نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
5115 | 58 | 11 | يا أيها الذين آمنوا إذا قيل لكم تفسحوا في المجالس فافسحوا يفسح الله لكم وإذا قيل انشزوا فانشزوا يرفع الله الذين آمنوا منكم والذين أوتوا العلم درجات والله بما تعملون خبير |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, чун шуморо гӯянд, дар маҷолис ҷой боз кунед, ҷой боз кунед, то Худо дар кори шумо кушоиш диҳад, Ва чун гӯянд, ки бархезед, бархезед. Худо онҳоеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки дониш ёфтаанд, ба дараҷаҳо баланд бардорад, ва Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст! |
|
5116 | 58 | 12 | يا أيها الذين آمنوا إذا ناجيتم الرسول فقدموا بين يدي نجواكم صدقة ذلك خير لكم وأطهر فإن لم تجدوا فإن الله غفور رحيم |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, чун хоҳед, ки бо паёмбар наҷво кунед, пеш аз наҷво карданатон садақа бидиҳед. Ин барои шумо беҳтару покизатар аст. Ва агар барои садақа чизе наёфтед, Худо бахшояндаву меҳрубон аст? |
|
5117 | 58 | 13 | أأشفقتم أن تقدموا بين يدي نجواكم صدقات فإذ لم تفعلوا وتاب الله عليكم فأقيموا الصلاة وآتوا الزكاة وأطيعوا الله ورسوله والله خبير بما تعملون |
| | | Оё тарсидед пеш аз наҷво кардан садақа бидиҳед? Ҳол, ки садақа надодаед ва Худо ҳам тавбаи шуморо пазируфтааст, пас намоз бигузоред ва закот бидиҳед ва ба Худову паёмбараш итоъат кунед, ки Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст! |
|
5118 | 58 | 14 | ألم تر إلى الذين تولوا قوما غضب الله عليهم ما هم منكم ولا منهم ويحلفون على الكذب وهم يعلمون |
| | | Оё надидаӣ он касонро, ки бо мардуме, ки Худо бар онҳо хашм гирифта буд, дӯстӣ карданд? Инҳо на аз шумоянд ва на аз онҳо. Ва худ медонанд, ки бардурӯғ савганд мехӯранд. |
|
5119 | 58 | 15 | أعد الله لهم عذابا شديدا إنهم ساء ما كانوا يعملون |
| | | Худо барояшон азобе сахт омода кардааст. Зеро корҳое. ки мекунанд, нописанд аст! |
|
5120 | 58 | 16 | اتخذوا أيمانهم جنة فصدوا عن سبيل الله فلهم عذاب مهين |
| | | Аз савгандҳояшон сипаре сохтаанд. Ва аз роҳи Худо рӯйгардон шуданд. Пас барои онҳост азобе хоркунанда! |
|
5121 | 58 | 17 | لن تغني عنهم أموالهم ولا أولادهم من الله شيئا أولئك أصحاب النار هم فيها خالدون |
| | | Молҳову авлодашон барояшон дар баробари хашми Худо нафъ накунад. Аҳли ҷаҳаннаманд ва дар он ҷовидонанд, |
|
5122 | 58 | 18 | يوم يبعثهم الله جميعا فيحلفون له كما يحلفون لكم ويحسبون أنهم على شيء ألا إنهم هم الكاذبون |
| | | Рӯзе, ки Худо ҳамаи онҳоро зинда мекунад, ҳамчунон ки барои шумо қасам мехӯрданд, барои Ӯ ҳам қасам хоҳанд хурд. Ва мепиндоранд, ки фоидае хоҳанд бурд. Огоҳ бошед, ки дурӯғгӯёнанд. |
|
5123 | 58 | 19 | استحوذ عليهم الشيطان فأنساهم ذكر الله أولئك حزب الشيطان ألا إن حزب الشيطان هم الخاسرون |
| | | Шайтон бар онҳо чира (ғолиб) шудааст ва номи Худоро аз ёдашон бурдааст. Онҳо ҳизби шайтонанд. Огоҳ бош, ки ҳизби шайтон зиёнкунандагонанд! |
|
5124 | 58 | 20 | إن الذين يحادون الله ورسوله أولئك في الأذلين |
| | | Касоне, ки бо Худову паёмбараш мухолифат мекунанд, дар зумраи хоршудагонанд. |
|