نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
778 | 5 | 109 | يوم يجمع الله الرسل فيقول ماذا أجبتم قالوا لا علم لنا إنك أنت علام الغيوب |
| | | Рӯзе, ки Худо паёмбаронро гирд орад ва бипурсад, ки даъвати шуморо чӣ гуна посӯх доданд? Гӯянд: «Моро ҳеҷ донише нест, ки доно ба ғайб Ту ҳастӣ». |
|
779 | 5 | 110 | إذ قال الله يا عيسى ابن مريم اذكر نعمتي عليك وعلى والدتك إذ أيدتك بروح القدس تكلم الناس في المهد وكهلا وإذ علمتك الكتاب والحكمة والتوراة والإنجيل وإذ تخلق من الطين كهيئة الطير بإذني فتنفخ فيها فتكون طيرا بإذني وتبرئ الأكمه والأبرص بإذني وإذ تخرج الموتى بإذني وإذ كففت بني إسرائيل عنك إذ جئتهم بالبينات فقال الذين كفروا منهم إن هذا إلا سحر مبين |
| | | Худо ба Исо бинни Марям гуфт: «Неъматеро, ки ба ту ва модарат ато намудаам, ёд кун. Он замон, ки ба рӯҳулқудус ёриат кардам, то ту чӣ дар гаҳвора ва чӣ дар бузургсолӣ сухан гӯӣ ва ба ту китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил омӯхтам. Ва он гоҳ ки ба амри Ман аз гил чизе чун парранда сохтӣ ва дар он дамидӣ ва ба амри Ман паррандае шуд ва кӯри модарзоду песӣ гирифтаро ба фармони Ман шифо додӣ ва мурдагонро ба фармони Ман зинда берун овардӣ ва чун бо ин далоили равшан назди банӣ-Исроил омадӣ, Ман ононро аз осеб расондан ба ту боздоштам ва аз миёнашон касоне, ки кофир буданд, гуфтанд, ки ин ҷуз ҷодуи ошкор нест!» |
|
780 | 5 | 111 | وإذ أوحيت إلى الحواريين أن آمنوا بي وبرسولي قالوا آمنا واشهد بأننا مسلمون |
| | | Ва ба ҳавориён ваҳй кардам: «Ба Ман ва ба паёмбари Ман имон биёваред». Гуфтанд: «Имон овардем, гувоҳ бош, ки мо таслим ҳастем!» |
|
781 | 5 | 112 | إذ قال الحواريون يا عيسى ابن مريم هل يستطيع ربك أن ينزل علينا مائدة من السماء قال اتقوا الله إن كنتم مؤمنين |
| | | Ва ҳавориён пурсиданд: «Эй Исо бинни Марям, оё Парварднгори ту метавонад, ки барои мо аз осмон моидае фиристад?» Гуфт; Агар имон овардаед, аз Худо битарсед». |
|
782 | 5 | 113 | قالوا نريد أن نأكل منها وتطمئن قلوبنا ونعلم أن قد صدقتنا ونكون عليها من الشاهدين |
| | | Гуфтанд: «Мехоҳем, ки аз он дастархон бихӯрем, то дилҳоямон ором гирад ва бидонем, ки ту ба мо рост гуфтаӣ ва бар он шоҳидӣ диҳем». |
|
783 | 5 | 114 | قال عيسى ابن مريم اللهم ربنا أنزل علينا مائدة من السماء تكون لنا عيدا لأولنا وآخرنا وآية منك وارزقنا وأنت خير الرازقين |
| | | Исо бинни Марям гуфт: «Бор Худое, эй Парвардигори мо, барои мо дастархоне аз оомон бифирист, то моро ва ононро, ки баъд аз мо меоянд, иде ва нишоне аз ту бошад ва моро рӯзӣ деҳ ки Ту беҳтарини рӯзидиҳандагон ҳастӣ». |
|
784 | 5 | 115 | قال الله إني منزلها عليكم فمن يكفر بعد منكم فإني أعذبه عذابا لا أعذبه أحدا من العالمين |
| | | Худо гуфт: «Ман он дастархонро барои шумо мефиристам, вале ҳар кӣ аз шумо аз он пас кофир шавад, чунон азобаш мекунам, ки ҳеҷ як аз мардуми ҷаҳонро ончунон азоб накарда бошам». |
|
785 | 5 | 116 | وإذ قال الله يا عيسى ابن مريم أأنت قلت للناس اتخذوني وأمي إلهين من دون الله قال سبحانك ما يكون لي أن أقول ما ليس لي بحق إن كنت قلته فقد علمته تعلم ما في نفسي ولا أعلم ما في نفسك إنك أنت علام الغيوب |
| | | Ва он гоҳ ки Худо ба Исо бинни Марям гуфт: «Оё ту ба мардум гуфтӣ, ки марову модарамро ғайри Оллоҳ ба худоӣ гиред?» Гуфт: «Ба покӣ ёд мекунам Туро. Насазад маро, ки чизе гӯям, ки шоистаи он набошам. Агар ман чунин гуфта будам, Ту худ медоннстӣ, зеро ба он чӣ дар замири ман мегузарад, доноӣ ва ман аз он чӣ дар зоти Туст, бехабарам. Зеро Ту донотарини касон ба ғайб ҳастӣ! |
|
786 | 5 | 117 | ما قلت لهم إلا ما أمرتني به أن اعبدوا الله ربي وربكم وكنت عليهم شهيدا ما دمت فيهم فلما توفيتني كنت أنت الرقيب عليهم وأنت على كل شيء شهيد |
| | | Ман ба онон ҷуз он чӣ Ту фармонам дода будӣ, нагуфтам. Гуфтам, ки Оллоҳ — Парвардигори маро ва Парвардигори худро бипарастед. Ва ман то дар миёнашон будам, нигаҳбони ақидаашон будам ва чун маро миронидӣ, Ту худ нигаҳбони акидаташон гаштӣ. Ва Ту бар ҳар чизе огоҳӣ. |
|
787 | 5 | 118 | إن تعذبهم فإنهم عبادك وإن تغفر لهم فإنك أنت العزيز الحكيم |
| | | Агар ононро азоб кунӣ, бандагони Ту ҳастанд ва агар ононро биёмурзӣ, Ту пирӯзманду ҳакимӣ!» |
|