نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
3615 | 34 | 9 | أفلم يروا إلى ما بين أيديهم وما خلفهم من السماء والأرض إن نشأ نخسف بهم الأرض أو نسقط عليهم كسفا من السماء إن في ذلك لآية لكل عبد منيب |
| | | Оё ба паши рӯй ё пушти сари худ аз осмонҳову замин наменигаранд? Агар бихоҳем, онҳоро дар замин фурӯ мебарем, ё қитъае аз осмонро бар сарашон меафканем. Ва дар ин барои ҳар бандае, ки ба Худо бозмегардад, ибратест. |
|
3616 | 34 | 10 | ولقد آتينا داوود منا فضلا يا جبال أوبي معه والطير وألنا له الحديد |
| | | Довудро аз сӯи худ фазилате додем, ки эй кӯҳҳо ва эй паррандагон, бо ӯ ҳамовоз шавед. Ва оҳанро барояш нарм кардем, |
|
3617 | 34 | 11 | أن اعمل سابغات وقدر في السرد واعملوا صالحا إني بما تعملون بصير |
| | | ки зиреҳҳои баланд бисоз ва дар бофтани зиреҳ андозаҳоро нигаҳ дор. Ва корҳои шоиста кунед, ки Ман ба корҳоятон биноам! |
|
3618 | 34 | 12 | ولسليمان الريح غدوها شهر ورواحها شهر وأسلنا له عين القطر ومن الجن من يعمل بين يديه بإذن ربه ومن يزغ منهم عن أمرنا نذقه من عذاب السعير |
| | | Ва бодро роми Сулаймон кардем. Бомдодон якмоҳа роҳ мерафт ва шабонгоҳ якмоҳа роҳ. Ба чашмаи мисро барояш ҷорӣ сохтем ва гурӯҳе аз девҳо ба фармони Парвардигораш барояш кор мекарданд ва ҳар кӣ аз онон сар аз фармони Мо мепечид, ба ӯ азоби оташи сӯзонро мечашонидем. |
|
3619 | 34 | 13 | يعملون له ما يشاء من محاريب وتماثيل وجفان كالجواب وقدور راسيات اعملوا آل داوود شكرا وقليل من عبادي الشكور |
| | | Барои вай ҳар чӣ мехост, аз биноҳои баланд ва суратҳо ва косаҳое чун ҳавз ва дегҳои маҳками барҷой, месохтанд. Эй хонадони Довуд, барои шукр гузорӣ коре кунед ва андаке аз бандагони Ман шукргузоранд. |
|
3620 | 34 | 14 | فلما قضينا عليه الموت ما دلهم على موته إلا دابة الأرض تأكل منسأته فلما خر تبينت الجن أن لو كانوا يعلمون الغيب ما لبثوا في العذاب المهين |
| | | Чун ҳукми маргро бар ӯ рондем, ҳашарае аз ҳашароти замин мардумро бар маргаш огоҳ кард, асояшро (як сол) хоид. Чун фурӯ афтод, дегҳо дарёфтанд, ки агар илми ғайб медонистанд, дар он азоби хоркунанда намемонданд. |
|
3621 | 34 | 15 | لقد كان لسبإ في مسكنهم آية جنتان عن يمين وشمال كلوا من رزق ربكم واشكروا له بلدة طيبة ورب غفور |
| | | Мардуми Саборо дар масканҳояшон ибрате буд: ду бӯстон доштанд, яке аз ҷониби рост ва яке аз ҷониби чап. Аз он чӣ Парвардигоратон ба шумо рӯзӣ додааст, бихӯред ва шукри Ӯ ба ҷой оваред. Шаҳре хушу покиза ва Парвардигоре бахшоянда! |
|
3622 | 34 | 16 | فأعرضوا فأرسلنا عليهم سيل العرم وبدلناهم بجنتيهم جنتين ذواتي أكل خمط وأثل وشيء من سدر قليل |
| | | Рӯй гардонданд. Мо низ сели вайронгарро бар онҳо фиристодем ва ду бӯстонашонро ба ду бӯстон бадал кардем бо мевае талх ва шӯрагаз ва андаке сидр (номи дарахт). |
|
3623 | 34 | 17 | ذلك جزيناهم بما كفروا وهل نجازي إلا الكفور |
| | | Онҳоро, ки носипос буданд, инчунин ҷазо додем, Оё Мо ғайри носипосонро ҷазо мекунем? |
|
3624 | 34 | 18 | وجعلنا بينهم وبين القرى التي باركنا فيها قرى ظاهرة وقدرنا فيها السير سيروا فيها ليالي وأياما آمنين |
| | | Миёни онон ва қарияҳое (деҳаҳое), ки баракат дода будем, деҳаҳое ободон ва бар сари роҳ падид овардем. Ва манзилҳои баробар мӯъайян кардем. «Дар он роҳҳо боамну осоиштагӣ шабҳову рӯзҳо сафар кунед!» |
|