نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
5708 | 78 | 36 | جزاء من ربك عطاء حسابا |
| | | ва ин мукофотест кофӣ аз ҷониби Парвардигорат— |
|
5709 | 78 | 37 | رب السماوات والأرض وما بينهما الرحمن لا يملكون منه خطابا |
| | | Парвардигори осмонҳову замин ва он чӣ миёни онҳост. Он Худои раҳмон, ки касро ба Ӯ ёрои хитоб набошад, |
|
5710 | 78 | 38 | يوم يقوم الروح والملائكة صفا لا يتكلمون إلا من أذن له الرحمن وقال صوابا |
| | | рӯзе, ки рӯҳ ва фариштагон ба саф меистанд ва кас сухан намегӯяд, ғайри он ки Худои раҳмон ба ӯ рухсат диҳад, ва ӯ сухан ба савоб гӯяд. |
|
5711 | 78 | 39 | ذلك اليوم الحق فمن شاء اتخذ إلى ربه مآبا |
| | | Он рӯз рӯзест омаданӣ. Пас ҳар кӣ хоҳад ба сӯи Парвардигораш бозгардад. |
|
5712 | 78 | 40 | إنا أنذرناكم عذابا قريبا يوم ينظر المرء ما قدمت يداه ويقول الكافر يا ليتني كنت ترابا |
| | | Мо шуморо аз азобе наздик метарсонем: рӯзе, ки одамӣ ҳар чиро пешопеш фиристодааст, менигарад ва кофир мегӯяд: «Эй кош, ман хок мебудам!» |
|
5713 | 79 | 1 | بسم الله الرحمن الرحيم والنازعات غرقا |
| | | Савганд ба фариштагоне, ки ҷонҳоро (ҷонҳои кофиронро) ба сахтӣ мегиранд |
|
5714 | 79 | 2 | والناشطات نشطا |
| | | ва савганд ба фариштагоне, ки чонҳоро (ҷонҳои муъминонро) ба осонӣ мегиранд |
|
5715 | 79 | 3 | والسابحات سبحا |
| | | ва савганд ба фариштагоне, ки шиноваранд |
|
5716 | 79 | 4 | فالسابقات سبقا |
| | | ва савганд, ба фариштагоне, ки бар якдигар пешӣ мегиранд (дар боло бурдани ҷонҳои мӯъминон) |
|
5717 | 79 | 5 | فالمدبرات أمرا |
| | | ва савганд ба онҳо, ки тадбири корҳо мекунанд, |
|