نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
782 | 5 | 113 | قالوا نريد أن نأكل منها وتطمئن قلوبنا ونعلم أن قد صدقتنا ونكون عليها من الشاهدين |
| | | Гуфтанд: «Мехоҳем, ки аз он дастархон бихӯрем, то дилҳоямон ором гирад ва бидонем, ки ту ба мо рост гуфтаӣ ва бар он шоҳидӣ диҳем». |
|
783 | 5 | 114 | قال عيسى ابن مريم اللهم ربنا أنزل علينا مائدة من السماء تكون لنا عيدا لأولنا وآخرنا وآية منك وارزقنا وأنت خير الرازقين |
| | | Исо бинни Марям гуфт: «Бор Худое, эй Парвардигори мо, барои мо дастархоне аз оомон бифирист, то моро ва ононро, ки баъд аз мо меоянд, иде ва нишоне аз ту бошад ва моро рӯзӣ деҳ ки Ту беҳтарини рӯзидиҳандагон ҳастӣ». |
|
784 | 5 | 115 | قال الله إني منزلها عليكم فمن يكفر بعد منكم فإني أعذبه عذابا لا أعذبه أحدا من العالمين |
| | | Худо гуфт: «Ман он дастархонро барои шумо мефиристам, вале ҳар кӣ аз шумо аз он пас кофир шавад, чунон азобаш мекунам, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳонро ончунон азоб накарда бошам». |
|
785 | 5 | 116 | وإذ قال الله يا عيسى ابن مريم أأنت قلت للناس اتخذوني وأمي إلهين من دون الله قال سبحانك ما يكون لي أن أقول ما ليس لي بحق إن كنت قلته فقد علمته تعلم ما في نفسي ولا أعلم ما في نفسك إنك أنت علام الغيوب |
| | | Ва он гоҳ ки Худо ба Исо бинни Марям гуфт: «Оё ту ба мардум гуфтӣ, ки марову модарамро ғайри Оллоҳ ба худоӣ гиред?» Гуфт: «Ба покӣ ёд мекунам Туро. Насазад маро, ки чизе гӯям, ки шоистаи он набошам. Агар ман чунин гуфта будам, Ту худ медоннстӣ, зеро ба он чӣ дар замири ман мегузарад, доноӣ ва ман аз он чӣ дар зоти Туст, бехабарам. Зеро Ту донотарини касон ба ғайб ҳастӣ! |
|
786 | 5 | 117 | ما قلت لهم إلا ما أمرتني به أن اعبدوا الله ربي وربكم وكنت عليهم شهيدا ما دمت فيهم فلما توفيتني كنت أنت الرقيب عليهم وأنت على كل شيء شهيد |
| | | Ман ба онон ҷуз он чӣ Ту фармонам дода будӣ, нагуфтам. Гуфтам, ки Оллоҳ — Парвардигори маро ва Парвардигори худро бипарастед. Ва ман то дар миёнашон будам, нигаҳбони ақидаашон будам ва чун маро миронидӣ, Ту худ нигаҳбони акидаташон гаштӣ. Ва Ту бар ҳар чизе огоҳӣ. |
|
787 | 5 | 118 | إن تعذبهم فإنهم عبادك وإن تغفر لهم فإنك أنت العزيز الحكيم |
| | | Агар ононро азоб кунӣ, бандагони Ту ҳастанд ва агар ононро биёмурзӣ, Ту пирӯзманду ҳакимӣ!» |
|
788 | 5 | 119 | قال الله هذا يوم ينفع الصادقين صدقهم لهم جنات تجري من تحتها الأنهار خالدين فيها أبدا رضي الله عنهم ورضوا عنه ذلك الفوز العظيم |
| | | Худо гуфт: «Ин рӯзест, ки ростгуёнро ростии гуфторашон нафъ диҳад. Аз они онҳост биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист. Ҳамеша дар он ҷовидон хоҳанд буд». Худо аз онҳо хушнуд аст ва онон низ аз Худо хушнуданд. Ва ин комёбии бузургест! |
|
789 | 5 | 120 | لله ملك السماوات والأرض وما فيهن وهو على كل شيء قدير |
| | | Аз они Худ ост фармонравоии осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Ва Ӯ ба ҳар коре тавоност! |
|
790 | 6 | 1 | بسم الله الرحمن الرحيم الحمد لله الذي خلق السماوات والأرض وجعل الظلمات والنور ثم الذين كفروا بربهم يعدلون |
| | | Ситоиш аз они Худовандест, ки осмонҳову заминро биёфарид ва торикиҳову рӯшноиро падидор кард, бо ин ҳама кофирон бо Парвардигори хеш дигареро баробар медоранд. |
|
791 | 6 | 2 | هو الذي خلقكم من طين ثم قضى أجلا وأجل مسمى عنده ثم أنتم تمترون |
| | | Ӯст, ки шуморо аз гил биёфарид ва умре муқаррар кард: муддате дар назди Ӯ муайян. Бо ин ҳама шубҳа мекунед. |
|