نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
758 | 5 | 89 | لا يؤاخذكم الله باللغو في أيمانكم ولكن يؤاخذكم بما عقدتم الأيمان فكفارته إطعام عشرة مساكين من أوسط ما تطعمون أهليكم أو كسوتهم أو تحرير رقبة فمن لم يجد فصيام ثلاثة أيام ذلك كفارة أيمانكم إذا حلفتم واحفظوا أيمانكم كذلك يبين الله لكم آياته لعلكم تشكرون |
| | | Худованд шуморо ба сабаби савгандҳои беҳудаатон бозхост нахоҳад кард. Вале ба сабаби шикастани савгандҳое, ки ба қасд мехӯред, бозхост мекунад ва ҷаримаи он таъоми даҳ мискин аст аз ғизои миёкае, ки ба хонаводаи хеш мехӯронед ё пӯпиши онҳо, ё озод кардани як банда ва ҳар кӣ наёбад, се рӯз рӯза доштан. Ин кафораи қасам аст, ҳар гоҳ, ки қасам хӯрдед. Ба қасамҳои худ вафо кунед. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, бошад, ки шукргузор бошед. |
|
759 | 5 | 90 | يا أيها الذين آمنوا إنما الخمر والميسر والأنصاب والأزلام رجس من عمل الشيطان فاجتنبوه لعلكم تفلحون |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, шароб ва қимор а бутҳо ва гаравбандӣ бо тирҳо палидӣ ва кори шайтон аст, аз он парҳез кунед то наҷот ёбед! |
|
760 | 5 | 91 | إنما يريد الشيطان أن يوقع بينكم العداوة والبغضاء في الخمر والميسر ويصدكم عن ذكر الله وعن الصلاة فهل أنتم منتهون |
| | | Шайтон мехоҳад бо шаробу қимор миёни шумо кинаву душманӣ афканад ва шуморо аз ёди Худо ва намоз боздорад, оё бас мекунед? |
|
761 | 5 | 92 | وأطيعوا الله وأطيعوا الرسول واحذروا فإن توليتم فاعلموا أنما على رسولنا البلاغ المبين |
| | | Худову паёмбарашро итоъат кунед ва ҳазар кунед. Агар рӯйгардон шавед, бидонед, ки вазифаи паёмбари Мо расонидани паёми равшани Худованд аст! |
|
762 | 5 | 93 | ليس على الذين آمنوا وعملوا الصالحات جناح فيما طعموا إذا ما اتقوا وآمنوا وعملوا الصالحات ثم اتقوا وآمنوا ثم اتقوا وأحسنوا والله يحب المحسنين |
| | | Бар онон, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, дар он чӣ хӯрдаанд, гуноҳе нест, ҳар гоҳ парҳезгорӣ кунанд ва имон биёваранд ва ба корҳои шоиста пардозанд, боз ҳам парҳезгорӣ куканд ва имон биёваранд, боз ҳам парҳезгорӣ кунанд ва некӣ, ки Худо некӯкоронро дӯст дорад. |
|
763 | 5 | 94 | يا أيها الذين آمنوا ليبلونكم الله بشيء من الصيد تناله أيديكم ورماحكم ليعلم الله من يخافه بالغيب فمن اعتدى بعد ذلك فله عذاب أليم |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, Худо шуморо ба сайде, ки ба даст мегиред ё ба найза шикор мекунед, меозмояд, то бидонад чӣ касе дар ниҳон аз Ӯ метарсад. Ва ҳар кӣ аз ин пас аз ҳад таҷовуз кунад, ӯрост азобе дардовар. |
|
764 | 5 | 95 | يا أيها الذين آمنوا لا تقتلوا الصيد وأنتم حرم ومن قتله منكم متعمدا فجزاء مثل ما قتل من النعم يحكم به ذوا عدل منكم هديا بالغ الكعبة أو كفارة طعام مساكين أو عدل ذلك صياما ليذوق وبال أمره عفا الله عما سلف ومن عاد فينتقم الله منه والله عزيز ذو انتقام |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, ҳар гоҳ, ки дар эҳром бошед, шикорро макушед. Ҳар кӣ сайдро қасдан бикушад, ҷазои ӯ қурбонӣ кардани ҳайвонест монанди он чӣ куштааст, ба шарти он ки ду одил аз шумо гувоҳӣ диҳанд ва қурбониро ба Каъба расонад ё ба ҷарима дарвешонро таъом диҳад ё баробари он рӯза бигирад, то уқубати кори худ бичашад. Аз он чӣ дар гузашта кардаед, Худо афв кардааст, вале ҳар кӣ ба он боз гардад, Худо аз ӯ интиқом мегирад, ки Худо пирӯзманду интиқомгиранда аст! |
|
765 | 5 | 96 | أحل لكم صيد البحر وطعامه متاعا لكم وللسيارة وحرم عليكم صيد البر ما دمتم حرما واتقوا الله الذي إليه تحشرون |
| | | Шикори дарёӣ ва хӯрдани он ба ҷиҳати баҳраманд шуданатон аз он бар шумо ва мусофирон ҳалол шуда аст. Ва шикори саҳроӣ, то ҳангоме ки дар эҳром ҳастед, бар шумо ҳадом шуда. Аз Худованде, ки ба назди Ӯ гирд оварда мешавед, битарсед! |
|
766 | 5 | 97 | جعل الله الكعبة البيت الحرام قياما للناس والشهر الحرام والهدي والقلائد ذلك لتعلموا أن الله يعلم ما في السماوات وما في الأرض وأن الله بكل شيء عليم |
| | | Худо Каъба, байтулҳаромро бо моҳи ҳаром ва қурбонии беқилода ва қурбонии боқилода қивоми кори мардум гардонид, то бидонед, ки Худо ҳар чӣро ки дар осмонҳову замин аст, медонад ва Ӯ бар ҳар чизе огоҳ аст. |
|
767 | 5 | 98 | اعلموا أن الله شديد العقاب وأن الله غفور رحيم |
| | | Бидонед, ки уқубати Худо сахт аст ва ҳам Ӯ бахшояндаву меҳрубон аст! |
|