نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
3483 | 31 | 14 | ووصينا الإنسان بوالديه حملته أمه وهنا على وهن وفصاله في عامين أن اشكر لي ولوالديك إلي المصير |
| | | Одамиро дар бораи падару модараш супориш кардем. Модараш ба ӯ томила шуд ва ҳар рӯз нотавонтар мешуд ва пас аз ду сол аз шираш бозгирифт. Ва супориш кардем, ки Марову падару модаратро шукр гӯй, ки бозгашти ту назди ман аст. |
|
3484 | 31 | 15 | وإن جاهداك على أن تشرك بي ما ليس لك به علم فلا تطعهما وصاحبهما في الدنيا معروفا واتبع سبيل من أناب إلي ثم إلي مرجعكم فأنبئكم بما كنتم تعملون |
| | | Агар он ду ба кӯшиш аз ту бихоҳанд, то чизеро, ки намедонӣ чист, бо Ман шарик гардонӣ, итоъаташон накун. Дар дунё бо онҳо ба тарифе писандида зиндагӣ кун ва худ роҳи касонеро, ки ба даргоҳи Ман бозмегарданд, дар пеш гир. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ман аст ва Ман аз корҳое, ки мекардаед, огоҳатон мекунам. |
|
3485 | 31 | 16 | يا بني إنها إن تك مثقال حبة من خردل فتكن في صخرة أو في السماوات أو في الأرض يأت بها الله إن الله لطيف خبير |
| | | Эй писараки ман! «Агар амал ба қадри як донаи хардал дар даруни харсанге ё дар осмонҳо ё дар замин, бошад, Худо ба ҳисобаш меоварад, ки Ӯ заррабину огоҳ аст! |
|
3486 | 31 | 17 | يا بني أقم الصلاة وأمر بالمعروف وانه عن المنكر واصبر على ما أصابك إن ذلك من عزم الأمور |
| | | Эй писараки ман! Намоз бигузор ва амр ба маъруфу наҳй аз мункар кун ва бар ҳар чӣ бар ту расад, сабр кун, ки ин аз корҳоест, ки набояд дар онҳо бепарвоӣ кард. |
|
3487 | 31 | 18 | ولا تصعر خدك للناس ولا تمش في الأرض مرحا إن الله لا يحب كل مختال فخور |
| | | Ба такаббур аз мардум рӯй магардон ва ба худписандӣ бар замин роҳ марав, зеро Худо ҳеҷ такаббури фахрфурӯшеро дӯст надорад. |
|
3488 | 31 | 19 | واقصد في مشيك واغضض من صوتك إن أنكر الأصوات لصوت الحمير |
| | | Дар рафторат роҳи миёнаро баргузин ва овозатро фуруд ор, яъне баланди беҳад накун, зеро нохуштарини овозҳо овози харон аст. |
|
3489 | 31 | 20 | ألم تروا أن الله سخر لكم ما في السماوات وما في الأرض وأسبغ عليكم نعمه ظاهرة وباطنة ومن الناس من يجادل في الله بغير علم ولا هدى ولا كتاب منير |
| | | Оё надидаед, ки Худо ҳар чиро, ки дар осмонҳову замин аст, роми шумо кардааст ва неъматҳои худро чӣ ошкору чӣ пинҳон ба тамомӣ бар шумо ато кардааст? Ва баъзе аз мардум бе ҳеҷ донише ё роҳнамоеву китоби равшане дар бораи Худо ҷидол (баҳс) мекунанд. |
|
3490 | 31 | 21 | وإذا قيل لهم اتبعوا ما أنزل الله قالوا بل نتبع ما وجدنا عليه آباءنا أولو كان الشيطان يدعوهم إلى عذاب السعير |
| | | Ва чун ба онҳо бигӯянд: «Ба он чӣ Худо нозил кардааст, пайравӣ кунед», гӯянд: «На! Мо аз дине, ки падарони худро бар он ёфтаем, пайравӣ мекунем». Агарчи шайтон ба азоби оташашон даъват карда бошад. |
|
3491 | 31 | 22 | ومن يسلم وجهه إلى الله وهو محسن فقد استمسك بالعروة الوثقى وإلى الله عاقبة الأمور |
| | | Ҳар кӣ рӯи худ ба Худо кунад ва некӯкор бошад, албатта ба дастгираи устуворе ҷанг задааст ва поёни ҳамаи корҳо ба сӯи Худост! |
|
3492 | 31 | 23 | ومن كفر فلا يحزنك كفره إلينا مرجعهم فننبئهم بما عملوا إن الله عليم بذات الصدور |
| | | Он кас, ки кофир шудааст, куфраш туро ғамгин насозад. Бозгашташон назди Мост. Пас ба корҳое, ки кардаанд, огоҳашон мекунем. Зеро Худо ба он чӣ дар дилҳо мегузарад, огоҳ аст! |
|