نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
5197 | 63 | 9 | يا أيها الذين آمنوا لا تلهكم أموالكم ولا أولادكم عن ذكر الله ومن يفعل ذلك فأولئك هم الخاسرون |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, молҳову авлодатон шуморо аз зикри Худо, ба худ машғул надорад, ки ҳар кӣ чунин кунад, зиёнкор аст. |
|
5198 | 63 | 10 | وأنفقوا من ما رزقناكم من قبل أن يأتي أحدكم الموت فيقول رب لولا أخرتني إلى أجل قريب فأصدق وأكن من الصالحين |
| | | Аз он чӣ рӯзиятон додаем, дар роҳи Худо садақа кунед, пеш аз он ки яке' аз шуморо марг фаро расад ва бигӯяд; «Эй Парвардигори ман, чаро марги маро андаке ба дертар наяндохтӣ, то садақа диҳам ва аз шоистагон бошам?» |
|
5199 | 63 | 11 | ولن يؤخر الله نفسا إذا جاء أجلها والله خبير بما تعملون |
| | | Чун касе аҷалаш фаро расад, Худо марги ӯро ба таъхир (дертар) намегузорад, Ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст! |
|
5200 | 64 | 1 | بسم الله الرحمن الرحيم يسبح لله ما في السماوات وما في الأرض له الملك وله الحمد وهو على كل شيء قدير |
| | | Худоро тасбеҳ мегӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. Фармонравоӣ аз они Ӯст ва шукр сазовори Ӯст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност! |
|
5201 | 64 | 2 | هو الذي خلقكم فمنكم كافر ومنكم مؤمن والله بما تعملون بصير |
| | | Ӯст, ки шуморо биёфарид. Баъзе аз шумо кофир ва баъзе мӯъминанд. Ва корҳое, ки мекунед, мебинад! |
|
5202 | 64 | 3 | خلق السماوات والأرض بالحق وصوركم فأحسن صوركم وإليه المصير |
| | | Осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид ва шуморо сурат баст ва некӯ сурат баст. Ва бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст! |
|
5203 | 64 | 4 | يعلم ما في السماوات والأرض ويعلم ما تسرون وما تعلنون والله عليم بذات الصدور |
| | | Ҳар чиро дар осмонҳову замин аст, медонад ва ба он чӣ пинҳон медоред, ё ошкор месозед, огоҳ аст. Ва Худо ба ҳар чӣ дар дилҳо мегузарад, доно аст! |
|
5204 | 64 | 5 | ألم يأتكم نبأ الذين كفروا من قبل فذاقوا وبال أمرهم ولهم عذاب أليم |
| | | Оё шуморо хабари касоне, ки аз ин пеш кофир шуда буданд, нарасидааст? Уқубати амалашонро чашиданд ва онҳорост азобе дардовар. |
|
5205 | 64 | 6 | ذلك بأنه كانت تأتيهم رسلهم بالبينات فقالوا أبشر يهدوننا فكفروا وتولوا واستغنى الله والله غني حميد |
| | | Ин ба ҷазои он буд, ки паёмбаронашон бо далелҳои равшан бар онон фиристода шуданд, Ва онҳо гуфтанд: «Оё одамиён моро ҳидоят мекунанд?» Пас кофир шуданд ва рӯйгардон гаштанд ва Худо беҳоҷат асту тавонгар ва сазовори ситоиш аст. |
|
5206 | 64 | 7 | زعم الذين كفروا أن لن يبعثوا قل بلى وربي لتبعثن ثم لتنبؤن بما عملتم وذلك على الله يسير |
| | | Кофирон пиндоштанд, ки онҳоро зинда намекунанд. Бигӯ: «Оре, ба Парвардигорам савганд, ки шуморо зинда мекунанд, то ба корҳое, ки кардаед, огоҳ, созанд. Ва ин бар Худо осон аст». |
|