نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
2872 | 25 | 17 | ويوم يحشرهم وما يعبدون من دون الله فيقول أأنتم أضللتم عبادي هؤلاء أم هم ضلوا السبيل |
| | | Рӯзе, ки ононро бо чизҳое, ки ғайри Худои якто мепарастиданд, ба машҳар ҷамъ овард ва сипас пурсад: «Оё шумо ин бандагони Маро гумроҳ мекардед, ё онҳо худ роҳро гум карда буданд?» |
|
2873 | 25 | 18 | قالوا سبحانك ما كان ينبغي لنا أن نتخذ من دونك من أولياء ولكن متعتهم وآباءهم حتى نسوا الذكر وكانوا قوما بورا |
| | | Гӯянд: «Покӣ Ту! Моро сазовор набудааст, ки ҷуз ту касеро ба ёрӣ гирем. Ту худ онҳо ва падаронашонро бархурдор сохтӣ, чунон ки ёди Туро фаромӯш карданд ва мардуме шуданд ба ҳалокат афтода. |
|
2874 | 25 | 19 | فقد كذبوكم بما تقولون فما تستطيعون صرفا ولا نصرا ومن يظلم منكم نذقه عذابا كبيرا |
| | | Инҳо он чиро мегуфтед, дурӯғ хонданд ва акнун натавонед азоберо аз худ дур созед ё худро ёрӣ диҳед. Ва ҳар кас аз шумо, ки ситам кунад, азобе бузургаш мечашонем. |
|
2875 | 25 | 20 | وما أرسلنا قبلك من المرسلين إلا إنهم ليأكلون الطعام ويمشون في الأسواق وجعلنا بعضكم لبعض فتنة أتصبرون وكان ربك بصيرا |
| | | Пеш аз ту паёмбароне фиристодаем, ки таъом мехӯрданд ва дар бозорҳо роҳ мерафтанд. Ва шуморо василаи озмоиши якдигар қарор додем. Оё сабр тавонед кард? Ва Парвардигори ту биност. |
|
2876 | 25 | 21 | وقال الذين لا يرجون لقاءنا لولا أنزل علينا الملائكة أو نرى ربنا لقد استكبروا في أنفسهم وعتوا عتوا كبيرا |
| | | Касоне, ки ба дидори Мо умед надоранд, гуфтанд: «Чаро фариштагон бар мо намефароянд? Ё чаро Парвардигори худро намебинем?» Ба ростӣ, ки худро бузург шумурданд ва саркашӣ карданд, саркашие бузург. |
|
2877 | 25 | 22 | يوم يرون الملائكة لا بشرى يومئذ للمجرمين ويقولون حجرا محجورا |
| | | Рӯзе, ки фариштагонро бубинанд, дар он рӯз гунаҳкоронро ҳеҷ хушхабаре надиҳанд ва ба инҳо гӯянд: «Хушхабар бар шумо ҳаром аст!» |
|
2878 | 25 | 23 | وقدمنا إلى ما عملوا من عمل فجعلناه هباء منثورا |
| | | З Ва ба аъмоле, ки кардаанд, қасд кунем ва ҳамаро чун зарроти хок барбод диҳем. |
|
2879 | 25 | 24 | أصحاب الجنة يومئذ خير مستقرا وأحسن مقيلا |
| | | Аҳли биҳишт дар ин рӯз дар беҳтарин ҷойгоҳ ва беҳтарин макон барои оромиш ҳастанд, |
|
2880 | 25 | 25 | ويوم تشقق السماء بالغمام ونزل الملائكة تنزيلا |
| | | Рӯзе, ки осмон бо абрҳо мешикофад ва фариштагон бар замин поён фиристода шаванд, |
|
2881 | 25 | 26 | الملك يومئذ الحق للرحمن وكان يوما على الكافرين عسيرا |
| | | фармонравоӣ дар он рӯз, ба ростӣ, аз они Худои раҳмон аст. Ва барои кофирон рӯзе душвор хоҳад буд. |
|