نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
4178 | 40 | 45 | فوقاه الله سيئات ما مكروا وحاق بآل فرعون سوء العذاب |
| | | Худо ӯро аз осеби макре, ки барояш андешида буданд, нигоҳ дошт ва он азоби ногувор хонадонӣ Фиръавнро дар миён гирифт. |
|
4179 | 40 | 46 | النار يعرضون عليها غدوا وعشيا ويوم تقوم الساعة أدخلوا آل فرعون أشد العذاب |
| | | Оташ. Ҳар субҳу шом бар он арза шаванд ва рӯзе, ки қиёмат барпо шавад, нидо диҳанд ки хонадонӣ Фиръавнро ба сахттарин азобҳо дароваред!» |
|
4180 | 40 | 47 | وإذ يتحاجون في النار فيقول الضعفاء للذين استكبروا إنا كنا لكم تبعا فهل أنتم مغنون عنا نصيبا من النار |
| | | Ва он гоҳ дар даруни оташ бо якдигар ба муҷодала бархезанд ва нотавонон ба гарданкашон гӯянд, ки мо пайравони шумо будем, оё метавонед андаке аз ин оташе, ки насиби мо шудааст, кам кунед? |
|
4181 | 40 | 48 | قال الذين استكبروا إنا كل فيها إن الله قد حكم بين العباد |
| | | Онон, ки саркашӣ карда буданд, мегӯянд: «Ҳамаи мо дар оташем. Ва Худост, ки миёни бандагонаш довари кардааст!» |
|
4182 | 40 | 49 | وقال الذين في النار لخزنة جهنم ادعوا ربكم يخفف عنا يوما من العذاب |
| | | Ва онон, ки дар оташанд, ба нигаҳбонони ҷаҳаннам мегӯянд: «Аз Парвардигоратон бихоҳед, то як рӯз аз азоби мо кам кунад». |
|
4183 | 40 | 50 | قالوا أولم تك تأتيكم رسلكم بالبينات قالوا بلى قالوا فادعوا وما دعاء الكافرين إلا في ضلال |
| | | Мегӯянд: «Оё паёмбаронатон бо далелҳои равшан назди шумо наёмада буданд?» Мегӯянд: «Бале». Мегӯянд: «Пас дуъо кунед». Ва дуъои кофирон, ғайри он ки барбод равад, чизе дигар нахоҳад буд. |
|
4184 | 40 | 51 | إنا لننصر رسلنا والذين آمنوا في الحياة الدنيا ويوم يقوم الأشهاد |
| | | Мо паёмбаронамон ва мӯъминонро дар зиндагии дунё ва дар рӯзи қиёмат, ки шоҳидон барои шоҳидӣ рост меистанд, ёрӣ мекунем. |
|
4185 | 40 | 52 | يوم لا ينفع الظالمين معذرتهم ولهم اللعنة ولهم سوء الدار |
| | | дар рӯзе, ки ситамкоронро пузиш (узр) хостан нафъ надиҳад ва насиби онҳо лаънат аст ва он сарои (макони) бад! |
|
4186 | 40 | 53 | ولقد آتينا موسى الهدى وأورثنا بني إسرائيل الكتاب |
| | | Мо ба Мӯсо мартабаи ҳидоят додем ва он китобро (тавротро) ба банӣ-Исроил мерос додем. |
|
4187 | 40 | 54 | هدى وذكرى لأولي الألباب |
| | | Китобе, ки худ ҳидоят аст ва барои хирадмандон андарз (панд). |
|