نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
728 | 5 | 59 | قل يا أهل الكتاب هل تنقمون منا إلا أن آمنا بالله وما أنزل إلينا وما أنزل من قبل وأن أكثركم فاسقون |
| | | Бигӯ: «Эй аҳли китоб, оё моро сарзаниш мекунед? Ба он сабаб, ки мо ба Худо ва он чӣ бар мо нозил шуда ва он чӣ пеш аз ин нозил шудааст, имон овардаем ва шумо бештарин нофармон ҳастед?» |
|
729 | 5 | 60 | قل هل أنبئكم بشر من ذلك مثوبة عند الله من لعنه الله وغضب عليه وجعل منهم القردة والخنازير وعبد الطاغوت أولئك شر مكانا وأضل عن سواء السبيل |
| | | Бигӯ: «Оё шуморо аз касоне, ки дар назди Худо ҷазое бадтар аз ин доранд, хабар бидиҳам: Касоне, ки Худояшон лаънат карда ва бар онҳо хашм гирифта ва баъзеро бӯзинаву хук гардонидааст ва худ бут парастидаанд? Инҳоро бадтарин ҷойгоҳ аст ва аз роҳи рост гумгаштатаранд. |
|
730 | 5 | 61 | وإذا جاءوكم قالوا آمنا وقد دخلوا بالكفر وهم قد خرجوا به والله أعلم بما كانوا يكتمون |
| | | Ва чун назди шумо омаданд, гуфтанд, ки имон овардем ва ҳол он ки бо куфр дохил шуданд ва бо куфр хориҷ гаштанд ва Худо ба он чӣ пинҳон медоранд, огоҳтар аст! |
|
731 | 5 | 62 | وترى كثيرا منهم يسارعون في الإثم والعدوان وأكلهم السحت لبئس ما كانوا يعملون |
| | | Мебинӣ бисёре аз онҳоро, ки ба гуноҳу таҷовуз ва ҳаромхорагӣ мешитобанд. Чӣ бад корҳое мекарданд! |
|
732 | 5 | 63 | لولا ينهاهم الربانيون والأحبار عن قولهم الإثم وأكلهم السحت لبئس ما كانوا يصنعون |
| | | З Барои чӣ худопарастону донишмандон ононро аз гуфтори бад ва ҳаромхорагӣ бознамедоранд. Чӣ бад аст корҳое, ки мекарданд! |
|
733 | 5 | 64 | وقالت اليهود يد الله مغلولة غلت أيديهم ولعنوا بما قالوا بل يداه مبسوطتان ينفق كيف يشاء وليزيدن كثيرا منهم ما أنزل إليك من ربك طغيانا وكفرا وألقينا بينهم العداوة والبغضاء إلى يوم القيامة كلما أوقدوا نارا للحرب أطفأها الله ويسعون في الأرض فسادا والله لا يحب المفسدين |
| | | Яҳуд гуфтанд, ки дасти Худо баста аст. Дастҳои худашон баста бод? Ва ба он сухан, ки гуфтанд, малъун гаштанд. Дастҳои Худо кушода аст. Ба ҳар навъе, кн бихоҳад, рӯзӣ медиҳад. Ва он чӣ бар ту аз ҷониби Парвардигорат нозил шудааст, ба туғён ва куфри бештарашон хоҳад афзуд. Мо то рӯзи қиёмат миёнашон душманнву кина андохтаем. Ҳар гоҳ ки оташи ҷангро афрӯхтанд, Худо хомӯшаш сохт. Ва онон дар рӯи замин ба фасод мекӯшанд ва Худо фасодкоронро дӯст надорад. |
|
734 | 5 | 65 | ولو أن أهل الكتاب آمنوا واتقوا لكفرنا عنهم سيئاتهم ولأدخلناهم جنات النعيم |
| | | Агар аҳли китоб имон биёваранд ва парҳезгорӣ кунанд, гуноҳонашон хоҳем нобуд кард ва онҳоро ба биҳиштҳои пурнеъмат дохил хоҳем кард. |
|
735 | 5 | 66 | ولو أنهم أقاموا التوراة والإنجيل وما أنزل إليهم من ربهم لأكلوا من فوقهم ومن تحت أرجلهم منهم أمة مقتصدة وكثير منهم ساء ما يعملون |
| | | Ва агар Таврот ва Инҷил ва он чиро, ки аз ҷониби Худо бар онҳо нозил шуда, барпой доранд, аз болои сару зери пояшон рӯзӣ бихӯранд. Баъзе аз онҳо мардуме миёнарав ҳастанд ва бисёрашон бадкирдоранд. |
|
736 | 5 | 67 | يا أيها الرسول بلغ ما أنزل إليك من ربك وإن لم تفعل فما بلغت رسالته والله يعصمك من الناس إن الله لا يهدي القوم الكافرين |
| | | Эй паёмбар, он чиро, ки аз Парвардигорат бар ту нозил шудааст, ба мардум бирасон. Агар чунин накунӣ, амри фиристодаи Ӯро адо накардаӣ. Худо туро аз мардум ҳифз мекунад, ки Худо мардуми кофирро ҳидоят намекунад. |
|
737 | 5 | 68 | قل يا أهل الكتاب لستم على شيء حتى تقيموا التوراة والإنجيل وما أنزل إليكم من ربكم وليزيدن كثيرا منهم ما أنزل إليك من ربك طغيانا وكفرا فلا تأس على القوم الكافرين |
| | | Бигӯ: «Эй аҳли китоб, шумо ҳеҷ нестед, то он гоҳ, ки Таврот ва Инҷил ва он чиро аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, барпой доред». Он чӣ аз ҷониби Парвардигорат бар ту нозил шудааст, бар туғён ва куфри бештаринашон бияфзояд. Пас бар ин мардуми кофир ғамгин мабош. |
|