نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
1019 | 7 | 65 | وإلى عاد أخاهم هودا قال يا قوم اعبدوا الله ما لكم من إله غيره أفلا تتقون |
| | | Ва бар қавми Од бародарашон Ҳудро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро биперастед, ки шуморо ғайри Ӯ худое нест ка чаро намепарҳезед?» |
|
1020 | 7 | 66 | قال الملأ الذين كفروا من قومه إنا لنراك في سفاهة وإنا لنظنك من الكاذبين |
| | | Бузургони қавми ӯ, ки кофир шуда буданд, гуфтанд: «Мебинем, ки ба бехирадӣ гирифтор шудаӣ ва пиндорем, ки аз дурӯғгуён бошӣ». |
|
1021 | 7 | 67 | قال يا قوم ليس بي سفاهة ولكني رسول من رب العالمين |
| | | Гуфт: «Эй қавми ман, дар ман нишонае аз бехирадӣ нест, ман паёмбари Парвардигори ҷаҳониёнам. |
|
1022 | 7 | 68 | أبلغكم رسالات ربي وأنا لكم ناصح أمين |
| | | Паёмҳои Парвардигорамро ба шумо мерасонам ва шуморо пандгӯе боваринокам. |
|
1023 | 7 | 69 | أوعجبتم أن جاءكم ذكر من ربكم على رجل منكم لينذركم واذكروا إذ جعلكم خلفاء من بعد قوم نوح وزادكم في الخلق بسطة فاذكروا آلاء الله لعلكم تفلحون |
| | | Оё аз ин, ки бар марде аз худатон аз ҷониби Пар-вардигоратон ваҳй нозил шудааст, то шуморо битарсонад, таъаҷҷуб мекунед? Ба ёд оред он замонро, ки шуморо ҷонишини қавми Нӯҳ сохт ва ба ҷисм фузунӣ дод. Пас неъматҳои Худоро ба ёд оваред, бошад, ки наҷот ёбед!» |
|
1024 | 7 | 70 | قالوا أجئتنا لنعبد الله وحده ونذر ما كان يعبد آباؤنا فأتنا بما تعدنا إن كنت من الصادقين |
| | | Гуфтанд: «Оё назди мо омадаӣ, то танҳо Оллоҳро бипарастем ва он чиро, ки падаронамон мепарастиданд, раҳо кунем? Агар рост мегӯӣ, он чиро, ки ба мо ваъда медиҳӣ, биёвар!» |
|
1025 | 7 | 71 | قال قد وقع عليكم من ربكم رجس وغضب أتجادلونني في أسماء سميتموها أنتم وآباؤكم ما نزل الله بها من سلطان فانتظروا إني معكم من المنتظرين |
| | | Гуфт: «Азобу хашми Парвардигоратон ҳатман бар шумо воқеъ хоҳад шуд. Оё дар бораи ин бутҳое; ки худ ва падаронатон ба ин номҳо номидаед ва Худо ҳеҷ далеле бар онҳо нозил насохтааст, бо ман ҳусумат мекунед? Ба интизор бимонед, ман ҳам бо шумо ба интизор мемонам». |
|
1026 | 7 | 72 | فأنجيناه والذين معه برحمة منا وقطعنا دابر الذين كذبوا بآياتنا وما كانوا مؤمنين |
| | | Ҳуд ва ҳамроҳонашро ба фазлу раҳмати хеш раҳонидем ва касонеро, ки оёти Моро дурӯғ бароварданд ва имон наёварда буданд, аз реша баркандем. |
|
1027 | 7 | 73 | وإلى ثمود أخاهم صالحا قال يا قوم اعبدوا الله ما لكم من إله غيره قد جاءتكم بينة من ربكم هذه ناقة الله لكم آية فذروها تأكل في أرض الله ولا تمسوها بسوء فيأخذكم عذاب أليم |
| | | Бар қавми Самуд бародарашон Солеҳро фиристодем. Гуфт: «Эй қавми ман, Оллоҳро бипарастед, шуморо ҳеҷ худое ҷуз Ӯ нест. Аз ҷониби Худо барои шумо нишонае ошкор омад. Ин модашутури Худо бароятон нишонаест. Ӯро бигузоред то дар замини Худо бичарад ва ҳеҷ осебе ба ӯ нарасонед, ки азобе дардовар шуморо фаро хоҳад гирифт. |
|
1028 | 7 | 74 | واذكروا إذ جعلكم خلفاء من بعد عاد وبوأكم في الأرض تتخذون من سهولها قصورا وتنحتون الجبال بيوتا فاذكروا آلاء الله ولا تعثوا في الأرض مفسدين |
| | | Ба ёд оред он замонро, ки шуморо ҷонишинони қавми Од кард ва дар ин замин ҷой дод, то бар рӯи хокаш қасрҳо бино кунед ва дар кӯҳистонҳояш хонаҳое биканед, Неъматҳои Худоро ёд кунед ва дар замин табаҳкориву фасод макунед!» |
|