هذا عذب فرات سائغ شرابه وهذا ملح أجاج ومن كل تأكلون لحما طريا وتستخرجون حلية تلبسونها وترى الفلك فيه مواخر لتبتغوا من فضله ولعلكم تشكرون |
| | | Ин ду дарё яксон нестанд: яке обаш ширину гуворост ва яке шӯру талх. Аз ҳар ду гушти тоза мехӯред ва аз онҳо чизҳое барои ороиши тани худ берун мекашед. Ва мебинӣ киштиҳоро, ки обро мешикофанд, то шумо аз фазли Худо рӯзӣ талабед ва шояд, ки шукргузор бошед! |
|
3673 | 35 | 13 | يولج الليل في النهار ويولج النهار في الليل وسخر الشمس والقمر كل يجري لأجل مسمى ذلكم الله ربكم له الملك والذين تدعون من دونه ما يملكون من قطمير |
| | | Аз шаб кам мекунаду ба рӯз меафзояд ва аз рӯз кам мекунаду ба шаб меафзояд ва офтобу моҳро ром кард. Ҳар як то замоне муайян дар ҳаракатанд, Ин аст Худо — Парвардигори шумо. Фармонравоӣ аз они Ӯст. Чизҳоеро, ки ғайри Ӯ ба худоӣ мехонед, молики пӯсти миёни донаи хурмое ҳам нестанд. |
|
3674 | 35 | 14 | إن تدعوهم لا يسمعوا دعاءكم ولو سمعوا ما استجابوا لكم ويوم القيامة يكفرون بشرككم ولا ينبئك مثل خبير |
| | | Ва агар онҳоро бихонед, садоятонро намешунаванд ва агар бишнаванд, посухатон нагӯянд. Ва дар рӯзи қиёмат ширк оварданатонро инкор кунанд ва кас ҳамонанди Худои огоҳ хабардорат насозад! |
|
3675 | 35 | 15 | يا أيها الناس أنتم الفقراء إلى الله والله هو الغني الحميد |
| | | Эй мардум, ҳамаи шумо ба Худо мӯҳтоҷед. Ӯст беэҳтиёҷу лоиқи ситоиш. |
|
3676 | 35 | 16 | إن يشأ يذهبكم ويأت بخلق جديد |
| | | Агар бихоҳад, шуморо аз миён мебарад ва мардуме нав меоварад. |
|
3677 | 35 | 17 | وما ذلك على الله بعزيز |
| | | Ва ин кор бар Худо душвор нест. |
|
3678 | 35 | 18 | ولا تزر وازرة وزر أخرى وإن تدع مثقلة إلى حملها لا يحمل منه شيء ولو كان ذا قربى إنما تنذر الذين يخشون ربهم بالغيب وأقاموا الصلاة ومن تزكى فإنما يتزكى لنفسه وإلى الله المصير |
| | | Ҳеҷ кас бори гуноҳи дигареро бар дӯш накашад. Ва агар гаронборе касеро ба бардоштани бори худ фарёд кунад, ҳарчанд хешованди ӯ бошад, аз бардоштани он рӯй гардонад. Ту фақат касонеро метарсонӣ, ки аз Парвардигорашон нодида бимноканд ва намоз мегузоранд. Ва ҳар кӣ пок шавад, барои худ пок шуда. Ва бозгашти ҳама ба сӯӣ Худост! |
|
3679 | 35 | 19 | وما يستوي الأعمى والبصير |
| | | Нобинову бино баробар нестанд |
|