نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
4488 | 45 | 15 | من عمل صالحا فلنفسه ومن أساء فعليها ثم إلى ربكم ترجعون |
| | | Ҳар кас кори шоистае кунад, ба нафъи худи ӯст ва ҳар кас муртакиби кори баде шавад, ба зиёни ӯст. Сипас ҳама ба сӯи Парвардигоратон бозгардонда мешавед. |
|
4489 | 45 | 16 | ولقد آتينا بني إسرائيل الكتاب والحكم والنبوة ورزقناهم من الطيبات وفضلناهم على العالمين |
| | | Мо ба банӣ-Исроил китоб ва илми довариву паёмбарӣ ато кардем ва аз чизҳои покизаву хуш рузияшон кардем. Ва бар ҷаҳониён бартарияшон (беҳтариашон) додем. |
|
4490 | 45 | 17 | وآتيناهم بينات من الأمر فما اختلفوا إلا من بعد ما جاءهم العلم بغيا بينهم إن ربك يقضي بينهم يوم القيامة فيما كانوا فيه يختلفون |
| | | Ва онҳоро дар бораи он амр далоиле равшан додем. Ва дар он аз рӯи ҳасаду кина ихтилоф карданд, он гоҳ, ки дониш ёфтанд. Худо дар рӯзи қиёмат дар он чӣ ихтилоф (зиддият) мекарданд, довари хоҳад кард. |
|
4491 | 45 | 18 | ثم جعلناك على شريعة من الأمر فاتبعها ولا تتبع أهواء الذين لا يعلمون |
| | | Пас туро ба роҳи дин андохтем. Бо он роҳ бирав ва аз паи хоҳиши нодонон марав. |
|
4492 | 45 | 19 | إنهم لن يغنوا عنك من الله شيئا وإن الظالمين بعضهم أولياء بعض والله ولي المتقين |
| | | Инҳо туро ҳеҷ аз азоби Худо дафъ намекунанд ва золимон дӯстдорони якдигаранд ва Худо дӯстдори парҳезгорон аст. |
|
4493 | 45 | 20 | هذا بصائر للناس وهدى ورحمة لقوم يوقنون |
| | | Ин Қуръон далелҳои равшани мардум ва ҳидояту раҳматест барои аҳли яқин. |
|
4494 | 45 | 21 | أم حسب الذين اجترحوا السيئات أن نجعلهم كالذين آمنوا وعملوا الصالحات سواء محياهم ومماتهم ساء ما يحكمون |
| | | Оё окон, ки кунандаи бадиҳо мешаванд, мепиндоранд, ки дар шумори касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста кардаанд, қарорашон медиҳем? Ва оё зиндагиву маргашон яксон аст? Чӣ бад доварӣ мекунанд. |
|
4495 | 45 | 22 | وخلق الله السماوات والأرض بالحق ولتجزى كل نفس بما كسبت وهم لا يظلمون |
| | | Ва Худо осмонҳову заминро ба ҳақ биёфарид, то ҳар касеро баробари коре, ки кардааст, ҷазо диҳад ва ба онҳо ситам нашавад. |
|
4496 | 45 | 23 | أفرأيت من اتخذ إلهه هواه وأضله الله على علم وختم على سمعه وقلبه وجعل على بصره غشاوة فمن يهديه من بعد الله أفلا تذكرون |
| | | Оё он касро, ки ҳавасашро чун худои худ гирифт ва Худо аз рӯи илм гумроҳаш кард ва бар гӯшу дилаш мӯҳр ниҳод ва бар дидагонаш парда афканд, дидаӣ? Агар Худо ҳидоят накунад, чӣ касе ӯро ҳидоят хоҳад кард? Чаро панд намегиред? |
|
4497 | 45 | 24 | وقالوا ما هي إلا حياتنا الدنيا نموت ونحيا وما يهلكنا إلا الدهر وما لهم بذلك من علم إن هم إلا يظنون |
| | | Ва гуфтанд: «Ҷуз зиндагии дунявии мо ҳеҷ нест. Мемирему зинда мешавем ва моро ғайри даҳр ҳалок накунад». Ононро ба он донише нест ва фақат дар пиндоре ҳастанд. |
|