نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
4231 | 41 | 13 | فإن أعرضوا فقل أنذرتكم صاعقة مثل صاعقة عاد وثمود |
| | | Пас агар рӯй гардонанд, бигӯ: «Шуморо аз раъду барқе ҳамонанди раъду барқе, ки бар Оду Самуд фуруд омад, метарсонам. |
|
4232 | 41 | 14 | إذ جاءتهم الرسل من بين أيديهم ومن خلفهم ألا تعبدوا إلا الله قالوا لو شاء ربنا لأنزل ملائكة فإنا بما أرسلتم به كافرون |
| | | Он гоҳ ки расулони пеш ва баъди онҳо навдашон омаданд ва гуфтанд, ки ғайри Худои якторо мапарастед, гуфтанд: «Агар Парвардигори мо мехост, фариштагонро аз осмон мефаровард. Мо ба он чӣ шумо бо он фиристода шудаед, имон намеоварем». |
|
4233 | 41 | 15 | فأما عاد فاستكبروا في الأرض بغير الحق وقالوا من أشد منا قوة أولم يروا أن الله الذي خلقهم هو أشد منهم قوة وكانوا بآياتنا يجحدون |
| | | Аммо қавми Од ба ноҳақ дар, рӯи замин гарданкашӣ карданд ва гуфтанд: «Чӣ касе аз мо боқувват тар аст?» Оё намедиданд, ки Худое, ки онҳоро офаридааст, аз онҳо бо қувваттар аст, ки оёти Моро инкор мекарданд? |
|
4234 | 41 | 16 | فأرسلنا عليهم ريحا صرصرا في أيام نحسات لنذيقهم عذاب الخزي في الحياة الدنيا ولعذاب الآخرة أخزى وهم لا ينصرون |
| | | Мо низ боде сахту ғуррон дар рӯзҳое шум бар сарашон фиристодем, то дар дунё азоби хориро ба онҳо бичашонем. Ва азоби охират хоркунандатар аст ва касе ба ёриашон барнахезад! |
|
4235 | 41 | 17 | وأما ثمود فهديناهم فاستحبوا العمى على الهدى فأخذتهم صاعقة العذاب الهون بما كانوا يكسبون |
| | | Аммо қавми Самуд, ҳидояташон кардем. Ва онҳо куриро аз ҳидоят бештар дӯст медоштанд, то он ки ба хотири амалҳое, ки мекарданд, соъиқаи азоби хоркунанда онҳоро фурӯ гирифт. |
|
4236 | 41 | 18 | ونجينا الذين آمنوا وكانوا يتقون |
| | | Ва Мо касонеро, ки имон оварда буданд ва парҳезгор буданд, наҷот додем. |
|
4237 | 41 | 19 | ويوم يحشر أعداء الله إلى النار فهم يوزعون |
| | | Ва рӯзе, ки душманони Худоро гирд оваранд ва ба саф биронандашон, |
|
4238 | 41 | 20 | حتى إذا ما جاءوها شهد عليهم سمعهم وأبصارهم وجلودهم بما كانوا يعملون |
| | | чун ба канори оташ оянд, гӯшу чашмҳо ва пӯстҳошон ба амалҳое, ки кардаанд, бар зиддашон шоҳидӣ диҳанд. |
|
4239 | 41 | 21 | وقالوا لجلودهم لم شهدتم علينا قالوا أنطقنا الله الذي أنطق كل شيء وهو خلقكم أول مرة وإليه ترجعون |
| | | Ба пӯстҳои худ гӯянд: «Чаро бар зидди мо шоҳидӣ додед?» Гӯянд: «Он Худое, ки ҳар чизеро ба сухан меоварад ва шуморо нахустин бор биёфарид ва ба Ӯ бозгашт меёбед, моро ба сухан овардааст». |
|
4240 | 41 | 22 | وما كنتم تستترون أن يشهد عليكم سمعكم ولا أبصاركم ولا جلودكم ولكن ظننتم أن الله لا يعلم كثيرا مما تعملون |
| | | Аз ин ки гӯшу чашмҳо ва пӯстҳоятон ба зиёни шумо шоҳидӣ диҳанд, чизе ниҳон намедоштед, балки мепиндоштед, ки Худо бар бисёре аз корҳое, ки мекунед, огоҳ нест. |
|