نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
988 | 7 | 34 | ولكل أمة أجل فإذا جاء أجلهم لا يستأخرون ساعة ولا يستقدمون |
| | | Ҳар умматеро муддати умрест. Чун аҷалашон фаро расад, як соат пешу пас нашаванд». |
|
989 | 7 | 35 | يا بني آدم إما يأتينكم رسل منكم يقصون عليكم آياتي فمن اتقى وأصلح فلا خوف عليهم ولا هم يحزنون |
| | | Эй фарзандони Одам, ҳар гоҳ паёмбароне аз худи шумо биёянд ва оёти Маро бар шумо бихонанд, касоне, ки парҳезгорӣ кунанд ва ба салоҳ оянд, биме бар онҳо нест ва худ ғамгин намешаванд! |
|
990 | 7 | 36 | والذين كذبوا بآياتنا واستكبروا عنها أولئك أصحاب النار هم فيها خالدون |
| | | Ва онҳо, ки оёти Моро дурӯғ баровардаанд ва аз он сар баргофтаанд, аҳли ҷаҳанкаманд ва ҷовидона дар он хоҳанд буд! |
|
991 | 7 | 37 | فمن أظلم ممن افترى على الله كذبا أو كذب بآياته أولئك ينالهم نصيبهم من الكتاب حتى إذا جاءتهم رسلنا يتوفونهم قالوا أين ما كنتم تدعون من دون الله قالوا ضلوا عنا وشهدوا على أنفسهم أنهم كانوا كافرين |
| | | Кист ситамкортар аз он, ки ба Худо дурӯғ бандад ё оёти Ӯро дурӯғ барорад? Насибе, ки барояшон муқаррар шуда, ба онҳо хоҳад расид. Он гоҳ ки фиристодагони мо биёянд, то ҷонашонро бигиранд, мепурсанд: «0н чизҳое, ки ба ҷои Худо парастиш мекардед. акиуи куҷоянд?. Гӯянд; «Нест шуданд ва аз дасти мо рафтанд!» Ва дар ин ҳол ба зиёни худ шоҳидӣ диҳанд, ки кофир будаанд. |
|
992 | 7 | 38 | قال ادخلوا في أمم قد خلت من قبلكم من الجن والإنس في النار كلما دخلت أمة لعنت أختها حتى إذا اداركوا فيها جميعا قالت أخراهم لأولاهم ربنا هؤلاء أضلونا فآتهم عذابا ضعفا من النار قال لكل ضعف ولكن لا تعلمون |
| | | Гӯяд: «Ба миёни умматҳое, ки пеш аз шумо будаанд, аз ҷинну инс дар оташ дохил шавед. Ҳар уммате, ки ба оташ дохил шавад, уммати ҳамдини худро лаънат кунад. То чун ҳамагӣ дар он ҷо гирд оянд, гурӯҳҳое, ки пайрав будаанд, дар бораи гурӯҳҳое, ки пешво будаанд, гӯянд: «Парвардигоро, инҳо моро гумроҳ карданд, дучандон дар оташ азобашон кун». Гӯяд: «Азоби ҳама дучандон аст, вале шумо намедонед!» |
|
993 | 7 | 39 | وقالت أولاهم لأخراهم فما كان لكم علينا من فضل فذوقوا العذاب بما كنتم تكسبون |
| | | Пешвоён ба пайравон гӯянд: «Шуморо бар мо ҳеҷ бартарӣ нест, инак ба ҷазои корҳое, ки карда будед, азобро бичашед!» |
|
994 | 7 | 40 | إن الذين كذبوا بآياتنا واستكبروا عنها لا تفتح لهم أبواب السماء ولا يدخلون الجنة حتى يلج الجمل في سم الخياط وكذلك نجزي المجرمين |
| | | Дарҳои осмон бар рӯи касоне, ки оёти Моро дурӯғ гуфтанд ва аз онҳо сар тофтаанд, кушода намешаванд ва ба биҳишт намедароянд, то он гоҳ, ки шутур аз сӯрохи сузан бигзарад. Ва осиёнро инчунин ҷазо медиҳем! |
|
995 | 7 | 41 | لهم من جهنم مهاد ومن فوقهم غواش وكذلك نجزي الظالمين |
| | | Бистаре аз оташи ҷаҳаннам дар зер ва пӯшише аз оташи ҷаҳаннам бар рӯй доранд. Ва ситамкоронро инчунин ҷазо медиҳем! |
|
996 | 7 | 42 | والذين آمنوا وعملوا الصالحات لا نكلف نفسا إلا وسعها أولئك أصحاب الجنة هم فيها خالدون |
| | | Ба ҳеҷ кас ғайри андозаи тавонаш таклиф намекунем. Онон, ки имон овардаанд, ва корҳои некӯ кардаанд, аҳли биҳиштанд ва дар он ҷо ҷовидонанд. |
|
997 | 7 | 43 | ونزعنا ما في صدورهم من غل تجري من تحتهم الأنهار وقالوا الحمد لله الذي هدانا لهذا وما كنا لنهتدي لولا أن هدانا الله لقد جاءت رسل ربنا بالحق ونودوا أن تلكم الجنة أورثتموها بما كنتم تعملون |
| | | Ва ҳар гуна кинаеро аз дилашон бармеканем. Наҳрҳо дар зери пояшон ҷорист. Гӯянд: «Шукр Худоро, ки моро ба ин роҳ раҳбарӣ карда ва агар моро раҳбарӣ накарда буд, роҳи худ намеёфтем. Расулони Парвардигори мо ба ҳақ омаданд. Ва он гоҳ онҳоро овоз диҳанд, ки ба ивази корҳое, ки мекардед, ин биҳиштро ба шумо додаанд!» |
|