نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
390 | 3 | 97 | فيه آيات بينات مقام إبراهيم ومن دخله كان آمنا ولله على الناس حج البيت من استطاع إليه سبيلا ومن كفر فإن الله غني عن العالمين |
| | | Дар он ҷост оёти равшан ва мақоми Иброҳим. Ва хар кӣ ба он дохил шавад, эмин аст. Барои Худо ҳаҷҷи он хона бар касоне, ки қудрати рафтан ба онро дошта бошанд, воҷиб аст. Ва ҳар кӣ роҳи куфр пеш гирад, бидонад, кн Худо бар ҷаҳониён мӯҳтоҷ нест». |
|
391 | 3 | 98 | قل يا أهل الكتاب لم تكفرون بآيات الله والله شهيد على ما تعملون |
| | | Бигӯ: «Эй аҳли китоб, чаро оёти Худоро инкор яекунед? Худо нозир бар аъмоли шумост!» |
|
392 | 3 | 99 | قل يا أهل الكتاب لم تصدون عن سبيل الله من آمن تبغونها عوجا وأنتم شهداء وما الله بغافل عما تعملون |
| | | Бигӯ: «Эй аҳли китоб, ба чӣ сабаб онҳоро, ки имон овардаанд, аз роҳи Худо бозмедоред ва мехоҳед, ки ба роҳи каҷ раванд? Ва шумо худ ба зиштии кори хеш огоҳед ва Худо низ аз он чӣ мекунед, ғофил нест! |
|
393 | 3 | 100 | يا أيها الذين آمنوا إن تطيعوا فريقا من الذين أوتوا الكتاب يردوكم بعد إيمانكم كافرين |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, агар ба гурӯҳе аз аҳли китоб итоъат кунед, шуморо аз имонатон ба куфр бозмегардонанд. |
|
394 | 3 | 101 | وكيف تكفرون وأنتم تتلى عليكم آيات الله وفيكم رسوله ومن يعتصم بالله فقد هدي إلى صراط مستقيم |
| | | Чӣ гуна кофир мешавед, дар ҳоле, ки оёти Худо бар шумо хонда мешавад ва расули Ӯ дар миени шумост? Ва ҳар кӣ ба Худо тамассук (наздикӣ) ҷӯяд, ба роҳи рост ҳидоят шудааст. |
|
395 | 3 | 102 | يا أيها الذين آمنوا اتقوا الله حق تقاته ولا تموتن إلا وأنتم مسلمون |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, он чунон ки шоистаи тарс аз Худост, аз Ӯ битарсед ва дар ҳолати мусалмонӣ миред. |
|
396 | 3 | 103 | واعتصموا بحبل الله جميعا ولا تفرقوا واذكروا نعمت الله عليكم إذ كنتم أعداء فألف بين قلوبكم فأصبحتم بنعمته إخوانا وكنتم على شفا حفرة من النار فأنقذكم منها كذلك يبين الله لكم آياته لعلكم تهتدون |
| | | Ва ҳамагон даст дар ресмони Худо занед ва пароканда нашавед ва аз неъмате, ки Худо бар шумо арзонӣ доштааст, ёд кунед: он ҳангом, ки душмани якдигар будед ва Ӯ дилҳоятонро ба ҳам меҳрубон сохт ва ба лутфи Ӯ бародар шудед. Ва бар лаби чоҳе аз оташ будед, Худо шуморо аз он бираҳонид. Худо оёти худро барои шумо инчунин баён мекунад, шояд ҳидоят ёбед. |
|
397 | 3 | 104 | ولتكن منكم أمة يدعون إلى الخير ويأمرون بالمعروف وينهون عن المنكر وأولئك هم المفلحون |
| | | Бояд, ки аз миёни шумо гурӯҳе бошанд, ки ба хайр даъват кунанд ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункар кунанд. Инҳо наҷот ёфтагонанд. |
|
398 | 3 | 105 | ولا تكونوا كالذين تفرقوا واختلفوا من بعد ما جاءهم البينات وأولئك لهم عذاب عظيم |
| | | Ба монанди он касоне мабошед, ки пас аз он ки оёти равшани Худо бар онҳо ошкор шуд, пароканда гаштанд ва бо якдигар ихтилоф (зиддият) варзиданд, албатта, барои инҳо азобе бузург хоҳад буд. |
|
399 | 3 | 106 | يوم تبيض وجوه وتسود وجوه فأما الذين اسودت وجوههم أكفرتم بعد إيمانكم فذوقوا العذاب بما كنتم تكفرون |
| | | Он рӯз, ки гурӯҳе сафедрӯй ва гурӯҳе сияҳрӯй шаванд, ба онон, ки сияҳрӯй шудаанд, мегӯянд: «Оё шумо пас аз имон оварданатон кофир шудед? Ба сабаби кофир шуданатон бичашед азоби Худоро!» |
|