نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
4603 | 48 | 20 | وعدكم الله مغانم كثيرة تأخذونها فعجل لكم هذه وكف أيدي الناس عنكم ولتكون آية للمؤمنين ويهديكم صراطا مستقيما |
| | | Худо ба шумо ваъдаи ғаниматҳои бисёр додааст, ки ба даст меоваред ва ин ғаниматро зудтар ато кард ва шуморо аз осеби мардумон амон бахшид, то барои мӯъминон ибрате бошад ва ба роҳи рост ҳидояташон кунад. |
|
4604 | 48 | 21 | وأخرى لم تقدروا عليها قد أحاط الله بها وكان الله على كل شيء قديرا |
| | | Ва ғаниматҳои дигаре, ки ҳанӯз ба онҳо даст наёфтаед. Ҳар оина (Албатта) Худо ба он (бо илмаш) иҳота дорад ва Ӯ ба ҳар коре тавоност. |
|
4605 | 48 | 22 | ولو قاتلكم الذين كفروا لولوا الأدبار ثم لا يجدون وليا ولا نصيرا |
| | | Ва агар кофирон бо шумо ба ҷанг бархезанд, пушт гардонда бигрезанд ва дигар ҳеҷ дӯсту ёригаре намеёбанд. |
|
4606 | 48 | 23 | سنة الله التي قد خلت من قبل ولن تجد لسنة الله تبديلا |
| | | Ин суннати Худост, ки аз пеш чунин будааст ва ту дар суннати Худо дигаргунӣ 'нахоҳӣ ёфт! |
|
4607 | 48 | 24 | وهو الذي كف أيديهم عنكم وأيديكم عنهم ببطن مكة من بعد أن أظفركم عليهم وكان الله بما تعملون بصيرا |
| | | Ӯст, ки чун дар батни (мобайни) Макка бар онҳо ғолибиятатон дод, дасти онҳоро аз шумо ва дасти шуморо аз онҳо боздошт. Ва Худо ба корҳое, ки мекардед, огоҳу бино буд! |
|
4608 | 48 | 25 | هم الذين كفروا وصدوكم عن المسجد الحرام والهدي معكوفا أن يبلغ محله ولولا رجال مؤمنون ونساء مؤمنات لم تعلموهم أن تطئوهم فتصيبكم منهم معرة بغير علم ليدخل الله في رحمته من يشاء لو تزيلوا لعذبنا الذين كفروا منهم عذابا أليما |
| | | Инҳо ҳамонҳоянд, ки кофир шуданд ва шуморо аз масҷидулҳаром боздоштанд ва нагузоштанд, ки қурбонӣ ба қурбонгоҳаш бирасад. Агар мардони мусалмону занони мусалмоне, ки онҳоро намешиносед, дар миёни онҳо набуданд ва бими он набуд, ки онҳоро зери пой кунед ва нодониста гуноҳ содир кунед, Худо дасти шуморо аз онҳо бознамедошт. Ва Худо ҳар киро бихоҳад, шомили раҳмати Худ гардонад. Агар аз якдигар ҷудо мебуданд, кофиронашонро ба азобе дардовар азоб мекардем. |
|
4609 | 48 | 26 | إذ جعل الذين كفروا في قلوبهم الحمية حمية الجاهلية فأنزل الله سكينته على رسوله وعلى المؤمنين وألزمهم كلمة التقوى وكانوا أحق بها وأهلها وكان الله بكل شيء عليما |
| | | Он гоҳ ки кофирон тасмим гирифтанд, дар дили худ таъассубро, таъассуби ҷоҳилӣ, Худо низ оромиши Худро бар дили паёмбараш ва мӯъминон фурӯд овард ва ба тақво лозимашон кард, ки инҳо ба тақво сазовортару шоистатар буданд ва Худо бар ҳар чизе доност! |
|
4610 | 48 | 27 | لقد صدق الله رسوله الرؤيا بالحق لتدخلن المسجد الحرام إن شاء الله آمنين محلقين رءوسكم ومقصرين لا تخافون فعلم ما لم تعلموا فجعل من دون ذلك فتحا قريبا |
| | | Худо хоби паёмбарашро рост баровард, ки гуфта буд: «Агар Худо бихоҳад, эмин гурӯҳе сартарошида ва гурӯҳе мӯй кӯтоҳ карда бе ҳеҷ тарс ба масҷидулҳаром дохил мешавед. Ӯ чизҳое медонист, ки шумо намедонистед. Ва ҷуз он дар ҳамин наздикӣ фатҳе насиби шумо карда буд. |
|
4611 | 48 | 28 | هو الذي أرسل رسوله بالهدى ودين الحق ليظهره على الدين كله وكفى بالله شهيدا |
| | | Ӯст, ки паёмбарашро ба ҳидоят ва дини ҳақ фиристод, то он динро бар ҳамаи динҳо ғолиб гардонад. Ва Худо барои шоҳидӣ дидан кофист! |
|
4612 | 48 | 29 | محمد رسول الله والذين معه أشداء على الكفار رحماء بينهم تراهم ركعا سجدا يبتغون فضلا من الله ورضوانا سيماهم في وجوههم من أثر السجود ذلك مثلهم في التوراة ومثلهم في الإنجيل كزرع أخرج شطأه فآزره فاستغلظ فاستوى على سوقه يعجب الزراع ليغيظ بهم الكفار وعد الله الذين آمنوا وعملوا الصالحات منهم مغفرة وأجرا عظيما |
| | | Муҳаммад — паёмбари Худо ва касоне, ки бо ӯ ҳастанд, бар кофирон сахтгиранд ва бо якдигар меҳрубон. Ононро бинӣ, ки руқӯъ мекунанд, ба саҷда меоянд ва талабкунандаи фазлу хушнудии Худо ҳастанд. Нишонашон асари саҷдаест, ки бар чеҳраи онҳост. Ин аст васфашон дар Таврот ва дар Инҷил, мисли зироате ҳастанд, ки гиёҳ барорад ва он ҷавона маҳкам шавад ва бар поҳои худ биистад ва деҳқононро ба ҳайрат водорад, то он ҷо ки кофиронро ба хашм оварад. Худо аз миёни онҳо касонеро, ки имон овардаанд, ва корҳои шоиста кардаанд, бахшоиш ва мукофоте бузург ваъда додааст! |
|