نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
3446 | 30 | 37 | أولم يروا أن الله يبسط الرزق لمن يشاء ويقدر إن في ذلك لآيات لقوم يؤمنون |
| | | Оё намебинанд, ки Худо рӯзии ҳар касро, ки бихоҳад, фаровон мекунад ё ӯро тангрӯзӣ месозад? Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки имон меоваранд! |
|
3447 | 30 | 38 | فآت ذا القربى حقه والمسكين وابن السبيل ذلك خير للذين يريدون وجه الله وأولئك هم المفلحون |
| | | Ҳаққи хешовандону мискин ва дар роҳ мондаро адо кун. Ин беҳтар аст барои касоне, ки хушнудии Худоро меҷӯянд ва онҳо наҷотёфтагонанд. |
|
3448 | 30 | 39 | وما آتيتم من ربا ليربو في أموال الناس فلا يربو عند الله وما آتيتم من زكاة تريدون وجه الله فأولئك هم المضعفون |
| | | Моле, ки ба рибо медиҳед, то дар амволи мардум афзун шавад, назди Худо ҳеҷ афзун намешавад ва моле, ки барои хушнудии Худо аз бобати закот медиҳед, зиёд шавад, касоне ки чунин кунанд, мукофоти музоъаф (дучанд) доранд. |
|
3449 | 30 | 40 | الله الذي خلقكم ثم رزقكم ثم يميتكم ثم يحييكم هل من شركائكم من يفعل من ذلكم من شيء سبحانه وتعالى عما يشركون |
| | | Худост, он ки шуморо биёфарид, сипас рӯзӣ дод, сипас мемиронад, сипас зинда мекунад. Оё касоне, ки шарики Худо месозед, ҳеҷ аз ин корҳо тавонанд? Пок аст Ӯ ва аз ҳар чӣ барояш шарик меоваранд, бартар (болотар) аст. |
|
3450 | 30 | 41 | ظهر الفساد في البر والبحر بما كسبت أيدي الناس ليذيقهم بعض الذي عملوا لعلهم يرجعون |
| | | Ба сабаби амалҳои мардум фасод дар хушкиву дарё ошкор шуд, то ба онон ҷазои баъзе аз корҳояшонро бичашонад; шояд, ки бозгарданд. |
|
3451 | 30 | 42 | قل سيروا في الأرض فانظروا كيف كان عاقبة الذين من قبل كان أكثرهم مشركين |
| | | Бигӯ: «Дар замин бигардед ва бингаред, ки оқибати пешиниён ки бештаринашон аз мушрикон буданд, чӣ гуна будааст». |
|
3452 | 30 | 43 | فأقم وجهك للدين القيم من قبل أن يأتي يوم لا مرد له من الله يومئذ يصدعون |
| | | Ба дини поки пойдор рӯй биёвар, пеш аз он ки рӯзе фаро расад, ки аз амри Худо бозгаштанаш набошад. Дар он рӯз мардум ду гурӯҳ шаванд: |
|
3453 | 30 | 44 | من كفر فعليه كفره ومن عمل صالحا فلأنفسهم يمهدون |
| | | касоне, ки кофир бошанд, куфрашон ба зиёнашон бошад ва онҳо, ки коре шоиста карда бошанд, барои худ подоше (мукофоти) некӯ омода кардаанд, |
|
3454 | 30 | 45 | ليجزي الذين آمنوا وعملوا الصالحات من فضله إنه لا يحب الكافرين |
| | | то касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, аз фазли худ музд диҳад. Зеро Худо кофиронро дӯст надорад! |
|
3455 | 30 | 46 | ومن آياته أن يرسل الرياح مبشرات وليذيقكم من رحمته ولتجري الفلك بأمره ولتبتغوا من فضله ولعلكم تشكرون |
| | | Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ он, ки бодҳои муждадиҳандаро мефиристад, то раҳмати Худро ба шумо бичашонад ва то киштиҳо ба фармони Ӯ равон бошанд ва аз фазли Ӯ рӯзӣ биҷӯед. Шояд, ки шукр гӯед! |
|