نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
402 | 3 | 109 | ولله ما في السماوات وما في الأرض وإلى الله ترجع الأمور |
| | | Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва корҳо ба ӯ бозгардонида шавад. |
|
403 | 3 | 110 | كنتم خير أمة أخرجت للناس تأمرون بالمعروف وتنهون عن المنكر وتؤمنون بالله ولو آمن أهل الكتاب لكان خيرا لهم منهم المؤمنون وأكثرهم الفاسقون |
| | | Шумо беҳтарин уммате ҳастед аз миёни мардум падидомада, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунед ва ба Худо имон доред. Агар аҳли китоб низ имон биёваранд, барояшон беҳтар аст. Баъзе аз онҳо мӯъминанд, вале бештарин фосиқонанд. |
|
404 | 3 | 111 | لن يضروكم إلا أذى وإن يقاتلوكم يولوكم الأدبار ثم لا ينصرون |
| | | Ба шумо ҷуз андак озор дигар осебе нарасонанд. Агар бо шумо ҳарб кунанд, пушт кунанд ва рӯй ба гурез раванд ва пирӯз нагарданд. |
|
405 | 3 | 112 | ضربت عليهم الذلة أين ما ثقفوا إلا بحبل من الله وحبل من الناس وباءوا بغضب من الله وضربت عليهم المسكنة ذلك بأنهم كانوا يكفرون بآيات الله ويقتلون الأنبياء بغير حق ذلك بما عصوا وكانوا يعتدون |
| | | Ҳ, ар ҷо, ки бошанд, мӯҳри хори бар онҳо зада шуда аст, магар он ки дар амони Худо ва дар амони мардум бошанд. Ва бо хашми Худо қарин шудаанд ва мӯҳри бадбахтӣ бар онҳо ниҳодаанд, зеро ба оёти Худо кофир шуданд ва паёмбаронро ба ноҳақ, куштанд. Ва ин бад-он сабаб буд, ки исён (нофармонӣ) варзиданд ва таҷовуз карданд. |
|
406 | 3 | 113 | ليسوا سواء من أهل الكتاب أمة قائمة يتلون آيات الله آناء الليل وهم يسجدون |
| | | Аҳли китоб ҳама яксон нестанд. Гурӯҳе ба тоъати Худо истодаанд ва оёти Худоро дар дили шаб тиловат мекунанд ва саҷда ба ҷой меоваранд. |
|
407 | 3 | 114 | يؤمنون بالله واليوم الآخر ويأمرون بالمعروف وينهون عن المنكر ويسارعون في الخيرات وأولئك من الصالحين |
| | | Ва ба Худо ва рӯзи қиёмат имон доранд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд ва дар корҳои нек шитоб меварзанд ва аз ҷумлаи солеҳонанд. |
|
408 | 3 | 115 | وما يفعلوا من خير فلن يكفروه والله عليم بالمتقين |
| | | Ва ҳар кори нек, ки кунанд, ношукрӣ карда нашавад, зеро Худо ба парҳезгорон огоҳ аст! |
|
409 | 3 | 116 | إن الذين كفروا لن تغني عنهم أموالهم ولا أولادهم من الله شيئا وأولئك أصحاب النار هم فيها خالدون |
| | | Кофиронро амволу авлодашон ҳеҷ аз азоби Худо нараҳонад ва онон аҳли оташанд, ҷовидона дар ҷаҳаннам бошанд! |
|
410 | 3 | 117 | مثل ما ينفقون في هذه الحياة الدنيا كمثل ريح فيها صر أصابت حرث قوم ظلموا أنفسهم فأهلكته وما ظلمهم الله ولكن أنفسهم يظلمون |
| | | Он чӣ инҳо дар ин ҷаҳон хайр мекунанд, ҳамонанди он аст, ки тундбоде сард бар киштзори қавме бар хеш ситам карда бивазад ва он киштаро нобуд созад. Худо бар онҳо ситам раво надошт. Онон худ бар худ ситам карданд. |
|
411 | 3 | 118 | يا أيها الذين آمنوا لا تتخذوا بطانة من دونكم لا يألونكم خبالا ودوا ما عنتم قد بدت البغضاء من أفواههم وما تخفي صدورهم أكبر قد بينا لكم الآيات إن كنتم تعقلون |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, дӯсти ҳамрозе ғайр аз ҳамдинони худ магиред, ки дигарон аз ҳеҷ фасоде дар хаққи шумо кӯтоҳӣ намекунанд ва хостори ранҷу машаққати шумоянд. Ва душманӣ аз гуфторашон ошкор аст ва он кина, ки дар дил доранд, бештар аст аз он чӣ ба забон меоваранд. Оётро бароятон ошкор сохтем, агар ба ақл дарёбед! |
|