نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
1389 | 10 | 25 | والله يدعو إلى دار السلام ويهدي من يشاء إلى صراط مستقيم |
| | | Худованд ба сарои саломат даъват мекунад ва ҳар киро бихоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад! |
|
1390 | 10 | 26 | للذين أحسنوا الحسنى وزيادة ولا يرهق وجوههم قتر ولا ذلة أولئك أصحاب الجنة هم فيها خالدون |
| | | Музди онон, ки некӣ мекунанд, некист ва чизе афзун бар он. На сияхрӯй шаванду на хор. Инҳо аҳли биҳиштанд ва дар он ҷовидонанд. |
|
1391 | 10 | 27 | والذين كسبوا السيئات جزاء سيئة بمثلها وترهقهم ذلة ما لهم من الله من عاصم كأنما أغشيت وجوههم قطعا من الليل مظلما أولئك أصحاب النار هم فيها خالدون |
| | | Ва барои онон, ки муртакиби бадиҳо шаванд, музди ҳар бадӣ монанди он аст ва хори бар онҳо ғолиб мешавад. Касе онҳоро аз хашми Худо нигаҳ намедорад, чунон шаванд, ки гӯё сураташон дар порае аз шаби торик пушида шуда аст. Инҳо аҳли ҷаҳанаманд ва ҷовидона дар он ҳастанд. |
|
1392 | 10 | 28 | ويوم نحشرهم جميعا ثم نقول للذين أشركوا مكانكم أنتم وشركاؤكم فزيلنا بينهم وقال شركاؤهم ما كنتم إيانا تعبدون |
| | | Ва рӯзе ҳамаи онҳоро дар маҳшар гирд оварем. Сипас мушриконро гӯем: «Шумо ва бутҳоятон дар макони худ қарор гиред!» Сипас онҳоро аз якдигар ҷудо мекунем ва бутҳояшон мегӯянд: «Шумо ҳаргиз моро намепарастидаед». |
|
1393 | 10 | 29 | فكفى بالله شهيدا بيننا وبينكم إن كنا عن عبادتكم لغافلين |
| | | Худо ба гувоҳӣ миёни мову шумо кофист, ки мо аз парастиши шумо ҳаргиз огоҳ набудаем. |
|
1394 | 10 | 30 | هنالك تبلو كل نفس ما أسلفت وردوا إلى الله مولاهم الحق وضل عنهم ما كانوا يفترون |
| | | Дар он ҷо ҳар кас ҳарчӣ кардааст, ҷазоашро хоҳад дид ва ҳамаро ба сӯи Худо — мавлои ҳақиқиашон бозмегардонанд ва ҳамаи он бутон, ки ба ботил мепарастиданд, нобуд мешаванд. |
|
1395 | 10 | 31 | قل من يرزقكم من السماء والأرض أمن يملك السمع والأبصار ومن يخرج الحي من الميت ويخرج الميت من الحي ومن يدبر الأمر فسيقولون الله فقل أفلا تتقون |
| | | Бигӯ: «Чӣ касе аз осмону замин ба шумо рӯзӣ медиҳад? Кист, ки шунавоиву биноӣ мебахшад? Зиндаро аз мурда падид меорад ва мурдаро аз зинда ва корхоро ба сомон меоварад?» Хоҳанд гуфт: «Оллоҳ». Бигӯ: «Оё намотарсед?». |
|
1396 | 10 | 32 | فذلكم الله ربكم الحق فماذا بعد الحق إلا الضلال فأنى تصرفون |
| | | Он Оллоҳ — Парвардигори хақиқии шумост, баъд аз ҳақиқат ҷуз гумроҳӣ чист? Пас ба куҷо рӯй меоваред? |
|
1397 | 10 | 33 | كذلك حقت كلمت ربك على الذين فسقوا أنهم لا يؤمنون |
| | | Пас сухани Парвардигори ту дар бораи исёнгарон, ки гуфт: «Инҳо имон намеоваранд», ба ҳақиқат пайваст! |
|
1398 | 10 | 34 | قل هل من شركائكم من يبدأ الخلق ثم يعيده قل الله يبدأ الخلق ثم يعيده فأنى تؤفكون |
| | | Бигӯ: «Оё аз ин бутони шумо касе ҳаст, ки чизеро биёфаринад ва боз зинда кунад?» Бигӯ: «Худои якто махлуқотро меофаринад ва боз зинда мекунад. Пас чӣ гуна аз ҳақ бероҳатон мекунанд?» |
|