نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
534 | 4 | 41 | فكيف إذا جئنا من كل أمة بشهيد وجئنا بك على هؤلاء شهيدا |
| | | Чӣ гуна хоҳад буд он рӯз, ки аз ҳар уммате гувоҳе биёварем ва туро бар ин уммат ба гувоҳӣ биёварем? |
|
535 | 4 | 42 | يومئذ يود الذين كفروا وعصوا الرسول لو تسوى بهم الأرض ولا يكتمون الله حديثا |
| | | Дар он рӯз кофирон ва онон, ки бар расул фармон набурданд, орзӯ кунанд, ки бо хоки замин яксон мебуданд. Ва ҳеҷ суханеро аз Худо пинҳон натавонанд кард! |
|
536 | 4 | 43 | يا أيها الذين آمنوا لا تقربوا الصلاة وأنتم سكارى حتى تعلموا ما تقولون ولا جنبا إلا عابري سبيل حتى تغتسلوا وإن كنتم مرضى أو على سفر أو جاء أحد منكم من الغائط أو لامستم النساء فلم تجدوا ماء فتيمموا صعيدا طيبا فامسحوا بوجوهكم وأيديكم إن الله كان عفوا غفورا |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, он гоҳ, ки маст ҳастед, гирди намоз магардед, то бидонед, ки чӣ мегӯед. Ва низ дар ҳоли ҷанобат, то ғусл кунед, магар он ки роҳгузар бошед. Ва агар бемор ё дар сафар будед, ё аз макони қазои ҳочат бозгаштаед, ё бо занон ҷимоъ кардаед ва об наёфтед, бо хоки пок таяммум кунед ва рую дастҳоятонро бо он хок масҳ кунед. Албатта Худо авфкунанда ва омурзанда аст! |
|
537 | 4 | 44 | ألم تر إلى الذين أوتوا نصيبا من الكتاب يشترون الضلالة ويريدون أن تضلوا السبيل |
| | | Оё он касонеро, ки аз китоб баҳрае дода шудаанд, надидаӣ, ки гумроҳӣ мехаранд ва мехоҳанд, ки шумо низ гумроҳ шавед? |
|
538 | 4 | 45 | والله أعلم بأعدائكم وكفى بالله وليا وكفى بالله نصيرا |
| | | Худо душманони шуморо беҳтар мешиносад ва дӯстии Ӯ шуморо кифоят хоҳад кард ва ёрии Ӯ шуморо басанда аст. |
|
539 | 4 | 46 | من الذين هادوا يحرفون الكلم عن مواضعه ويقولون سمعنا وعصينا واسمع غير مسمع وراعنا ليا بألسنتهم وطعنا في الدين ولو أنهم قالوا سمعنا وأطعنا واسمع وانظرنا لكان خيرا لهم وأقوم ولكن لعنهم الله بكفرهم فلا يؤمنون إلا قليلا |
| | | Баъзе аз ҷуҳудон калимоти Худоро ба маънӣ дигаргун мекунанд ва мегӯянд: «Шунидем ва нофармонӣ мекунем ва бишнав ва кош ношунаво гардӣ ва «роъино». Ба луғати хеш забон мегардонанд ва ба дини ислом таъна мезананд. Агар мегуфтанд, ки шунидем ва итоъат кардем ва «Унзурно»", барояшон беҳтару басавобтар буд. Худо ононро ба сабаби куфрашон лаънат карда ва ҷуз андаке имон наёваранд. |
|
540 | 4 | 47 | يا أيها الذين أوتوا الكتاب آمنوا بما نزلنا مصدقا لما معكم من قبل أن نطمس وجوها فنردها على أدبارها أو نلعنهم كما لعنا أصحاب السبت وكان أمر الله مفعولا |
| | | Эй касоне, ки шуморо китоб дода шуда, ба китобе, ки нозил кардаем ва китоби шуморо низ тасдиқ мекунад, имон биёваред; пеш аз он ки нақши чеҳраҳоеро нест кунем ва рӯйҳоро ба қафо баргардонем. Ё ҳамчунон, ки асҳоби сабтро лаънат кардем, шуморо ҳам лаънат кунем. Ва фармони Худо шуданист! |
|
541 | 4 | 48 | إن الله لا يغفر أن يشرك به ويغفر ما دون ذلك لمن يشاء ومن يشرك بالله فقد افترى إثما عظيما |
| | | Албатта Худо гуноҳи касонеро, ки ба Ӯ ширк оваранд, намебахшад ва гуноҳони дигарро барои ҳар кӣ бихоҳад, меомурзад. Ва ҳар кӣ ба Худо ширк оварад, дурӯғе сохта ва гуноҳе бузург муртакиб шудааст. |
|
542 | 4 | 49 | ألم تر إلى الذين يزكون أنفسهم بل الله يزكي من يشاء ولا يظلمون فتيلا |
| | | Оё ононро надидаӣ, ки худро поку беайб ҷилва медиҳанд? Оре, Худост, ки ҳар киро, ки хоҳад, аз айб пок гардонад. Ва ба ҳеҷ кас ҳатто ба қадри риштае, ки дар шикофи донаи хурмост, ситам нашавад. |
|
543 | 4 | 50 | انظر كيف يفترون على الله الكذب وكفى به إثما مبينا |
| | | Бингар, ки чӣ гуна ба Худо дурӯғ мебанданд ва ҳамин дурӯғ гуноҳе ошкорро басандааст. |
|