نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
5121 | 58 | 17 | لن تغني عنهم أموالهم ولا أولادهم من الله شيئا أولئك أصحاب النار هم فيها خالدون |
| | | Молҳову авлодашон барояшон дар баробари хашми Худо нафъ накунад. Аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонанд, |
|
5122 | 58 | 18 | يوم يبعثهم الله جميعا فيحلفون له كما يحلفون لكم ويحسبون أنهم على شيء ألا إنهم هم الكاذبون |
| | | Рӯзе, ки Худо ҳамаи онҳоро зинда мекунад, ҳамчунон ки барои шумо қасам мехӯрданд, барои Ӯ ҳам қасам хоҳанд хурд. Ва мепиндоранд, ки фоидае хоҳанд бурд. Огоҳ бошед, ки дурӯғгӯёнанд. |
|
5123 | 58 | 19 | استحوذ عليهم الشيطان فأنساهم ذكر الله أولئك حزب الشيطان ألا إن حزب الشيطان هم الخاسرون |
| | | Шайтон бар онҳо чира (ғолиб) шудааст ва номи Худоро аз ёдашон бурдааст. Онҳо ҳизби шайтонанд. Огоҳ бош, ки ҳизби шайтон зиёнкунандагонанд! |
|
5124 | 58 | 20 | إن الذين يحادون الله ورسوله أولئك في الأذلين |
| | | Касоне, ки бо Худову паёмбараш мухолифат мекунанд, дар зумраи хоршудагонанд. |
|
5125 | 58 | 21 | كتب الله لأغلبن أنا ورسلي إن الله قوي عزيز |
| | | Худо муқаррар дошта, ки албатта, Ману паёмбаронам ғолиб мешавем! Зеро Худо тавонову ғолиб аст! |
|
5126 | 58 | 22 | لا تجد قوما يؤمنون بالله واليوم الآخر يوادون من حاد الله ورسوله ولو كانوا آباءهم أو أبناءهم أو إخوانهم أو عشيرتهم أولئك كتب في قلوبهم الإيمان وأيدهم بروح منه ويدخلهم جنات تجري من تحتها الأنهار خالدين فيها رضي الله عنهم ورضوا عنه أولئك حزب الله ألا إن حزب الله هم المفلحون |
| | | Намеёбӣ мардумеро, ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон оварда бошанд, вале бо касоне, ки бо Худову паёмбараш мухолифат меварзанд, дӯстӣ кунанд, ҳарчанд, он мухолифон падарон ё фарзандон ё бародарон ва ё қабилаи онҳо бошанд. Худо бар дилашон имонро навишта ва ба рӯҳе аз худ ёрияшон кардааст ва онҳоро ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дароварад. Дар он ҷо ҷовидона бошанд. Худо аз онҳо хушнуд аст ва онон низ аз Худо хушнуданд. Инҳо ҳизби Худоянд, огоҳ бош, ки ҳизби Худо растагоронанд (наҷотёфтагон)! |
|
5127 | 59 | 1 | بسم الله الرحمن الرحيم سبح لله ما في السماوات وما في الأرض وهو العزيز الحكيم |
| | | Худовандро тасбеҳ гӯянд ҳар чӣ дар осмонҳову ҳар чӣ дар замин аст. Ва Ӯст ғолибу ҳаким! |
|
5128 | 59 | 2 | هو الذي أخرج الذين كفروا من أهل الكتاب من ديارهم لأول الحشر ما ظننتم أن يخرجوا وظنوا أنهم مانعتهم حصونهم من الله فأتاهم الله من حيث لم يحتسبوا وقذف في قلوبهم الرعب يخربون بيوتهم بأيديهم وأيدي المؤمنين فاعتبروا يا أولي الأبصار |
| | | Ӯст он Худое, ки нахустин бор касоне аз аҳли китобро, ки кофирон буданд, аз хонаҳояшон берун ронд ва шумо намепиндоштед, ки берун раванд. Онҳо низ мепиндоштанд қалъаҳояшонро тавони он хаст, ки дар баробари Худо нигаҳдораон бошад, Худо аз сӯе, ки гумонашро намекарданд, бар онҳо азоб овард ва дар дилашон тарс андохт, чунон ки хонаҳои худро ба дасти худ ва ба дасти мӯъминон хароб мекарданд. Пас, эй соҳибақлҳо ибрат бигиред! |
|
5129 | 59 | 3 | ولولا أن كتب الله عليهم الجلاء لعذبهم في الدنيا ولهم في الآخرة عذاب النار |
| | | Агар Худр тарки диёрро бар онҳо муқаррар накарда буд, дар дунё ба азоб гирифторашон мекард ва дар охираташон азоби оташ аст. |
|
5130 | 59 | 4 | ذلك بأنهم شاقوا الله ورسوله ومن يشاق الله فإن الله شديد العقاب |
| | | Ва ин ба ҷазои он буд, ки бо Худову паёмбараш мухолифат карданд ва ҳар кӣ бо Худо мухолифат мекунад, бидонад, ки Худо ба сахтӣ уқубат мекунад! |
|