نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
569 | 4 | 76 | الذين آمنوا يقاتلون في سبيل الله والذين كفروا يقاتلون في سبيل الطاغوت فقاتلوا أولياء الشيطان إن كيد الشيطان كان ضعيفا |
| | | Онон, ки имон овардаанд, дар роҳи Худо меҷанганд ва онон, ки кофир шудаанд, дар роҳи шайтон. Пас бо ҳаводорони шайтон чанг кунед, ки макри шайтон ночиз аст! |
|
570 | 4 | 77 | ألم تر إلى الذين قيل لهم كفوا أيديكم وأقيموا الصلاة وآتوا الزكاة فلما كتب عليهم القتال إذا فريق منهم يخشون الناس كخشية الله أو أشد خشية وقالوا ربنا لم كتبت علينا القتال لولا أخرتنا إلى أجل قريب قل متاع الدنيا قليل والآخرة خير لمن اتقى ولا تظلمون فتيلا |
| | | Оё надидӣ касонеро, ки ба онҳо гуфта шуд, ки акнун аз ҷанг бозистед ва намоз бихонед ва закот бидиҳед, ки чун ҷангидан бар онон муқаррар шуд, гурӯҳе чунон аз мардум тарсиданд, ки бояд аз Худо метарсиданд? Ҳатто тарсе бештар аз тарси Худо. Ва гуфтанд: «Эй Парвардигори мо, чаро ҷангро бар мо воҷиб кардаӣ ва моро мӯҳлат намедиҳӣ, то ба марги худ, ки наздик аст, бимирем?» Бигӯ: «Ма- тоъи инҷаҳони андак аст ва охират аз они парҳезгорон аст ва ба шумо ҳатто ба қадри риштае, ки дар миёни донаи хурмост, ситам намешавад». |
|
571 | 4 | 78 | أينما تكونوا يدرككم الموت ولو كنتم في بروج مشيدة وإن تصبهم حسنة يقولوا هذه من عند الله وإن تصبهم سيئة يقولوا هذه من عندك قل كل من عند الله فمال هؤلاء القوم لا يكادون يفقهون حديثا |
| | | Дар ҷо, ки бошед, агарчӣ дар ҳисорҳои сахт устувор бошед, марг шуморо дармеёбад. Ва агар хайре ба онҳо расад, мегӯянд, ки аз ҷониби Худо буд ва агар шарре ба онҳо расад, мегӯянд, ки аз ҷониби ту буд. Бигӯ: «Ҳама аз ҷониби Худост». Чӣ бар сари ин қавм омадааст, ки ҳеҷ суханеро намефаҳманд? |
|
572 | 4 | 79 | ما أصابك من حسنة فمن الله وما أصابك من سيئة فمن نفسك وأرسلناك للناس رسولا وكفى بالله شهيدا |
| | | Ҳар хайре, ки ба ту расад, аз ҷониби Худост ва ҳар шаре, ки ба ту расад, аз ҷониби худи туст. Туро ба пайғамбарӣ ба сӯи мардум фиристодем ва Худо ба шоҳидӣ кифоя аст. |
|
573 | 4 | 80 | من يطع الرسول فقد أطاع الله ومن تولى فما أرسلناك عليهم حفيظا |
| | | Ҳар кӣ ба паёмбар итоъат кунад, ба Худо итоъат кардааст. Ва онҳое, ки рӯй гардонанд, пас Мо туро ба нигаҳбонии онҳо нафиристодаем. |
|
574 | 4 | 81 | ويقولون طاعة فإذا برزوا من عندك بيت طائفة منهم غير الذي تقول والله يكتب ما يبيتون فأعرض عنهم وتوكل على الله وكفى بالله وكيلا |
| | | Мегӯянд: «Фармонбардорем!» Ва чун аз назди ту берун шаванд, гурӯҳе аз онҳо ба шаб зндди он чӣ ту мегӯӣ, андешае дар дил мепарваранд. Ва Худо он чиро шаб дар хотир гирифтаанд, менависад. Пас, аз онҳо рӯй гардон ва бар Худой таваккал кун, ки Ӯ корсозиро кофист. |
|
575 | 4 | 82 | أفلا يتدبرون القرآن ولو كان من عند غير الله لوجدوا فيه اختلافا كثيرا |
| | | Оё дар Қуръон намеандешанд? Ҳар гоҳ аз суй ғайри Худо мебуд, дар он зиддияте бисёр меёфтанд. |
|
576 | 4 | 83 | وإذا جاءهم أمر من الأمن أو الخوف أذاعوا به ولو ردوه إلى الرسول وإلى أولي الأمر منهم لعلمه الذين يستنبطونه منهم ولولا فضل الله عليكم ورحمته لاتبعتم الشيطان إلا قليلا |
| | | Ва чун хабаре, чӣ эминӣ ва чӣ тарс ба онҳо расад, онро дар ҳама ҷо фош мекунанд. Ва ҳол он ки агар дар он ба паёмбар ва пешвоёнашон руҷӯъ мекарданд, ҳақиқати корро аз онок дармеёфтанд, Ва агар фазлу раҳмати Худо набуд, ҷуз акдаке ҳамагон ба шайтон пайравӣ мекардед. |
|
577 | 4 | 84 | فقاتل في سبيل الله لا تكلف إلا نفسك وحرض المؤمنين عسى الله أن يكف بأس الذين كفروا والله أشد بأسا وأشد تنكيلا |
| | | Пас дар роҳи Худо ҷиҳод кун, ки ҷуз бар худат таклифшуда нестӣ ва мӯъминонро ба ҷанг барангез. Шояд Худо бадии кофиронро аз шумо боздорад ва хашму азоби Худо аз ҳар хашму азоби дигаре сахттар аст! |
|
578 | 4 | 85 | من يشفع شفاعة حسنة يكن له نصيب منها ومن يشفع شفاعة سيئة يكن له كفل منها وكان الله على كل شيء مقيتا |
| | | Ҳар кас дар кори неке миёнарав шавад, ӯро аз он насибест ва ҳар кас дар кори баде миёнарав шавад, ӯро аз он баҳраест. Ва Худо нигаҳбон бар ҳар чизест! |
|