نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
377 | 3 | 84 | قل آمنا بالله وما أنزل علينا وما أنزل على إبراهيم وإسماعيل وإسحاق ويعقوب والأسباط وما أوتي موسى وعيسى والنبيون من ربهم لا نفرق بين أحد منهم ونحن له مسلمون |
| | | Бигӯ: «Ба Худо ва он чӣ бар мо ва бар Иброҳиму Исмоил ва Исҳоқу Яъқуб ва фарзандони ӯ ва низ он чӣ бар Мӯсову Исо ва паёмбарони дигар аз ҷониби Парвардигорашон нозил шудааст, имон овардем. Миёни ҳеч як аз эшон фарқе намениҳем ва ҳама таслими иродаи Ӯ ҳастем». |
|
378 | 3 | 85 | ومن يبتغ غير الإسلام دينا فلن يقبل منه وهو في الآخرة من الخاسرين |
| | | Ва ҳар кас, ки дине ҷуз ислом ихтиёр кунад, аз ӯ пазируфта нахоҳад шуд ва дар охират аз зиёндидагон хоҳад буд. |
|
379 | 3 | 86 | كيف يهدي الله قوما كفروا بعد إيمانهم وشهدوا أن الرسول حق وجاءهم البينات والله لا يهدي القوم الظالمين |
| | | Чӣ гуна Худо ҳидоят кунад қавмеро, ки аввал имон оварданд ва ба ҳаққонияти расул шаҳодат доданд ва далоилу оёти равшанро мушоҳида карданд, сипас кофир шуданд? Худо ситамкоронро ҳидоят намекунад! |
|
380 | 3 | 87 | أولئك جزاؤهم أن عليهم لعنة الله والملائكة والناس أجمعين |
| | | Ҷазояшон ин аст, ки лаънати Худо ва фариштагон ва ҳамаи мардум бар онон аст. |
|
381 | 3 | 88 | خالدين فيها لا يخفف عنهم العذاب ولا هم ينظرون |
| | | Абадӣ дар лаънат бимонанд ва аз азобашон кам нашавад ва мӯҳлаташон надиҳанд, |
|
382 | 3 | 89 | إلا الذين تابوا من بعد ذلك وأصلحوا فإن الله غفور رحيم |
| | | магар онон, ки аз он пас тавба кунанд ва ислоҳ шаванд, зеро Худо омурзанда ва меҳрубон аст! |
|
383 | 3 | 90 | إن الذين كفروا بعد إيمانهم ثم ازدادوا كفرا لن تقبل توبتهم وأولئك هم الضالون |
| | | Тавбаи касоне, ки пас аз имон овардан кофир шуданд ва бар куфри худ афзуданд, пазируфта нахоҳад шуд. Инҳо гумроҳонанд! |
|
384 | 3 | 91 | إن الذين كفروا وماتوا وهم كفار فلن يقبل من أحدهم ملء الأرض ذهبا ولو افتدى به أولئك لهم عذاب أليم وما لهم من ناصرين |
| | | Онон, ки кофир шуданд ва кофир мурданд, агар бихоҳанд, ба андозаи ҳамаи замин тилло диҳанд ва хештанро аз азоб бозхаранд, аз онҳо пазируфта нахоҳад шуд. Барояшон азобе дарднок аст ва онҳоро ҳеҷ ёваре нест. |
|
385 | 3 | 92 | لن تنالوا البر حتى تنفقوا مما تحبون وما تنفقوا من شيء فإن الله به عليم |
| | | Некиро дарнахоҳед ёфт, то он гоҳ ки аз он чӣ дӯст медоред, инфоқ (нафақа) кунед. Ва ҳар чӣ инфоқ мекунед, Худо ба он огоҳ аст. |
|
386 | 3 | 93 | كل الطعام كان حلا لبني إسرائيل إلا ما حرم إسرائيل على نفسه من قبل أن تنزل التوراة قل فأتوا بالتوراة فاتلوها إن كنتم صادقين |
| | | Ҳамаи таъомҳо бар банӣ-Исроил ҳалол буд, ғайри онҳо, ки пеш аз нузули Таврот Исроил бар худ ҳаром карда буд. Бигӯ: «агар рост мегӯед, Тавротро биёвареду бихонед». |
|