نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
701 | 5 | 32 | من أجل ذلك كتبنا على بني إسرائيل أنه من قتل نفسا بغير نفس أو فساد في الأرض فكأنما قتل الناس جميعا ومن أحياها فكأنما أحيا الناس جميعا ولقد جاءتهم رسلنا بالبينات ثم إن كثيرا منهم بعد ذلك في الأرض لمسرفون |
| | | Аз ин рӯ бар банӣ-Исроил муқаррар доштем, ки ҳар кас каси дигарро на ба қасоси катли касе ё содир кардани фасоде бар рӯи замин бикушад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро кушта бошад. Ва ҳар кас, ки ба ӯ ҳаёт бахшад, чун касест, ки ҳамаи мардумро ҳаёт бахшида бошад. Ва албатта паёмбарони Мо ҳамроҳ бо далелҳои равшан бар онҳо фиристода шуданд. Боз ҳам бисёре аз онҳо ҳамчунон бар рӯи замин аз ҳадди хеш таҷовуз мекарданд. |
|
702 | 5 | 33 | إنما جزاء الذين يحاربون الله ورسوله ويسعون في الأرض فسادا أن يقتلوا أو يصلبوا أو تقطع أيديهم وأرجلهم من خلاف أو ينفوا من الأرض ذلك لهم خزي في الدنيا ولهم في الآخرة عذاب عظيم |
| | | Ҷазои касоне, ки бо Худо ва паёмбаронаш ҷанг мекунанд ва дар замин ба фасод мекӯшанд, он аст, ки кушта шаванд ё бар дор гарданд ё дастҳову поҳояшон яке аз чапу яке аз рост бурида шавад ё аз сарзамини худ бадарға шаванд. Инҳо расвоияшон дар ин ҷаҳон аст ва дар охират низ ба азобе бузург гирифтор оянд. |
|
703 | 5 | 34 | إلا الذين تابوا من قبل أن تقدروا عليهم فاعلموا أن الله غفور رحيم |
| | | Ғайри касоне, ки пеш аз он ки шумо бар онҳо даст ёбед, тавба кунанд. Пас бидонед, ки Худо омурзанда ва меҳрубон аст! |
|
704 | 5 | 35 | يا أيها الذين آمنوا اتقوا الله وابتغوا إليه الوسيلة وجاهدوا في سبيله لعلكم تفلحون |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ба Ӯ қарибӣ ҷӯед ва дар роҳаш чиҳод кунед. Шояд, ки наҷот ёбед! |
|
705 | 5 | 36 | إن الذين كفروا لو أن لهم ما في الأرض جميعا ومثله معه ليفتدوا به من عذاب يوم القيامة ما تقبل منهم ولهم عذاب أليم |
| | | Онҳое, ки кофир шудаанд, агар ҳамаи он чӣ дар рӯи замин аст ва ҳамонанди он аз они онҳо бошад ва бихоҳанд худро бо он аз азоби рӯзи қиёмат бозхаранд, аз онҳо пазируфта нашавад ва ба азоби дардовар гирифтор шаванд! |
|
706 | 5 | 37 | يريدون أن يخرجوا من النار وما هم بخارجين منها ولهم عذاب مقيم |
| | | Мехоҳанд, ки аз оташ берун оянд, дар ҳоле ки берун нахоҳанд шуд ва азобашон поянда аст. |
|
707 | 5 | 38 | والسارق والسارقة فاقطعوا أيديهما جزاء بما كسبا نكالا من الله والله عزيز حكيم |
| | | Дасти марди дузд ва зани дуздро ба ҷазои коре, ки кардаанд, бибуред. Ин уқубатест аз ҷониби Худо, ки Ӯ пирӯзманду ҳаким аст! |
|
708 | 5 | 39 | فمن تاب من بعد ظلمه وأصلح فإن الله يتوب عليه إن الله غفور رحيم |
| | | Ҳар кас пас аз кирдори нописандаш тавба кунад ва ба салоҳ ояд, Худо тавбаи ӯро мепазирад, ки Ӯ омурзанда ва меҳрубон аст! |
|
709 | 5 | 40 | ألم تعلم أن الله له ملك السماوات والأرض يعذب من يشاء ويغفر لمن يشاء والله على كل شيء قدير |
| | | Оё надонистаӣ, ки фармонравоии осмонҳову замин аз они Худост, ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ка ҳар киро бихоҳад, мебахшад ва бар ҳар коре тавоност? |
|
710 | 5 | 41 | يا أيها الرسول لا يحزنك الذين يسارعون في الكفر من الذين قالوا آمنا بأفواههم ولم تؤمن قلوبهم ومن الذين هادوا سماعون للكذب سماعون لقوم آخرين لم يأتوك يحرفون الكلم من بعد مواضعه يقولون إن أوتيتم هذا فخذوه وإن لم تؤتوه فاحذروا ومن يرد الله فتنته فلن تملك له من الله شيئا أولئك الذين لم يرد الله أن يطهر قلوبهم لهم في الدنيا خزي ولهم في الآخرة عذاب عظيم |
| | | Эй паёмбар, ғамгин накунад туро кирдори онон, ки ба куфр мешитобанд. Чӣ онҳое, ки ба забон гуфтанд, ки имон овардем ва ба дил имон наёварданд ва чӣ он яҳудон, ки гӯш меандозанд, то дурӯғ банданд ва барои гурӯҳе дигар, ки худ назди ту намеоянд, суханчинӣ мекуканд ва сухани Худоро дигаргун месозанд ва мегӯянд: «Агар шуморо инчунин гуфт, бипазиред вагарна аз вай дурӣ бикунед!» Ва ҳар касро, ки Худо азоб кардан хоҳад, ту аз қаҳри Худо раҳоӣ нахоҳӣ дод. Инҳо касоне ҳастанд, ки Худо нахостааст, ки дилҳояшонро пок гардонад. Ононро дар дунё хорӣ ва дар охират азобе бузург аст! |
|