نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
4123 | 39 | 65 | ولقد أوحي إليك وإلى الذين من قبلك لئن أشركت ليحبطن عملك ولتكونن من الخاسرين |
| | | Ба ту ва паёмбарони пеш аз ту ваҳй шудааст, ки агар ширк биёваред, амалҳоятон ночиз гардад ва худ аз зиёнкунандагон хоҳед буд. |
|
4124 | 39 | 66 | بل الله فاعبد وكن من الشاكرين |
| | | Балки Худоро бипараст ва шукргузори Ӯ бош! |
|
4125 | 39 | 67 | وما قدروا الله حق قدره والأرض جميعا قبضته يوم القيامة والسماوات مطويات بيمينه سبحانه وتعالى عما يشركون |
| | | Худоро нашинохтанд, ончунон ки лоиқи шинохти Ӯст. Ва дар рӯзи қиёмат замин якҷо дар қабзаи Ӯст ва осмонҳо дар ҳам печида дар яди қудрати Ӯ. Пок аст ва бартар аз ҳар чӣ шарики Ӯ мепиндоранд. |
|
4126 | 39 | 68 | ونفخ في الصور فصعق من في السماوات ومن في الأرض إلا من شاء الله ثم نفخ فيه أخرى فإذا هم قيام ينظرون |
| | | Ва дар сӯр дамида шавад. Пас ҳар кӣ дар осмонҳо ва ҳар кӣ дар замин аст, — ғайри онҳо, ки Ӯ бихоҳад, — беҳуш мешаванд. Ва бори дигар дар он дамида шавад, ногаҳон аз ҷой бармехезанд ва менигаранд. |
|
4127 | 39 | 69 | وأشرقت الأرض بنور ربها ووضع الكتاب وجيء بالنبيين والشهداء وقضي بينهم بالحق وهم لا يظلمون |
| | | Ва замин ба нури Парвардигораш равшан шавад ва номаҳои аъмолро биниҳанд ва паёмбарону гувоҳонро биёваранд ва дар миёни мардум ба ҳақ довари шавад ва бар касе ситаме наравад. |
|
4128 | 39 | 70 | ووفيت كل نفس ما عملت وهو أعلم بما يفعلون |
| | | Ҷазои ҳар кас баробари кирдораш ба тамомӣ адо шавад, дар ҳоле ки Худо ба корҳое, ки мекардаанд, огоҳтар аст. |
|
4129 | 39 | 71 | وسيق الذين كفروا إلى جهنم زمرا حتى إذا جاءوها فتحت أبوابها وقال لهم خزنتها ألم يأتكم رسل منكم يتلون عليكم آيات ربكم وينذرونكم لقاء يومكم هذا قالوا بلى ولكن حقت كلمة العذاب على الكافرين |
| | | Ва кофиронро гурӯҳ-гурӯҳ ба ҷаҳаннам биронанд. Чун ба ҷаҳаннам расанд, дарҳояш кушода шавад ва нигаҳбонони оташ гӯянд: «Оё паёмбароне аз худи шумо бар шумо фиристода нашудаанд, то оёти Парвардигоратонро бароятон бихонанд ва шуморо аз дидор бо чунин рӯзе битарсонанд?» Мегӯянд: «Бале». Вале бар кофирон азоб ҳатмӣ шуда буд. |
|
4130 | 39 | 72 | قيل ادخلوا أبواب جهنم خالدين فيها فبئس مثوى المتكبرين |
| | | Гуфта шавад: «Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, ҳамеша дар он ҷо хоҳед буд». Ҷойгоҳи саркашон чӣ бад ҷойгоҳест! |
|
4131 | 39 | 73 | وسيق الذين اتقوا ربهم إلى الجنة زمرا حتى إذا جاءوها وفتحت أبوابها وقال لهم خزنتها سلام عليكم طبتم فادخلوها خالدين |
| | | Ва ононро, ки аз Парвардигорашон тарсидаанд, гурӯҳ-гурӯҳ ба биҳишт мебаранд. Чун ба биҳишт бирасанд, дарҳояш кушода шавад. Ва дарбонҳои бихишт гӯяндашон: «Салом бар шумо, биҳиштатон хуш бод, ба дарун биёед, ҳамеша дар ин ҷо хоҳед буд!» |
|
4132 | 39 | 74 | وقالوا الحمد لله الذي صدقنا وعده وأورثنا الأرض نتبوأ من الجنة حيث نشاء فنعم أجر العاملين |
| | | Мегӯянд: «Шукр Худоеро, ки ҳар ваъда, ки ба мо дод, рост буд. Он заминро ба мерос ба мо дод. Ва акнун дар ҳар ҷои биҳишт, ки бихоҳем, макон мегирем». Амалкунандагонро чӣ музди некӯест! |
|