نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
3546 | 33 | 13 | وإذ قالت طائفة منهم يا أهل يثرب لا مقام لكم فارجعوا ويستأذن فريق منهم النبي يقولون إن بيوتنا عورة وما هي بعورة إن يريدون إلا فرارا |
| | | Ва гурӯҳе аз онҳо гуфтанд: «Эй мардуми Ясриб, ин ҷо ҷои монданатон нест. Бозгардед». Ва гурӯҳе аз онҳо аз паёмбар рухсат талабиданд. Мегуфтанд: «Хонаҳои моро ҳифзкунандае нест». Хонаҳояшон беҳифзкунанда набуд, мехостанд бигурезанд. |
|
3547 | 33 | 14 | ولو دخلت عليهم من أقطارها ثم سئلوا الفتنة لآتوها وما تلبثوا بها إلا يسيرا |
| | | Ва агар аз атроф хонаҳояшонро муҳосира кунанд ва аз онҳо бихоханд, ки кофир шаванд, кофир хоҳанд шуд ва андаке ҳам мӯҳлат раво нахоҳанд гузаронд. |
|
3548 | 33 | 15 | ولقد كانوا عاهدوا الله من قبل لا يولون الأدبار وكان عهد الله مسئولا |
| | | Инҳо пеш аз ин бо Худо паймон баста буданд, ки дар ҷанг ба душман пушт накунанд. Худо аз паймони худ бозхост хоҳад кард. |
|
3549 | 33 | 16 | قل لن ينفعكم الفرار إن فررتم من الموت أو القتل وإذا لا تمتعون إلا قليلا |
| | | Бигӯ: «Агар аз марг ё кушта шудан бигурегед, ҳаргиз гурехтан нафъатон надиҳад. Ва он гоҳ аз зиндагӣ ғайри андаке баҳраманд нахоҳед шуд». |
|
3550 | 33 | 17 | قل من ذا الذي يعصمكم من الله إن أراد بكم سوءا أو أراد بكم رحمة ولا يجدون لهم من دون الله وليا ولا نصيرا |
| | | Бигӯ: «Агар Худо бароятон қасди баде дошта бошад ё бихоҳад ба шумо раҳмате арзонӣ дорад, кист, ки шуморо аз иродаи Ӯ нигаҳ дорад?» Онҳо ғайри Худо барои худ дӯсту мададкоре нахоҳанд ёфт. |
|
3551 | 33 | 18 | قد يعلم الله المعوقين منكم والقائلين لإخوانهم هلم إلينا ولا يأتون البأس إلا قليلا |
| | | Худо медонад чӣ касоне аз шумо мардумро аз ҷанг бозмедоранд. 'Ва низ мешиносад касоноро, ки ба бародарони худ мегӯянд: «Ба назди мо биёед». Ва ғайри андаке ба ҷанг намеоянд. |
|
3552 | 33 | 19 | أشحة عليكم فإذا جاء الخوف رأيتهم ينظرون إليك تدور أعينهم كالذي يغشى عليه من الموت فإذا ذهب الخوف سلقوكم بألسنة حداد أشحة على الخير أولئك لم يؤمنوا فأحبط الله أعمالهم وكان ذلك على الله يسيرا |
| | | Ҳар чизеро аз шумо дареғ медоранд ва ҷуи тарсу хафв ояд, бинӣ, ки ба ту менигаранд ва чашмонашон (аз тарси и марг) давр мезанад мисли касе, ки аз марг беҳуш туда бошад, Ва чун ваҳшат аз миён биревад, аз ҳирси ғаниматҳо бо забони тези худ биранҷонадатон. Инҳо имон наёвардаанд. Ва Худо амалҳояшонро нобуд кардааст ва ин кор бар Худо осон будааст. |
|
3553 | 33 | 20 | يحسبون الأحزاب لم يذهبوا وإن يأت الأحزاب يودوا لو أنهم بادون في الأعراب يسألون عن أنبائكم ولو كانوا فيكم ما قاتلوا إلا قليلا |
| | | Мепиндоранд, ки лашкари кофирон нарафтааст. Ва агар он лашкарҳо бозмеомаданд, орзу мекарданд, ки кош дар миёни аъроби бодиянишин мебуданд ва ҳамеша аз ахбори шумо мепурсиданд. Агар ҳам дар миёни шумо мебуданд, ғайри андаке ҷанг намекарданд. |
|
3554 | 33 | 21 | لقد كان لكم في رسول الله أسوة حسنة لمن كان يرجو الله واليوم الآخر وذكر الله كثيرا |
| | | Барои шумо агар ба Худо ва рӯзи қиёмат умед медоред ва Худоро фаровон ёд мекунед, дар симои расулуллоҳ муқтадои (пешвои) писандидаест, мебинед. |
|
3555 | 33 | 22 | ولما رأى المؤمنون الأحزاب قالوا هذا ما وعدنا الله ورسوله وصدق الله ورسوله وما زادهم إلا إيمانا وتسليما |
| | | Ва чун мӯъминон он гурӯҳҳоро диданд, гуфтанд: Ин ҳамон чизест, ки Худо ва паёмбараш ба мо ваъда додаанд ва Худову паёмбараш рост гуфтаанд». Ва имон ва таслимашон зоид шуд. |
|