نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
5089 | 57 | 14 | ينادونهم ألم نكن معكم قالوا بلى ولكنكم فتنتم أنفسكم وتربصتم وارتبتم وغرتكم الأماني حتى جاء أمر الله وغركم بالله الغرور |
| | | Ва онҳоро нидо диҳанд, ки оё мо бо, шумо ҳамроҳ набудем? Мегӯянд: «Бале, аммо шумо худатонро дар бало афкандед ва ба интизор нишастед ва дар шак будед ва орзуҳо шуморо бифирефт, то он гоҳ ки фармони Худо даррасид ва шайтон ба Худо фиребатон кард. |
|
5090 | 57 | 15 | فاليوم لا يؤخذ منكم فدية ولا من الذين كفروا مأواكم النار هي مولاكم وبئس المصير |
| | | Ва имрӯз на аз шумо фидяе (ҷаримае) пазиранд ва на аз кофирон. Ҷойгоҳатон оташ аст. Оташ сазовори шумост ва бад саранҷомест!» |
|
5091 | 57 | 16 | ألم يأن للذين آمنوا أن تخشع قلوبهم لذكر الله وما نزل من الحق ولا يكونوا كالذين أوتوا الكتاب من قبل فطال عليهم الأمد فقست قلوبهم وكثير منهم فاسقون |
| | | Оё мӯъминонро вақти он нарасидааст, ки дилҳояшон дар баробарӣ ёди Худо ва сухани ҳақ, ки нозил шудааст, хошеъ (моил, мутеъ, ҳозир) шавад? Монанди он мардуме набошанд, ки пеш аз ин китобашон додем ва чун муддате баромад, дилҳояшон сахт шуд ва бисёре нофармон шуданд. |
|
5092 | 57 | 17 | اعلموا أن الله يحيي الأرض بعد موتها قد بينا لكم الآيات لعلكم تعقلون |
| | | Бидонед, ки Худо заминро пас аз мурданаш зинда мекунад. Мо оётро бароятон ба равшанӣ баён кардем, бошад, ки ба ақл дарёбед! |
|
5093 | 57 | 18 | إن المصدقين والمصدقات وأقرضوا الله قرضا حسنا يضاعف لهم ولهم أجر كريم |
| | | Худо ба мардони садақадиҳанда ва занони садақадиҳандае, ки ба Худо қарзулҳасана медиҳанд, дучандон музд медиҳад ва низ онҳоро аҷре некӯст. |
|
5094 | 57 | 19 | والذين آمنوا بالله ورسله أولئك هم الصديقون والشهداء عند ربهم لهم أجرهم ونورهم والذين كفروا وكذبوا بآياتنا أولئك أصحاب الجحيم |
| | | Касоне, ки ба Худову паёмбараш имон овардаанд, ростгӯёну росткоронанд. Ва шаҳидон дар назди Парвардигорашон ҳастанд. Соҳиби музду нури худанд. Ва онҳо, ки кофиранд ва оёти Моро дурӯғ мебароранд, дар ҷаҳаннаманд. |
|
5095 | 57 | 20 | اعلموا أنما الحياة الدنيا لعب ولهو وزينة وتفاخر بينكم وتكاثر في الأموال والأولاد كمثل غيث أعجب الكفار نباته ثم يهيج فتراه مصفرا ثم يكون حطاما وفي الآخرة عذاب شديد ومغفرة من الله ورضوان وما الحياة الدنيا إلا متاع الغرور |
| | | Бидонед, ки зиндагии инҷаҳонӣ бозича аст ва беҳудагиву ороиш ва фахр кардану афзунҷӯӣ дар молҳову авлод монанди бороне бавақт аст, ки рӯиданиҳояш кофиронро ба шигифт афканад (хурсанд, кунад). Сипас пажмурда мешавад ва бинӣ, ки зард гаштааст ва хошок шудааст. Ва дар охират насиби гурӯҳе азоби сахт аст ва нисбати гурӯҳе бахшоиши Худо ва хушнудии Ӯ. Ва зиндагии дунё фақат матоъе фиребанда аст. |
|
5096 | 57 | 21 | سابقوا إلى مغفرة من ربكم وجنة عرضها كعرض السماء والأرض أعدت للذين آمنوا بالله ورسله ذلك فضل الله يؤتيه من يشاء والله ذو الفضل العظيم |
| | | Барои расидан ба бахшоиши Парвардигоратон ва биҳиште, ки паҳнои он монанди паҳнои осмонҳову замин аст, бар якдигар пешӣ гиред (мусобиқа). Ин биҳишт барои касоне, ки ба Худову паёмбаронаш имон овардаанд, муҳайё шудааст. Ин бахшоишест аз ҷониби Худо, ки ба ҳар кӣ мехоҳад, онро ато мекунад, ва Худо соҳиби бахшоише бузург аст. |
|
5097 | 57 | 22 | ما أصاب من مصيبة في الأرض ولا في أنفسكم إلا في كتاب من قبل أن نبرأها إن ذلك على الله يسير |
| | | Ҳар мусибате ба мол ё ба ҷонатон расад албатта пеш аз он ки биёфаринемаш, дар китобе навишта шудааст. Ва ин бар Худо осон аст! |
|
5098 | 57 | 23 | لكيلا تأسوا على ما فاتكم ولا تفرحوا بما آتاكم والله لا يحب كل مختال فخور |
| | | То бар он чӣ аз дастатон меравад, андӯҳгин набошед ва ба он чӣ ба дастатон меояд, шодмонӣ накунед. Ва Худо ҳеҷ мутакаббири худситояндаро дӯст надорад. |
|