نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
595 | 4 | 102 | وإذا كنت فيهم فأقمت لهم الصلاة فلتقم طائفة منهم معك وليأخذوا أسلحتهم فإذا سجدوا فليكونوا من ورائكم ولتأت طائفة أخرى لم يصلوا فليصلوا معك وليأخذوا حذرهم وأسلحتهم ود الذين كفروا لو تغفلون عن أسلحتكم وأمتعتكم فيميلون عليكم ميلة واحدة ولا جناح عليكم إن كان بكم أذى من مطر أو كنتم مرضى أن تضعوا أسلحتكم وخذوا حذركم إن الله أعد للكافرين عذابا مهينا |
| | | Ва чун ту дар миёнашон бошӣ ва барояшон намоз барпо кунӣ, бояд, ки гурӯҳе аз онҳо бо ту ба намоз биистанд ва силоҳҳои хеш бардоранд. Ва чун саҷда ба поён бурданд, баробари душман шаванд, то гурӯҳи дигар, ки намоз нахондаанд, биёянд ва бо ту намоз бихонанд. Онон низ ҳушёр бошанд ва силоҳҳои хеш бигиранд. Зеро кофирон дӯст доранд, ки шумо аз силоҳҳо ва матоъи худ ғофил шавед, то якбора бар шумо битозанд. Ва гуноҳе, содир накардаед, ҳар гоҳ аз борон дар ранҷ будед ё бемор будед, силоҳҳои худ бигзорэд, вале ҳушёрона дар фикри душман бошед. Албатта Худо барои кофирон азобе хсркунанда омода сохтааст! |
|
596 | 4 | 103 | فإذا قضيتم الصلاة فاذكروا الله قياما وقعودا وعلى جنوبكم فإذا اطمأننتم فأقيموا الصلاة إن الصلاة كانت على المؤمنين كتابا موقوتا |
| | | Ва чун намозро ба поён бурдед, Худоро истода ё нишаста ва ё ба паҳлӯ хобида ёд кунед. Ва чуч аз душман эмин гаштед, намозро тамом адо кунед, ки намоз бар мӯъминон дар вақтҳои муайян воҷиб гашта аст. |
|
597 | 4 | 104 | ولا تهنوا في ابتغاء القوم إن تكونوا تألمون فإنهم يألمون كما تألمون وترجون من الله ما لا يرجون وكان الله عليما حكيما |
| | | Ва дар даст ёфтан ба он қавм (кофирон) сустӣ накунед. Агар шумо озор мебинед, онҳо низ чун шумо озор мебинанд, вале шумо аз Худо чизеро умед доред, ки онон умед надоранд. Ва Худо донову ҳаким аст! |
|
598 | 4 | 105 | إنا أنزلنا إليك الكتاب بالحق لتحكم بين الناس بما أراك الله ولا تكن للخائنين خصيما |
| | | Мо ин китобро ба ростӣ бар ту нозил кардем, то ба он чизе, ки Худо ба ту омӯхтааст, миёни мардум доварӣ кунӣ ва ба нафъи хоинон ба мухосамат (хусумат) бармахез! |
|
599 | 4 | 106 | واستغفر الله إن الله كان غفورا رحيما |
| | | Ва аз Худо бахшиш бихоҳ, ки Ӯ бахшанда ва меҳрубон аст. |
|
600 | 4 | 107 | ولا تجادل عن الذين يختانون أنفسهم إن الله لا يحب من كان خوانا أثيما |
| | | Ва ба хотири касоне, ки ба худ хиёнат меварзанд, ҷонибдорӣ макун, ки Худо хоинони гӯнаҳкорро дӯст надорад. |
|
601 | 4 | 108 | يستخفون من الناس ولا يستخفون من الله وهو معهم إذ يبيتون ما لا يرضى من القول وكان الله بما يعملون محيطا |
| | | Аз мардум пинҳон медоранд ва аз Худо пинҳон намедоранд, зеро он гоҳ ки шабҳангом суханоне, ки Худо аз он нохушнуд бувад, мегуфтанд, Худо бо онҳо буд ва Худо бар ҳар чӣ мекарданд, иҳота дошт. (яъне медонист). |
|
602 | 4 | 109 | ها أنتم هؤلاء جادلتم عنهم في الحياة الدنيا فمن يجادل الله عنهم يوم القيامة أم من يكون عليهم وكيلا |
| | | Огоҳ бошед, ин шумоед, ки дар ин ҷаҳон аз онон сахт ҷонибдорӣ кардед, кист, ки дар рӯзи қиёмат аз онон дар баробари Худо ҷонибдорӣ кунад ё чӣ касе вакили онҳо хоҳад буд? |
|
603 | 4 | 110 | ومن يعمل سوءا أو يظلم نفسه ثم يستغفر الله يجد الله غفورا رحيما |
| | | Ва ҳар кӣ коре нописанд кунад ё ба худ ситам раво дорад, он гоҳ аз Худо омурзиш хоҳад, Худоро омурзанда ва меҳрубон хоҳад ёфт. |
|
604 | 4 | 111 | ومن يكسب إثما فإنما يكسبه على نفسه وكان الله عليما حكيما |
| | | Ва ҳар кӣ гуноҳе кунад, он гуноҳ ба зиёни худ кардааст ва Худо донову ҳаким аст? |
|