نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
3583 | 33 | 50 | يا أيها النبي إنا أحللنا لك أزواجك اللاتي آتيت أجورهن وما ملكت يمينك مما أفاء الله عليك وبنات عمك وبنات عماتك وبنات خالك وبنات خالاتك اللاتي هاجرن معك وامرأة مؤمنة إن وهبت نفسها للنبي إن أراد النبي أن يستنكحها خالصة لك من دون المؤمنين قد علمنا ما فرضنا عليهم في أزواجهم وما ملكت أيمانهم لكيلا يكون عليك حرج وكان الله غفورا رحيما |
| | | Эй паёмбар, Мо занонеро, ки маҳрашонро додаӣ ва ононро, ки ба унвони ғаниматҳои ҷангӣ, ки Худо ба ту ато намудааст, молик шудаӣ ва духтари амуҳо ва духтари аммаҳо ва духтари доиҳо (тағоҳо) ва духтари холаҳои туро, ки бо ту муҳоҷират кардаанд, бар ту ҳалол кардем ва низ зани мӯъминеро, ки худро ба паёмбар бахшида бошад ҳар гоҳ паёмбар бихоҳад уро ба занӣ гирад. Ин ҳукми махсуси туст на дигар мӯьминон. Мо медонем дар борам занонашон ва канизонашон чӣ ҳукме кардаем, то барои ту мушкилие пеш наёяд. Ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст! |
|
3584 | 33 | 51 | ترجي من تشاء منهن وتؤوي إليك من تشاء ومن ابتغيت ممن عزلت فلا جناح عليك ذلك أدنى أن تقر أعينهن ولا يحزن ويرضين بما آتيتهن كلهن والله يعلم ما في قلوبكم وكان الله عليما حليما |
| | | Аз занони худ ҳар киро хоҳӣ ба навбат муаххар (ақиб) дор ва ҳар киро хоҳӣ, бо худ нигаҳ дор. Ва агар аз онҳо, ки дур доштаӣ, якеро биталабӣ, бар ту гуноҳе нест. Дар ин интихобу ихтиёр бояд, ки шодмон бошанд ва ғамгин нашавагд ва аз он чӣ ҳамагияшонро ато менамоӣ, бояд, ки хушнуд гарданд ва Худо медонад, ки дар дилҳои шумо чист. Ва Худост, ки донову бурдбор аст! |
|
3585 | 33 | 52 | لا يحل لك النساء من بعد ولا أن تبدل بهن من أزواج ولو أعجبك حسنهن إلا ما ملكت يمينك وكان الله على كل شيء رقيبا |
| | | Баъд аз ин занон ҳеҷ зане бар ту ҳалол нест ва низ зане ба ҷои ояҳо ихтиёр кардан, ҳарчанд туро аз зебоии ӯ хуш ояд, ғайри он чӣ ба ғанимат ба дасти ту афтад. Ва Худо назораткунандаи ҳар чизест! |
|
3586 | 33 | 53 | يا أيها الذين آمنوا لا تدخلوا بيوت النبي إلا أن يؤذن لكم إلى طعام غير ناظرين إناه ولكن إذا دعيتم فادخلوا فإذا طعمتم فانتشروا ولا مستأنسين لحديث إن ذلكم كان يؤذي النبي فيستحيي منكم والله لا يستحيي من الحق وإذا سألتموهن متاعا فاسألوهن من وراء حجاب ذلكم أطهر لقلوبكم وقلوبهن وما كان لكم أن تؤذوا رسول الله ولا أن تنكحوا أزواجه من بعده أبدا إن ذلكم كان عند الله عظيما |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, ба хонаҳои паёмбар дохил нашавед, магар шуморо ба хӯрдани таъоме фаро хонанд, бе он ки мунтазир биншинед, то таъом ҳозир шавад. Агар шуморо даъват кунанд, дохил шавед, ва чун таъом хӯрдед, пароканда гардед. На он ки барои саргармӣ сухан оғоз кунед. Албатта ин корҳо паёмбарро озор медиҳад ва ӯ аз шумо шарм медорад, Вале Худо аз гуфтани ҳақ шарм намедорад. Ва агар аз занони паёмбар чизе хостед, аз пушти парда бихоҳед. Ин кор ҳам барои дилҳои шумо ва ҳам барои дилҳои онҳо покдорандатар аст. Шуморо набояд, ки паёмбари Худоро биёзоред ва на он ки занҳояшро баъд аз вай ҳаргиз ба занӣ гиред. Ин корҳо дар назди Худо гуноҳе бузург аст. |
|
3587 | 33 | 54 | إن تبدوا شيئا أو تخفوه فإن الله كان بكل شيء عليما |
| | | Агар чизеро ошкор кунед ё махфӣ доред, дар ҳар ҳол Худо ба ҳар чизе огоҳ аст. |
|
3588 | 33 | 55 | لا جناح عليهن في آبائهن ولا أبنائهن ولا إخوانهن ولا أبناء إخوانهن ولا أبناء أخواتهن ولا نسائهن ولا ما ملكت أيمانهن واتقين الله إن الله كان على كل شيء شهيدا |
| | | Занонро гуноҳе нест, агар дар назди падару писар ва бародару бародарзода ва хоҳарзодаву занони ҳамдин ва ё канизони худ беҳиҷоб бошанд. Ва бояд аз Худо битарсед, ки Худо бар ҳар чизе нозир аст. |
|
3589 | 33 | 56 | إن الله وملائكته يصلون على النبي يا أيها الذين آمنوا صلوا عليه وسلموا تسليما |
| | | Худо ва фариштагонаш бар паёмбар салавот мефиристанд. Эй касоне, ки имон овардаед, бар ӯ салавот фиристед ва салом кунед, саломе некӯ. |
|
3590 | 33 | 57 | إن الذين يؤذون الله ورسوله لعنهم الله في الدنيا والآخرة وأعد لهم عذابا مهينا |
| | | Ҳар оина (албатта) касонеро, ки Худо ва паёмбарашро озор медиҳанд, Худо дар дунё ва охират лаънат карда ва барояшон азобе хоркунанда муҳайё кардааст. |
|
3591 | 33 | 58 | والذين يؤذون المؤمنين والمؤمنات بغير ما اكتسبوا فقد احتملوا بهتانا وإثما مبينا |
| | | Ва касоне, ки мардони мӯъмину занони мӯъминро бе ҳеҷ гунохе, ки карда бошанд, меозоранд, тӯҳмату гуноҳи ошкореро бар душ мекашанд. |
|
3592 | 33 | 59 | يا أيها النبي قل لأزواجك وبناتك ونساء المؤمنين يدنين عليهن من جلابيبهن ذلك أدنى أن يعرفن فلا يؤذين وكان الله غفورا رحيما |
| | | Эй паёмбар, ба занону духтарони худ ва занони мӯъминон бигӯ, ки чодари худро бар худ пушанд. Ин муносибтар аст, то шинохта шаванд ва мавриди озор воқеъ нагарданд. Ва Худо бахшояндаву меҳрубон аст! |
|