نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
4589 | 48 | 6 | ويعذب المنافقين والمنافقات والمشركين والمشركات الظانين بالله ظن السوء عليهم دائرة السوء وغضب الله عليهم ولعنهم وأعد لهم جهنم وساءت مصيرا |
| | | Ва мардону занони мунофиқ ва мардону занони мушрикро, ки бар Худо бадгумонанд, 'азоб кунад. Бар онҳо бод мусибати бад ва Худо бар онҳо хашм гирифт ва лаънаташон кард ва ҷаҳаннамро барояшон омода кардааст ва ҷаҳаннам ҷойгоҳи бадест! |
|
4590 | 48 | 7 | ولله جنود السماوات والأرض وكان الله عزيزا حكيما |
| | | Аз они Худост лашкарҳои осмонҳову замин ва Худо ғолибу ҳаким аст! |
|
4591 | 48 | 8 | إنا أرسلناك شاهدا ومبشرا ونذيرا |
| | | Туро гувоҳидиҳандаву муждадиҳанда ва бимдиҳанда фиристодаем. |
|
4592 | 48 | 9 | لتؤمنوا بالله ورسوله وتعزروه وتوقروه وتسبحوه بكرة وأصيلا |
| | | То ба Худову паёмбараш имон биёваред ва ёрияш кунеду бузургаш доред ва Худоро субҳгоҳу шомгоҳ тасбеҳ гӯед. |
|
4593 | 48 | 10 | إن الذين يبايعونك إنما يبايعون الله يد الله فوق أيديهم فمن نكث فإنما ينكث على نفسه ومن أوفى بما عاهد عليه الله فسيؤتيه أجرا عظيما |
| | | Онон, ки бо ту байъат (аҳд) мекунанд, ҷуз ин нест, ки бо Худо байъат мекунанд. Дасти Худо болои дастҳояшон аст. Ва ҳар кӣ байъатро бишканад, ба зиёни худ шикастааст. Ва ҳар кӣ ба он байъат, ки бо Худо бастааст, вафо кунад, ӯро музде некӯ диҳад. |
|
4594 | 48 | 11 | سيقول لك المخلفون من الأعراب شغلتنا أموالنا وأهلونا فاستغفر لنا يقولون بألسنتهم ما ليس في قلوبهم قل فمن يملك لكم من الله شيئا إن أراد بكم ضرا أو أراد بكم نفعا بل كان الله بما تعملون خبيرا |
| | | Аз аъроби бодиянишин онон, ки аз ҷанг қафокашӣ карданд, ба ту хоҳанд гуфт: «Дороиву касони мо моро аз ҷанг боздоштанд, пас барои мо бахшоиш бихоҳ». Ба забон чизе мегӯяд, ки дар дилашон нест. Бигӯ: «Агар Худо бароятон зиёне бихоҳад ё суде бихоҳад, чӣ касе метавонад дар баробари Худо онро дигаргун кунад?» Балки Ӯст, ки ба корҳоятон огоҳ аст! |
|
4595 | 48 | 12 | بل ظننتم أن لن ينقلب الرسول والمؤمنون إلى أهليهم أبدا وزين ذلك في قلوبكم وظننتم ظن السوء وكنتم قوما بورا |
| | | Ё мепиндоштед, ки паёмбар ва мӯъминон ҳаргиз назди касонашен боз нахоҳанд гашт ва дил ба ин хуш карда будед. Пиндори баде доштаед ва мардуме сазовори ҳалокат будаед. |
|
4596 | 48 | 13 | ومن لم يؤمن بالله ورسوله فإنا أعتدنا للكافرين سعيرا |
| | | Ва ҳар кас ба Худову паёмбараш имон наёвардааст, бидонад, ки барои кофирон оташе сӯзон омода кардаем. |
|
4597 | 48 | 14 | ولله ملك السماوات والأرض يغفر لمن يشاء ويعذب من يشاء وكان الله غفورا رحيما |
| | | Аз они Худост фармонравоии осмонҳову замин. Ҳар киро бихоҳад, мебахшад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст! |
|
4598 | 48 | 15 | سيقول المخلفون إذا انطلقتم إلى مغانم لتأخذوها ذرونا نتبعكم يريدون أن يبدلوا كلام الله قل لن تتبعونا كذلكم قال الله من قبل فسيقولون بل تحسدوننا بل كانوا لا يفقهون إلا قليلا |
| | | Чун барои гирифтани ғаниматҳо ба роҳ бияфтед, онон, ки аз ҷанг тахаллуф (қафокашӣ) намудаанд, хоҳанд гуфт: «Бигзоред, то мо ҳам аз паи шумо биёем! Мехоҳанд сухани Худоро дигаргун кунанд. Бигӯ: '«Шумо ҳаргиз аз паи мо нахоҳед омад. Худо аз пеш чунин гуфтааст». Сипас хоҳанд гуфт: «Балки бар мо ҳасад мебаред?» На, инҳо ҷуз андаке намефаҳманд. |
|