نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
422 | 3 | 129 | ولله ما في السماوات وما في الأرض يغفر لمن يشاء ويعذب من يشاء والله غفور رحيم |
| | | Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳо ва замин аст. Ҳар киро бихоҳад, меомурзад ва ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад ва Худо омурзандаву меҳрубон аст! |
|
423 | 3 | 130 | يا أيها الذين آمنوا لا تأكلوا الربا أضعافا مضاعفة واتقوا الله لعلكم تفلحون |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, рибо махӯред ба афзуданҳои пай дар пай. Ва аз Худой битарсед, то растагор шавед! |
|
424 | 3 | 131 | واتقوا النار التي أعدت للكافرين |
| | | Ва битарсед аз оташе, ки барои кофирон муҳайё шудааст! |
|
425 | 3 | 132 | وأطيعوا الله والرسول لعلكم ترحمون |
| | | Ва аз Худову расул итоат кунед то шояд раҳмат карда шавед! |
|
426 | 3 | 133 | وسارعوا إلى مغفرة من ربكم وجنة عرضها السماوات والأرض أعدت للمتقين |
| | | Бар якдигар пешӣ гиред барои омурзиши Парвардигори хеш ва расидан ба он биҳишт, ки паҳнояш ба қадри ҳамаи осмонҳову замин аст ва барон парҳезгорон мухайё шудааст, |
|
427 | 3 | 134 | الذين ينفقون في السراء والضراء والكاظمين الغيظ والعافين عن الناس والله يحب المحسنين |
| | | он касон, ки дар тавонгариву тангдастӣ эҳсон мекунанд ва хашми худ фурӯ мехӯранд ва аз хатои мардум дармегузаранд. Худо накӯкоронро дӯст дорад! |
|
428 | 3 | 135 | والذين إذا فعلوا فاحشة أو ظلموا أنفسهم ذكروا الله فاستغفروا لذنوبهم ومن يغفر الذنوب إلا الله ولم يصروا على ما فعلوا وهم يعلمون |
| | | Ва он касон, ки чун коре зишт кунанд ё ба худ ситаме кунанд, Худоро ёд мекунанд ва барои гуноҳони хеш омурзиш мехоҳанд ва кист ҷуз Худо, ки гуноҳонро биёмурзад? Ва чун ба зиштии гуноҳ огоҳанд, дар он чӣ мекарданд, пой нафушуранд. |
|
429 | 3 | 136 | أولئك جزاؤهم مغفرة من ربهم وجنات تجري من تحتها الأنهار خالدين فيها ونعم أجر العاملين |
| | | Ҷазои инҳо омурзиши Парвардигорашон аст ва низ биҳиштҳое ки дар он наҳрҳо ҷорист. Дар он ҷо ҷовидонанд ва чӣ некӯст ҷазои некӯкорон! |
|
430 | 3 | 137 | قد خلت من قبلكم سنن فسيروا في الأرض فانظروا كيف كان عاقبة المكذبين |
| | | Пеш аз шумо воқеъаҳое будааст, пас бар рӯи замин бигардед ва бингаред, ки поёни кори онҳо, паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат медоданд, чӣ будааст? |
|
431 | 3 | 138 | هذا بيان للناس وهدى وموعظة للمتقين |
| | | Ин барои мардум далеле равшан ва барои парҳезгорон роҳнамову пандест. |
|