نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
162 | 2 | 155 | ولنبلونكم بشيء من الخوف والجوع ونقص من الأموال والأنفس والثمرات وبشر الصابرين |
| | | Албатта, шуморо ба андаке тарс ва гуруснагиву бенавоӣ ва бемориву нуқсон дар зироот меозмоем. Ва сабркунандагонро хушхабар деҳ. |
|
163 | 2 | 156 | الذين إذا أصابتهم مصيبة قالوا إنا لله وإنا إليه راجعون |
| | | Касоне, ки чун мусибате ба онҳо расид, гуфтанд: «Мо аз они Худо ҳастем ва ба назди Ӯ бозмегардем». |
|
164 | 2 | 157 | أولئك عليهم صلوات من ربهم ورحمة وأولئك هم المهتدون |
| | | Салавот ва раҳмати Парвардигорашон бар онон бод, ки ҳидоятёфтагонанд. |
|
165 | 2 | 158 | إن الصفا والمروة من شعائر الله فمن حج البيت أو اعتمر فلا جناح عليه أن يطوف بهما ومن تطوع خيرا فإن الله شاكر عليم |
| | | Сафо ва Марва аз шиорҳои Худост. Пас касоне, ки ҳаҷи хонаро ба ҷой меоваранд ё умра мегузоранд, агар бар он ду кӯҳ тавоф кунанд, сазовори гуноҳе нашудаанд. Пас ҳар кӣ кори некеро ба рағбат анҷом диҳад, бидонад, ки Худо шукргузорандае доност! |
|
166 | 2 | 159 | إن الذين يكتمون ما أنزلنا من البينات والهدى من بعد ما بيناه للناس في الكتاب أولئك يلعنهم الله ويلعنهم اللاعنون |
| | | Касонеро, ки далелҳои равшан ва ҳидояткунандаи моро пас аз он ки дар китоб барои мардум баёнашон кардаем, пинҳон мекунанд, ҳам Худо лаънат мекунад ва ҳам дигар лаънаткунандагон. |
|
167 | 2 | 160 | إلا الذين تابوا وأصلحوا وبينوا فأولئك أتوب عليهم وأنا التواب الرحيم |
| | | Лекин онҳо, ки тавба карданд ва ба салоҳ омаданд ва он чӣ пинҳон дошта буданд, ошкор сохтанд, тавбаашонро мепазирам ва ман тавбапазир ва меҳрубонам! |
|
168 | 2 | 161 | إن الذين كفروا وماتوا وهم كفار أولئك عليهم لعنة الله والملائكة والناس أجمعين |
| | | Бар онон, ки кофир буданд ва дар кофирӣ мурданд, лаънати Худо ва фариштагону ҳамаи мардум бод! |
|
169 | 2 | 162 | خالدين فيها لا يخفف عنهم العذاب ولا هم ينظرون |
| | | Ҷовидона дар лаънатанд ва дар азобашон сабукӣ дода нашавад ва лаҳзае мӯҳлаташон надиҳанд. |
|
170 | 2 | 163 | وإلهكم إله واحد لا إله إلا هو الرحمن الرحيم |
| | | Худои шумо Худоест якто. Худое ғайри Ӯ нест бахшоянда ва меҳрубон! |
|
171 | 2 | 164 | إن في خلق السماوات والأرض واختلاف الليل والنهار والفلك التي تجري في البحر بما ينفع الناس وما أنزل الله من السماء من ماء فأحيا به الأرض بعد موتها وبث فيها من كل دابة وتصريف الرياح والسحاب المسخر بين السماء والأرض لآيات لقوم يعقلون |
| | | Дар офариниши осмонҳову замин ва дар омадушуди шабу рӯз ва дар киштиҳое, ки дар дарё мераванд ва сабаби нафъи мардуманд ва дар бороне, ки Худо аз осмон фурӯ мефиристад то замини мурдаро ба он зинда созад ва ҷунбандагонро дар он пароканда кунад ва дар ҳаракати бодҳо ва абрҳои ромшуда миёни замину осмон, барои хирадмандоне, ки дармеёбанд, нишонаҳост! |
|