نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
3697 | 35 | 37 | وهم يصطرخون فيها ربنا أخرجنا نعمل صالحا غير الذي كنا نعمل أولم نعمركم ما يتذكر فيه من تذكر وجاءكم النذير فذوقوا فما للظالمين من نصير |
| | | Ва аз даруни оташ фарёд зананд: «Эй Парвардигори мо, моро берун ор, то корҳое шоиста кунем, ғайр аз он чӣ мекардем». Оё он қадар шуморо умр надода будем, ки пандгирандагон панд гиранд? Ва шуморо бимдиҳанда омад. Пас бичашед, ки гуноҳкоронро ёридиҳандае нест! |
|
3698 | 35 | 38 | إن الله عالم غيب السماوات والأرض إنه عليم بذات الصدور |
| | | Худо донои ниҳони осмонҳову замин аст ва Ӯ ба он чӣ дар дилҳост, огоҳ аст! |
|
3699 | 35 | 39 | هو الذي جعلكم خلائف في الأرض فمن كفر فعليه كفره ولا يزيد الكافرين كفرهم عند ربهم إلا مقتا ولا يزيد الكافرين كفرهم إلا خسارا |
| | | Ӯст, ки шуморо дар рӯи замин ҷонишини пешиниён кард, пас ҳар кас, ки кофирӣ кунад, куфраш бар зиёни ӯст ва куфри кофирон ҷуз бар душмании Парвардигорашон бо онҳо наяфзояд. Низ куфри кофирон фақат ба зиёнашон афзояд. |
|
3700 | 35 | 40 | قل أرأيتم شركاءكم الذين تدعون من دون الله أروني ماذا خلقوا من الأرض أم لهم شرك في السماوات أم آتيناهم كتابا فهم على بينت منه بل إن يعد الظالمون بعضهم بعضا إلا غرورا |
| | | Бигӯ: «Он шариконеро, ки ба ҷои Худои якто мехондед, дидед? Ба ман бинамоед, ки аз ин замин чӣ чизро офаридаанд? Ё дар офариниши осмон чӣ шарикие доштаанд? Оё бар онҳо китобе фиристодаем, ки онро ҳуҷҷати худ созанд? На, ситамкорон ба якдигар ғайри фиреб ваъдае намедиҳанд». |
|
3701 | 35 | 41 | إن الله يمسك السماوات والأرض أن تزولا ولئن زالتا إن أمسكهما من أحد من بعده إنه كان حليما غفورا |
| | | Худо осмонҳову заминро нигаҳ медорад, то аз ҷой беҷо нашаванд ва агар аз ҷой беҷо шаванд, ҳеҷ як аз шумо, ғайри Ӯ, наметавонад онҳоро нигаҳ дорад. Албатта Худо бурдбору бахшоянда аст! |
|
3702 | 35 | 42 | وأقسموا بالله جهد أيمانهم لئن جاءهم نذير ليكونن أهدى من إحدى الأمم فلما جاءهم نذير ما زادهم إلا نفورا |
| | | Ба Худо қасамҳои сахт хӯрданд, ки агар бимдиҳандае биёяд, беҳтар аз ҳар уммати дигар ҳидоят ёбанд. Вале чун бимдиҳандае омад, бадбинияшон афзуд; |
|
3703 | 35 | 43 | استكبارا في الأرض ومكر السيئ ولا يحيق المكر السيئ إلا بأهله فهل ينظرون إلا سنت الأولين فلن تجد لسنت الله تبديلا ولن تجد لسنت الله تحويلا |
| | | ба саркашӣ дар замин ва найрангҳои бад. Ва ин найрангҳои бад фақат найрангбозонро дар бар гирад. Оё ҷуз суннате, ки бар гузаштагон рафтааст, мунтазири чизи дигаре ҳастанд? Дар суннати Худо ҳеҷ табдиле намеёбӣ ва дар суннати Худо ҳеҷ тағйире намеёбӣ. |
|
3704 | 35 | 44 | أولم يسيروا في الأرض فينظروا كيف كان عاقبة الذين من قبلهم وكانوا أشد منهم قوة وما كان الله ليعجزه من شيء في السماوات ولا في الأرض إنه كان عليما قديرا |
| | | Оё дар замин намегарданд, то бубинанд, ки оқибати мардуме, ки пеш аз онҳо будаанд ва нерӯе бештар доштаанд, ба куҷо кашид? Ҳеҷ чиз дар осмонҳову замин нест, ки Худоро нотавон созад. Зеро Ӯ донову тавоност! |
|
3705 | 35 | 45 | ولو يؤاخذ الله الناس بما كسبوا ما ترك على ظهرها من دابة ولكن يؤخرهم إلى أجل مسمى فإذا جاء أجلهم فإن الله كان بعباده بصيرا |
| | | Ва агар Худо бихоҳад, мардумро ба сабаби корҳое, ки кардаанд, бозхост кунад, бар рӯи замин ҳеҷ ҷунбандае боқӣ нагузорад, вале онҳоро то замоне муъайян мӯҳлат медиҳад ва чун муддаташон тамом щуд, ба амалҳои бандагони худ огоҳ аст! |
|
3706 | 36 | 1 | بسم الله الرحمن الرحيم يس |
| | | Ё, син. |
|