نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
609 | 4 | 116 | إن الله لا يغفر أن يشرك به ويغفر ما دون ذلك لمن يشاء ومن يشرك بالله فقد ضل ضلالا بعيدا |
| | | Худо касеро, ки барои ӯ шарике қарор диҳад, намебахшад ва ҷуз он ҳар гуноҳеро барои ҳар кӣ хоҳад, мебахшад. Ва ҳар кас, ки барои Худо шарике қарор диҳад, сахт ба гумроҳӣ афтодаст. |
|
610 | 4 | 117 | إن يدعون من دونه إلا إناثا وإن يدعون إلا شيطانا مريدا |
| | | Намепарастанд ғайри Оллоҳ магар бутҳоро ва намехонанд ғайри Оллоҳ магар шайтоне саркашро. |
|
611 | 4 | 118 | لعنه الله وقال لأتخذن من عبادك نصيبا مفروضا |
| | | Худояш лаънат кард. Ва шайтон гуфт: «Гурӯҳе муайян аз бандагонатро ба фармони хеш мегирам. |
|
612 | 4 | 119 | ولأضلنهم ولأمنينهم ولآمرنهم فليبتكن آذان الأنعام ولآمرنهم فليغيرن خلق الله ومن يتخذ الشيطان وليا من دون الله فقد خسر خسرانا مبينا |
| | | Ва албатта гумроҳашон мекунам ва орзуҳои ботил дар дилашон меафканам ва ба онон фармон медиҳам то гушҳои чорпоёнро бишикофанд. Ва ба онон фармон медиҳам, то хилқати Худоро дигаргун созанд». Ва ҳар кас, ки ба ҷои Худо шайтонро ба дӯстӣ қабул кунад, зиёне ошкор кардааст! |
|
613 | 4 | 120 | يعدهم ويمنيهم وما يعدهم الشيطان إلا غرورا |
| | | Ба онҳо ваъда медиҳад ва ба орзушон меафканад ва шайтон онҳоро ғайри ба фиреб ваъда надиҳад! |
|
614 | 4 | 121 | أولئك مأواهم جهنم ولا يجدون عنها محيصا |
| | | Маконашон дар ҷаҳаннам аст ва дар он ҷо роҳи гурезе нахоҳанд ёфт! |
|
615 | 4 | 122 | والذين آمنوا وعملوا الصالحات سندخلهم جنات تجري من تحتها الأنهار خالدين فيها أبدا وعد الله حقا ومن أصدق من الله قيلا |
| | | Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои некӯ кардаанд, ба биҳиштҳое медароварем, ки дар он наҳрҳо равон аст ва дар он ҷо ҷовидонанд. Ваъдаи барҳаққи Худованд аст ва чӣ касе аз Ӯ ростгӯйтар аст? |
|
616 | 4 | 123 | ليس بأمانيكم ولا أماني أهل الكتاب من يعمل سوءا يجز به ولا يجد له من دون الله وليا ولا نصيرا |
| | | На мувофиқи муроди шумост ва на музофиқи муроди аҳли китоб, ки ҳар кас, кн содиркунандаи кори баде шавад, ҷазояшро бубинад ва ғайри Худо барон худ дӯсту ёваре наёбад. |
|
617 | 4 | 124 | ومن يعمل من الصالحات من ذكر أو أنثى وهو مؤمن فأولئك يدخلون الجنة ولا يظلمون نقيرا |
| | | Ва ҳар кас, ки кори шоистае кунад, чӣ зан ва чӣ мард, агар мӯъмин бошад, ба биҳишт меравад ва ба қадри он пӯсте, ки бар пушти донаи хурмост, ба кас ситам намешавад. |
|
618 | 4 | 125 | ومن أحسن دينا ممن أسلم وجهه لله وهو محسن واتبع ملة إبراهيم حنيفا واتخذ الله إبراهيم خليلا |
| | | Дини чӣ касс беҳтар аз дини касест, ки ба ихлос рӯй ба ҷониби Худо кард ва некӯкор буд ва аз дини ҳанифи Иброҳим пайравӣ кард? Ва Худо Иброҳимро ба дӯстии худ баргузид (гирифт). |
|