نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
627 | 4 | 134 | من كان يريد ثواب الدنيا فعند الله ثواب الدنيا والآخرة وكان الله سميعا بصيرا |
| | | Ҳар кас, ки савоби инҷаҳониро металабад, бидонад, ки савоби инҷаҳониву онҷаҳонӣ дар назди Худост. Ва Ӯ шунаво ва биност! |
|
628 | 4 | 135 | يا أيها الذين آمنوا كونوا قوامين بالقسط شهداء لله ولو على أنفسكم أو الوالدين والأقربين إن يكن غنيا أو فقيرا فالله أولى بهما فلا تتبعوا الهوى أن تعدلوا وإن تلووا أو تعرضوا فإن الله كان بما تعملون خبيرا |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, ба адолат фармонраво бошед ва барои Худо шоҳидӣ диҳед, ҳарчанд ба зиёни худ ё падару модар ё хешовандони шумо — чӣ тавонгар ва чӣ дарвеш бошад. Зеро Худо ба он ду сазовортар аст. Пас ба ҳавои нафс паправӣ макунед, то аз шаҳодати ҳақ рӯй гардонед. Чӣ забонбозӣ кунед ё аз он рӯй тобед, Худо ба ҳар чӣ мекунед, огоҳ аст! |
|
629 | 4 | 136 | يا أيها الذين آمنوا آمنوا بالله ورسوله والكتاب الذي نزل على رسوله والكتاب الذي أنزل من قبل ومن يكفر بالله وملائكته وكتبه ورسله واليوم الآخر فقد ضل ضلالا بعيدا |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, ба Худову паёмбараш ва ин китоб, ки бар паёмбараш нозил карда ва он китоб, ки пеш аз он нозил карда, ба ҳақиқат имон биёваред. Ва ҳар кӣ ба Худову фариштагонаш ва китобҳояш ва паёмбаронаш ва ба рӯзи қиёмат кофир шавад, сахт дар гумроҳӣ афтодааст. |
|
630 | 4 | 137 | إن الذين آمنوا ثم كفروا ثم آمنوا ثم كفروا ثم ازدادوا كفرا لم يكن الله ليغفر لهم ولا ليهديهم سبيلا |
| | | Албатта Худованд ононро, ки имон овардаанд, сипас кофир шуданд ва боз имон оварданд, сипас кофир шуданд ва ба куфри хеш афзуданд, нахоҳад бахшид ва ба роҳи рост ҳидоят нахоҳад кард. |
|
631 | 4 | 138 | بشر المنافقين بأن لهم عذابا أليما |
| | | Мунофиқонро хабар деҳ, ки азобе дардовар барояшон омода шудаст, |
|
632 | 4 | 139 | الذين يتخذون الكافرين أولياء من دون المؤمنين أيبتغون عندهم العزة فإن العزة لله جميعا |
| | | касоне, ки ба ҷои мӯъминон кофиронро ба дӯстӣ мегиранд, оё иззату тавоноиро назди онон меҷӯянд, дар ҳоле, ки иззат ба тамомӣ аз они Худост? |
|
633 | 4 | 140 | وقد نزل عليكم في الكتاب أن إذا سمعتم آيات الله يكفر بها ويستهزأ بها فلا تقعدوا معهم حتى يخوضوا في حديث غيره إنكم إذا مثلهم إن الله جامع المنافقين والكافرين في جهنم جميعا |
| | | Ва аз ин пеш, дар ин китоб бар шумо нозил кардаем, ки чун шунидед, касоне оёти Худоро инкор мекунанд па онро ба масхара мегиранд, бо онҳо манишинед, то он гоҳ, ки ба сухане дигар пардозанд. Вагарна шумо низ ҳамонанди онҳо хоҳед буд. Ва Худо ҳамаи мунофиқону кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоварад. |
|
634 | 4 | 141 | الذين يتربصون بكم فإن كان لكم فتح من الله قالوا ألم نكن معكم وإن كان للكافرين نصيب قالوا ألم نستحوذ عليكم ونمنعكم من المؤمنين فالله يحكم بينكم يوم القيامة ولن يجعل الله للكافرين على المؤمنين سبيلا |
| | | Касоне, ки ҳамеша интизори шумо ҳастанд, пас агар аз ҷониби Худо пирӯзӣ насибашон шавад, мегӯянд: «Магар мо хамроҳи шумо набудем?» Ва агар пирӯзӣ насиби кофирон шавад, мегӯянд: «Оё чунин: набуд, ки бар шумо ғалаба ёфта будем ва мӯъминонро аз осеб расонидан ба шумо боздоштем?» Дар рӯзи қиёмат Худо миёни шумо ҳукм мекунад ва Ӯ ҳаргиз барои кофирон ба зиёни мусалмонон роҳе накушодааст. |
|
635 | 4 | 142 | إن المنافقين يخادعون الله وهو خادعهم وإذا قاموا إلى الصلاة قاموا كسالى يراءون الناس ولا يذكرون الله إلا قليلا |
| | | Мунофикон Худоро фиреб медиҳанд ва ҳол он ки Худо онҳоро фиреб медиҳад. Ва чун ба намоз бархезанд, бо сустӣ бархезанд ва барои худнамоӣ намоз кунанд ва дар намоз, ҷуз андаке, Худоро ёд накунанд. |
|
636 | 4 | 143 | مذبذبين بين ذلك لا إلى هؤلاء ولا إلى هؤلاء ومن يضلل الله فلن تجد له سبيلا |
| | | Саргаштагони миёни куфру имонанд: на бо инҳо ва на бо онҳо. Он кӣ Худо гумроҳаш кунад, ҳеҷ роҳе барои ӯ нахоҳӣ ёфт. |
|