نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
4130 | 39 | 72 | قيل ادخلوا أبواب جهنم خالدين فيها فبئس مثوى المتكبرين |
| | | Гуфта шавад: «Аз дарҳои ҷаҳаннам дохил шавед, ҳамеша дар он ҷо хоҳед буд». Ҷойгоҳи саркашон чӣ бад ҷойгоҳест! |
|
4131 | 39 | 73 | وسيق الذين اتقوا ربهم إلى الجنة زمرا حتى إذا جاءوها وفتحت أبوابها وقال لهم خزنتها سلام عليكم طبتم فادخلوها خالدين |
| | | Ва ононро, ки аз Парвардигорашон тарсидаанд, гурӯҳ-гурӯҳ ба биҳишт мебаранд. Чун ба биҳишт бирасанд, дарҳояш кушода шавад. Ва дарбонҳои бихишт гӯяндашон: «Салом бар шумо, биҳиштатон хуш бод, ба дарун биёед, ҳамеша дар ин ҷо хоҳед буд!» |
|
4132 | 39 | 74 | وقالوا الحمد لله الذي صدقنا وعده وأورثنا الأرض نتبوأ من الجنة حيث نشاء فنعم أجر العاملين |
| | | Мегӯянд: «Шукр Худоеро, ки ҳар ваъда, ки ба мо дод, рост буд. Он заминро ба мерос ба мо дод. Ва акнун дар ҳар ҷои биҳишт, ки бихоҳем, макон мегирем». Амалкунандагонро чӣ музди некӯест! |
|
4133 | 39 | 75 | وترى الملائكة حافين من حول العرش يسبحون بحمد ربهم وقضي بينهم بالحق وقيل الحمد لله رب العالمين |
| | | Ва фариштагонро мебинӣ, ки гирди арши Худо ҳалқа задаанд ва ба ситоиши Парвардигорашон тасбеҳ мегӯянд. Миёни онҳо низ ба ҳақ довари гардад ва гуфта шавад, ки ситоиш аз они Худоест, ки Парвардигори ҷаҳониён аст! |
|
4134 | 40 | 1 | بسم الله الرحمن الرحيم حم |
| | | Ҳо, мим. |
|
4135 | 40 | 2 | تنزيل الكتاب من الله العزيز العليم |
| | | Нозил шудани ин китоб аз ҷониби Худои ғолиби доност, |
|
4136 | 40 | 3 | غافر الذنب وقابل التوب شديد العقاب ذي الطول لا إله إلا هو إليه المصير |
| | | бахшояндаи гуноҳ, пазирандаи тавба, сахтуқубат, соҳиби ниъам (неъматҳо). Ҳеҷ худое ғайри Ӯ нест. Бозгашти ҳама ба сӯи Ӯст. |
|
4137 | 40 | 4 | ما يجادل في آيات الله إلا الذين كفروا فلا يغررك تقلبهم في البلاد |
| | | Фақат кофирон дар оёти Худо ҷидол мекунанд. Пас омаду рафташон дар шаҳрҳо туро нафиребад. |
|
4138 | 40 | 5 | كذبت قبلهم قوم نوح والأحزاب من بعدهم وهمت كل أمة برسولهم ليأخذوه وجادلوا بالباطل ليدحضوا به الحق فأخذتهم فكيف كان عقاب |
| | | Пеш аз онҳо қавми Нӯҳ ва гурӯҳҳое, ки баъд аз эшон буданд, паёмбарашонро такзиб карданд. Ва ҳар уммате оҳанги он кард, ки паёмбарашро дастгир кунад ва ба ботил ба хусумат бархост, то ҳақро аз миён бардорад. Аммо Ман онҳоро ба уқубат фурӯ гирифтам ва уқубати Ман чӣ сахт буд! |
|
4139 | 40 | 6 | وكذلك حقت كلمت ربك على الذين كفروا أنهم أصحاب النار |
| | | Ба ин тарз ҳукми Парвардигори ту бар кофирон воҷиб шуд, ки аҳли ҷаҳаннаманд! |
|