نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
659 | 4 | 166 | لكن الله يشهد بما أنزل إليك أنزله بعلمه والملائكة يشهدون وكفى بالله شهيدا |
| | | Вале Худо ба он чӣ бар ту нозил кард, шоҳидӣ медиҳад, ки ба илми худ нозил кардааст ва фариштагон низ шоҳидӣ медиҳанд ва Худо шоҳидиро басанда аст! |
|
660 | 4 | 167 | إن الذين كفروا وصدوا عن سبيل الله قد ضلوا ضلالا بعيدا |
| | | Албатта онон, ки кофир шудаанд ва аз роҳи Худо рӯй гардонидаанд, сахт ба гумроҳӣ афтоданд. |
|
661 | 4 | 168 | إن الذين كفروا وظلموا لم يكن الله ليغفر لهم ولا ليهديهم طريقا |
| | | Касонеро, ки кофир шудаанд ва ситам кардаанд, Худованд намебахшад ва ба ҳеҷ роҳе ҳидоят намекунад, |
|
662 | 4 | 169 | إلا طريق جهنم خالدين فيها أبدا وكان ذلك على الله يسيرا |
| | | магар ба роҳи ҷаҳаннам, ки абадӣ дар он бошанд! Ва ин кор бар Худо осон аст. |
|
663 | 4 | 170 | يا أيها الناس قد جاءكم الرسول بالحق من ربكم فآمنوا خيرا لكم وإن تكفروا فإن لله ما في السماوات والأرض وكان الله عليما حكيما |
| | | Эй мардум, паёмбаре ба ҳақ аз ҷониби Худо бар шумо фиристода шуд, пас ба ӯ имон биёваред, ки хайри шумо дар он аст. Ва агар ҳам кофир шавед, аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Ва Ӯ донову ҳаким аст! |
|
664 | 4 | 171 | يا أهل الكتاب لا تغلوا في دينكم ولا تقولوا على الله إلا الحق إنما المسيح عيسى ابن مريم رسول الله وكلمته ألقاها إلى مريم وروح منه فآمنوا بالله ورسله ولا تقولوا ثلاثة انتهوا خيرا لكم إنما الله إله واحد سبحانه أن يكون له ولد له ما في السماوات وما في الأرض وكفى بالله وكيلا |
| | | Эй аҳли китоб, дар дини хеш аз ҳад нагузаред ва дар бораи Худо ҷуз сухани ҳақ магӯед. Албатта Исо — писари Марям, паёмбари Худо ва калимаи Ӯ буд, ки ба Марямаш афканд ва рӯҳе аз Ӯ буд. Пас ба Худо ва паёмбарокаш имон биёваред ва магӯед, ки се аст. Аз ин андешаҳо бозистед, ки хайри шумо дар он хоҳад буд. Ҷуз ин нест, ки Оллоҳ худоест якто. Пок аст аз ин, ки соҳиби фарзанде бошад. Аз они Ӯст он чӣ дар осмонҳову замин аст ва Худо корсозиро кофист! |
|
665 | 4 | 172 | لن يستنكف المسيح أن يكون عبدا لله ولا الملائكة المقربون ومن يستنكف عن عبادته ويستكبر فسيحشرهم إليه جميعا |
| | | Масеҳ нанг надошт, ки яке аз бандагони Худо бошад ва малоикаи муқарраб низ нанг надоранд. Ҳар кӣ аз парастиши Худованд рӯй гардонад, ва саркашӣ кунад, бидонад, ки Худо ҳамаро дар назди худ маҳшур (ҳамсӯҳбат) хоҳад сохт. |
|
666 | 4 | 173 | فأما الذين آمنوا وعملوا الصالحات فيوفيهم أجورهم ويزيدهم من فضله وأما الذين استنكفوا واستكبروا فيعذبهم عذابا أليما ولا يجدون لهم من دون الله وليا ولا نصيرا |
| | | Аммо онон, ки имон овардаанд ва корҳои нек кардаанд, муздашонро ба тамомӣ хоҳад дод ва аз фазли хеш бар он хоҳад афзуд. Аммо касонеро, ки ибову саркашӣ кардаанд, ба азобе дардовар азоб хоҳад кард ва барои худ ҷуз Худо ҳеҷ дӯсту ёваре нахоҳанд ёфт. |
|
667 | 4 | 174 | يا أيها الناس قد جاءكم برهان من ربكم وأنزلنا إليكم نورا مبينا |
| | | Эй мардум, аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо хуҷҷате омад ва барои шумо нуре ошкор нозил кардаем. |
|
668 | 4 | 175 | فأما الذين آمنوا بالله واعتصموا به فسيدخلهم في رحمة منه وفضل ويهديهم إليه صراطا مستقيما |
| | | Аммо ононро, ки ба Худо имон овардаанд ва ба Ӯ тавассул ҷустаанд, ба остони фазлу раҳмати хеш дароварад ва ба роҳе рост ҳидоят кунад. |
|