نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
524 | 4 | 31 | إن تجتنبوا كبائر ما تنهون عنه نكفر عنكم سيئاتكم وندخلكم مدخلا كريما |
| | | Агар аз гуноҳони бузурге, ки шуморо аз он манъ кардаанд, парҳез кунед, аз дигар гуноҳонатон дармегузарем ва шуморо ба маконе некӯ дармеоварем. |
|
525 | 4 | 32 | ولا تتمنوا ما فضل الله به بعضكم على بعض للرجال نصيب مما اكتسبوا وللنساء نصيب مما اكتسبن واسألوا الله من فضله إن الله كان بكل شيء عليما |
| | | Орзӯ макунед он чизҳоеро, ки ба онҳо Худо баъзе аз шуморо бар баъзе дигар бартарӣ додааст. Мардонро аз он чӣ кунанд, насибест ва занонро аз он чӣ кунанд, насибе. Ва рӯзӣ аз Худо хоҳед, ки Худо бар ҳар чизе огоҳ аст! |
|
526 | 4 | 33 | ولكل جعلنا موالي مما ترك الوالدان والأقربون والذين عقدت أيمانكم فآتوهم نصيبهم إن الله كان على كل شيء شهيدا |
| | | Барон ҳама, дар он чӣ падару модар ва хешовандони наздик ба мерос мегузоранд, меросбароне қарор додаем. Ва насиби ҳар касро, ки бо ӯ қароре кардаед, бипардозед, ки Худо бар ҳар чизе гувоҳ аст! |
|
527 | 4 | 34 | الرجال قوامون على النساء بما فضل الله بعضهم على بعض وبما أنفقوا من أموالهم فالصالحات قانتات حافظات للغيب بما حفظ الله واللاتي تخافون نشوزهن فعظوهن واهجروهن في المضاجع واضربوهن فإن أطعنكم فلا تبغوا عليهن سبيلا إن الله كان عليا كبيرا |
| | | Мардон аз он ҷиҳат, ки Худо баъзеро бар баъзе бартарӣ додааст ва аз он ҷиҳат, ки аз моли худ нафақа медиҳанд, бар занон сардорӣ доранд. Пас занони шоиста фармонбардоранд ва дар ғайбати шӯй афифанд (пок) ва фармони Худоро нигоҳ медоранд. Ва он занонро, ки аз нофармонияшон бим доред, панд диҳед ва аз хобгоҳашон дурӣ кунед ва бизанедашон. Агар фармонбардорӣ карданд, аз он пас дигар роҳи зулм пеш нагиред. Ва Худо баландпояву бузург аст! |
|
528 | 4 | 35 | وإن خفتم شقاق بينهما فابعثوا حكما من أهله وحكما من أهلها إن يريدا إصلاحا يوفق الله بينهما إن الله كان عليما خبيرا |
| | | Агар аз нотинҷии миёни зану шӯй огоҳ шудед, доваре аз касони мард ва доваре аз касони зан бифиристед. Агар он дуро қасди ислоҳ бошад, Худо миёнашон мувофиқат пайдо мекунад, ки Худо донову огоҳ аст! |
|
529 | 4 | 36 | واعبدوا الله ولا تشركوا به شيئا وبالوالدين إحسانا وبذي القربى واليتامى والمساكين والجار ذي القربى والجار الجنب والصاحب بالجنب وابن السبيل وما ملكت أيمانكم إن الله لا يحب من كان مختالا فخورا |
| | | Худоро бипарастед ва ҳеҷ чиз шарики Ӯ масозед ва ба падару модар ва хешовандону ятимон ва бенавоёну ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи бегона ва ёри мусоҳибу мусофири раҳгузар ва бандагони худ некӣ кунед. Албатта Худо мутакаббирону фахрфурӯшонро дӯст надорад, |
|
530 | 4 | 37 | الذين يبخلون ويأمرون الناس بالبخل ويكتمون ما آتاهم الله من فضله وأعتدنا للكافرين عذابا مهينا |
| | | онон, ки бахилӣ мекунанд ва мардумро ба бухл мефармоянд ва молеро, ки Худо ба онҳо додааст, пинҳон мекунанд. Ва мо барои кофирон азобе хоркунанда муҳайё сохтаем. |
|
531 | 4 | 38 | والذين ينفقون أموالهم رئاء الناس ولا يؤمنون بالله ولا باليوم الآخر ومن يكن الشيطان له قرينا فساء قرينا |
| | | Ва низ касонеро, ки амволи хеш барои худнамоӣ харҷ мекунанд ва ба Худову рӯзи қиёмат имон намеоваранд. Ва ҳар кӣ шайтон қарини ӯ бошад, қарине бад дорад! |
|
532 | 4 | 39 | وماذا عليهم لو آمنوا بالله واليوم الآخر وأنفقوا مما رزقهم الله وكان الله بهم عليما |
| | | Чӣ зиён дорадашон, агар ба Худову рӯзи қиёмат имон оваранд ва аз он чӣ Худо ба онҳо рӯзӣ додааст, эҳсон кунанд? Худо ба корашон доност! |
|
533 | 4 | 40 | إن الله لا يظلم مثقال ذرة وإن تك حسنة يضاعفها ويؤت من لدنه أجرا عظيما |
| | | Худо заррае ҳам ситам намекунад. Агар некие бошад, онро ду баробар мекунад ва аз ҷониби худ музде бузург медиҳад. |
|