نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
506 | 4 | 13 | تلك حدود الله ومن يطع الله ورسوله يدخله جنات تجري من تحتها الأنهار خالدين فيها وذلك الفوز العظيم |
| | | Инҳо аҳкоми Худост. Ҳар кас аз Худо ва паёмбараш фармон барад, ӯро ба биҳиштҳое, ки дар он наҳрҳо ҷорист, дароварад ва ҷовидон дар он ҷо хоҳад буд ва ин комёбии бузургест! |
|
507 | 4 | 14 | ومن يعص الله ورسوله ويتعد حدوده يدخله نارا خالدا فيها وله عذاب مهين |
| | | Ва ҳар кӣ аз Худову расулаш фармон набарад ва аз аҳкоми ӯ таҷовуз кунад, ӯро дохил дар оташ кунад ва ҷовидон дар он ҷо хоҳад буд ва барои ӯст азобе хоркунанда. |
|
508 | 4 | 15 | واللاتي يأتين الفاحشة من نسائكم فاستشهدوا عليهن أربعة منكم فإن شهدوا فأمسكوهن في البيوت حتى يتوفاهن الموت أو يجعل الله لهن سبيلا |
| | | Ва аз занони шумо онон, ки муртакпби фаҳшо (гуноҳ) мешаванд, чаҳор тан аз худатон бар зидди онҳо шаҳодат бихоҳед. Агар шоҳидӣ доданд, занонро дар хона маҳбус доред, то маргашон фаро расад ё Худо роҳе барояшон муқаррар кунад. |
|
509 | 4 | 16 | واللذان يأتيانها منكم فآذوهما فإن تابا وأصلحا فأعرضوا عنهما إن الله كان توابا رحيما |
| | | Ва он ду танро, ки муртакиби он амал шудаанд, биёзоред. Ва чун тавба кунанд ва ба салоҳ оянд, аз озорашон даст бардоред, зеро Худо тавбапазиру меҳрубон аст. |
|
510 | 4 | 17 | إنما التوبة على الله للذين يعملون السوء بجهالة ثم يتوبون من قريب فأولئك يتوب الله عليهم وكان الله عليما حكيما |
| | | Фақат ва фақат қабули тавба барои касонест, ки ба нодонӣ содиркунандаи коре зишт мешаванд ва зуд тавба мекунанд. Худо тавбаи онҳоро мепазирад ва Худо донову ҳаким аст. |
|
511 | 4 | 18 | وليست التوبة للذين يعملون السيئات حتى إذا حضر أحدهم الموت قال إني تبت الآن ولا الذين يموتون وهم كفار أولئك أعتدنا لهم عذابا أليما |
| | | Тавбаи касоне, ки корҳои зишт мекунанд ва чун маргашон фаро мерасад, мегӯянд, ки акнун тавба кардем ва киз онон, ки кофир бимиранд, пазируфта нахоҳад шуд. Барои инон азобе дардовар муҳайё кардаем. |
|
512 | 4 | 19 | يا أيها الذين آمنوا لا يحل لكم أن ترثوا النساء كرها ولا تعضلوهن لتذهبوا ببعض ما آتيتموهن إلا أن يأتين بفاحشة مبينة وعاشروهن بالمعروف فإن كرهتموهن فعسى أن تكرهوا شيئا ويجعل الله فيه خيرا كثيرا |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, шуморо ҳалол нест, ки занонро бар хилофи майлашон мерос бибаред. Ва то қисмате аз он чиро, ки ба онҳо додаед, бозпас ситонед, бар онҳо сахт магиред, ғайри он ки гуноҳи фаҳши исботшуда карда бошанд. Ва бо онон ба некӯӣ рафтор кунед. Ва агар шуморо аз занон хуш наёмад, чӣ басо чизҳо, ки шуморо аз он хуш намеояд, дар ҳоле, ки Худо хайри бисёре дар он ниҳода бошад. |
|
513 | 4 | 20 | وإن أردتم استبدال زوج مكان زوج وآتيتم إحداهن قنطارا فلا تأخذوا منه شيئا أتأخذونه بهتانا وإثما مبينا |
| | | Агар хостед, зане ба ҷои зане дигар бигиред ва ӯро моли бисёре додаед, набояд чизе аз ӯ бозситонед, Оё ба занон тӯҳмат мезанед, то маҳрашонро бозпас гиред? Ин гуноҳе ошкор аст! |
|
514 | 4 | 21 | وكيف تأخذونه وقد أفضى بعضكم إلى بعض وأخذن منكم ميثاقا غليظا |
| | | Ва чӣ гуна он молро бозпас мегиред ва ҳол он ки ҳар як аз шумо аз дигаре баҳраманд шудааст ва занон аз шумо паймоне устувор гирифтаанд. |
|
515 | 4 | 22 | ولا تنكحوا ما نكح آباؤكم من النساء إلا ما قد سلف إنه كان فاحشة ومقتا وساء سبيلا |
| | | Бо заноне, ки падаронатон ба ақди хеш даровардаанд заношӯӣ макунед, ғайрӣ он ки пеш аз ип чунон карда бошед. Зеро ин кор зино ва мавриди хашми Худост ва роҳест нописанд. |
|