نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
194 | 2 | 187 | أحل لكم ليلة الصيام الرفث إلى نسائكم هن لباس لكم وأنتم لباس لهن علم الله أنكم كنتم تختانون أنفسكم فتاب عليكم وعفا عنكم فالآن باشروهن وابتغوا ما كتب الله لكم وكلوا واشربوا حتى يتبين لكم الخيط الأبيض من الخيط الأسود من الفجر ثم أتموا الصيام إلى الليل ولا تباشروهن وأنتم عاكفون في المساجد تلك حدود الله فلا تقربوها كذلك يبين الله آياته للناس لعلهم يتقون |
| | | Ҳамбистарӣ бо занонатон дар шаби моҳи рӯза бар шумо ҳалол шуд. Онҳо пӯшиши шумоянд ва шумо пӯшиши онҳоед. Худо медонист, ки шумо бо хештан хиёнат меварзед, пас тавбаи шуморо пазируфт ва шуморо афв кард. Акнун бо онҳо ҳамбистар шавед ва он чиро ки Худо бар шумо муқаррар гардонидааст, талаб кунед ва бихӯреду биёшомед то риштаи равшани субҳдам дар торикии шаб ошкор шавад. Ва рӯзаро ба шаб бирасонед. Ва чун дар масҷид чилланишинӣ кунед, бо занон ҳамбистар нашавед. Инҳо ҳудуди фармони Худост, ба он наздик машавед. Худо оёти худро инчунин баён мекунад, бошад, ки ба парҳезгорӣ бирасанд! |
|
195 | 2 | 188 | ولا تأكلوا أموالكم بينكم بالباطل وتدلوا بها إلى الحكام لتأكلوا فريقا من أموال الناس بالإثم وأنتم تعلمون |
| | | Молҳои, якдигарро ба ношоист махӯред ва онро ба ришват ба ҳакимон мадиҳед то бад-он сабаб молҳои гурӯҳе дигарро ба ноҳақ бихӯред. Ва шумо худ медонед. |
|
196 | 2 | 189 | يسألونك عن الأهلة قل هي مواقيت للناس والحج وليس البر بأن تأتوا البيوت من ظهورها ولكن البر من اتقى وأتوا البيوت من أبوابها واتقوا الله لعلكم تفلحون |
| | | Аз ту дар бораи ҳилолҳои моҳ мепурсанд, бигӯ: «Барои он аст, мардум вақти корҳои хеш ва замони ҳаҷро бишиносанд». Ва писандида нест, ки аз пушти хонаҳо ба онҳо дохил шавед, вале писандида роҳи касонест, ки Худо тарсӣ кунанд ва аз дарҳо ба хонаҳо дароед ва аз Худо битарсед то наҷот ёбед! |
|
197 | 2 | 190 | وقاتلوا في سبيل الله الذين يقاتلونكم ولا تعتدوا إن الله لا يحب المعتدين |
| | | Бо касоне, ки бо шумо ҷанг мекунанд, дар роҳи Худо биҷангед ва аз ҳад нагузаред. Зеро Худо аз ҳад гузарандагонро дӯст надорад! |
|
198 | 2 | 191 | واقتلوهم حيث ثقفتموهم وأخرجوهم من حيث أخرجوكم والفتنة أشد من القتل ولا تقاتلوهم عند المسجد الحرام حتى يقاتلوكم فيه فإن قاتلوكم فاقتلوهم كذلك جزاء الكافرين |
| | | Ҳар ҷо, ки онҳоро биёбед, бикушед ва аз он ҷо, ки шуморо рондаанд, биронедашон, ки фитна аз қатл бадтар аст. Ва дар Масҷидулҳаром бо онҳо наҷангед, магар он ки бо шумо биҷанганд. Ва чун бо шумо ҷангиданд, бикушедашон, ки ин аст ҷазои кофирон! |
|
199 | 2 | 192 | فإن انتهوا فإن الله غفور رحيم |
| | | Ва агар бозистоданд, Худо омурзанда ва меҳрубон аст! |
|
200 | 2 | 193 | وقاتلوهم حتى لا تكون فتنة ويكون الدين لله فإن انتهوا فلا عدوان إلا على الظالمين |
| | | Бо онҳо биҷангед то дигар фитнае набошад ва дин танҳо дини Худо шавад. Вале агар аз дини хеш даст бардоштанд, таҷовуз ҷуз бар ситамкорон раво нест! |
|
201 | 2 | 194 | الشهر الحرام بالشهر الحرام والحرمات قصاص فمن اعتدى عليكم فاعتدوا عليه بمثل ما اعتدى عليكم واتقوا الله واعلموا أن الله مع المتقين |
| | | Ин моҳи ҳаром дар муқобили он моҳи ҳаром ва шикастан моҳҳои ҳаромро қасос аст. Пас ҳар кас бар шумо дастдарозӣ кунад, ба ҳамон андоза бар ӯ дастдарозӣ кунед ва аз Худо битарсед ва бидонед, ки Ӯ бо парҳезгорон аст! |
|
202 | 2 | 195 | وأنفقوا في سبيل الله ولا تلقوا بأيديكم إلى التهلكة وأحسنوا إن الله يحب المحسنين |
| | | Дар роҳи Худо харҷ кунед ва худатонро ба дасти хеш ба ҳалокат маяндозед ва некӣ кунед, ки Худо некӯкоронро дӯст дорад. |
|
203 | 2 | 196 | وأتموا الحج والعمرة لله فإن أحصرتم فما استيسر من الهدي ولا تحلقوا رءوسكم حتى يبلغ الهدي محله فمن كان منكم مريضا أو به أذى من رأسه ففدية من صيام أو صدقة أو نسك فإذا أمنتم فمن تمتع بالعمرة إلى الحج فما استيسر من الهدي فمن لم يجد فصيام ثلاثة أيام في الحج وسبعة إذا رجعتم تلك عشرة كاملة ذلك لمن لم يكن أهله حاضري المسجد الحرام واتقوا الله واعلموا أن الله شديد العقاب |
| | | Ҳаҷ ва умраро барои Худо комил ба ҷой оред. Ва агар шуморо аз ҳаҷ боздоштанд, он қадар, ки муяссар аст, қурбонӣ кунед ва сар матарошед то қурбонии шумо ба қурбонгоҳаш бирасад. Агар яке аз шумо бемор ё дар сараш озоре бувад, ба унвони фидя рӯза бидорад ё садақа диҳад, ё қурбонӣ кунад. Ва чун эмин шавад, ҳар ки аз умраи таматтӯъ ба ҳаҷ бозояд, он қадар ки ӯро муяссар аст, қурбонӣ кунад. Ва ҳар киро қурбонӣ муяссар нашуд, се рӯз дар ҳаҷ рӯза бидорад ва ҳафт рӯз чун аз ҳаҷ бозгардад, то даҳ рӯзи комил шавад. Ва ин ҳукм барои касест, ки аз мардуми Макка набошад. Аз Худо битарсед ва бидонед, ки Худо ба сахтӣ уқубат мекунад! |
|