نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
696 | 5 | 27 | واتل عليهم نبأ ابني آدم بالحق إذ قربا قربانا فتقبل من أحدهما ولم يتقبل من الآخر قال لأقتلنك قال إنما يتقبل الله من المتقين |
| | | Ва достони ростини ду писари Одамро барояшон бихон, он гоҳ ки қурбоние карданд. Аз якешон пазируфта шуд ва аз дигаре пазируфта нашуд. Гуфт: «Туро мекушам». Гуфт; «Худо қурбонии парҳезгоронро мепазирад. |
|
697 | 5 | 28 | لئن بسطت إلي يدك لتقتلني ما أنا بباسط يدي إليك لأقتلك إني أخاف الله رب العالمين |
| | | Агар ту бар ман даст кушоӣ, ки маро бикушӣ, ман бар ту даст накушоям, ки туро бикушам. Ман аз Худо, ки Парвардигори ҷахониён аст, метарсам. |
|
698 | 5 | 29 | إني أريد أن تبوء بإثمي وإثمك فتكون من أصحاب النار وذلك جزاء الظالمين |
| | | Мехоҳам, ки ҳам гуноҳи маро ба гардан гирӣ ва ҳам гуноҳи худро, то аз дӯзахиён гардӣ, ки ин аст ҷазои ситамкорон». |
|
699 | 5 | 30 | فطوعت له نفسه قتل أخيه فقتله فأصبح من الخاسرين |
| | | Нафсаш ӯро ба куштани бародар тарғиб кард ва ӯро кушт ва аз зиёнкорон гардид. |
|
700 | 5 | 31 | فبعث الله غرابا يبحث في الأرض ليريه كيف يواري سوءة أخيه قال يا ويلتا أعجزت أن أكون مثل هذا الغراب فأواري سوءة أخي فأصبح من النادمين |
| | | Худо зоғеро фиристод то заминро бикобад ва ба ӯ биёмузад, ки чӣ гуна ҷасади бародари худ пинҳон созад. Гуфт: «Вой бар ман, натавонам монанди ин зоғ бошам ва ҷасади бародарамро дафн кунам». Ва дар зумраи пушаймонон даромад. |
|
701 | 5 | 32 | من أجل ذلك كتبنا على بني إسرائيل أنه من قتل نفسا بغير نفس أو فساد في الأرض فكأنما قتل الناس جميعا ومن أحياها فكأنما أحيا الناس جميعا ولقد جاءتهم رسلنا بالبينات ثم إن كثيرا منهم بعد ذلك في الأرض لمسرفون |
| | | Аз ин рӯ бар банӣ-Исроил муқаррар доштем, ки ҳар кас каси дигарро на ба қасоси катли касе ё содир кардани фасоде бар рӯи замин бикушад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро кушта бошад. Ва ҳар кас, ки ба ӯ ҳаёт бахшад, чун касест, ки ҳамаи мардумро ҳаёт бахшида бошад. Ва албатта паёмбарони Мо ҳамроҳ бо далелҳои равшан бар онҳо фиристода шуданд. Боз ҳам бисёре аз онҳо ҳамчунон бар рӯи замин аз ҳадди хеш таҷовуз мекарданд. |
|
702 | 5 | 33 | إنما جزاء الذين يحاربون الله ورسوله ويسعون في الأرض فسادا أن يقتلوا أو يصلبوا أو تقطع أيديهم وأرجلهم من خلاف أو ينفوا من الأرض ذلك لهم خزي في الدنيا ولهم في الآخرة عذاب عظيم |
| | | Ҷазои касоне, ки бо Худо ва паёмбаронаш ҷанг мекунанд ва дар замин ба фасод мекӯшанд, он аст, ки кушта шаванд ё бар дор гарданд ё дастҳову поҳояшон яке аз чапу яке аз рост бурида шавад ё аз сарзамини худ бадарға шаванд. Инҳо расвоияшон дар ин ҷаҳон аст ва дар охират низ ба азобе бузург гирифтор оянд. |
|
703 | 5 | 34 | إلا الذين تابوا من قبل أن تقدروا عليهم فاعلموا أن الله غفور رحيم |
| | | Ғайри касоне, ки пеш аз он ки шумо бар онҳо даст ёбед, тавба кунанд. Пас бидонед, ки Худо омурзанда ва меҳрубон аст! |
|
704 | 5 | 35 | يا أيها الذين آمنوا اتقوا الله وابتغوا إليه الوسيلة وجاهدوا في سبيله لعلكم تفلحون |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ба Ӯ қарибӣ ҷӯед ва дар роҳаш чиҳод кунед. Шояд, ки наҷот ёбед! |
|
705 | 5 | 36 | إن الذين كفروا لو أن لهم ما في الأرض جميعا ومثله معه ليفتدوا به من عذاب يوم القيامة ما تقبل منهم ولهم عذاب أليم |
| | | Онҳое, ки кофир шудаанд, агар ҳамаи он чӣ дар рӯи замин аст ва ҳамонанди он аз они онҳо бошад ва бихоҳанд худро бо он аз азоби рӯзи қиёмат бозхаранд, аз онҳо пазируфта нашавад ва ба азоби дардовар гирифтор шаванд! |
|