نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
3431 | 30 | 22 | ومن آياته خلق السماوات والأرض واختلاف ألسنتكم وألوانكم إن في ذلك لآيات للعالمين |
| | | Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст офариниши осмонҳову замин ва гуногунии забонҳову рангҳоятон. Дар ин ибратҳоест барои доноён. |
|
3432 | 30 | 23 | ومن آياته منامكم بالليل والنهار وابتغاؤكم من فضله إن في ذلك لآيات لقوم يسمعون |
| | | Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯ хобидани шумост дар шаб ва рӯз ба талаби рӯзӣ бархостани шумост. Дар ин ибратҳоест барои мардуме, ки мешунаванд. |
|
3433 | 30 | 24 | ومن آياته يريكم البرق خوفا وطمعا وينزل من السماء ماء فيحيي به الأرض بعد موتها إن في ذلك لآيات لقوم يعقلون |
| | | Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки барқро ба қасди биму умед ба шумо менамоёнад. Ва аз осмон борон мефиристад то замини мурдаро ба он зинда созад. Дар ин ибратҳоест барои касоне, ки ба ақл дармеёбанд. |
|
3434 | 30 | 25 | ومن آياته أن تقوم السماء والأرض بأمره ثم إذا دعاكم دعوة من الأرض إذا أنتم تخرجون |
| | | Ва аз нишонаҳои қудрати Ӯст, ки осмону замин ба фармони Ӯ барпой истодаанд. Сипас вақте, ки шуморо аз замин фаро мехонад, шумо аз замин берун меоед. |
|
3435 | 30 | 26 | وله من في السماوات والأرض كل له قانتون |
| | | Аз они Ӯст ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст ва ҳама фармонбардори Ӯ ҳастанд. |
|
3436 | 30 | 27 | وهو الذي يبدأ الخلق ثم يعيده وهو أهون عليه وله المثل الأعلى في السماوات والأرض وهو العزيز الحكيم |
| | | Ӯст, ки мавҷудотро меофаринад, сипас онҳоро бозмегардонад. Ва ин кор бар Ӯ осонтар аст. Ӯрост сифати бартарӣ дар осмонҳову замин ва Ӯст ғолибу ҳаким! |
|
3437 | 30 | 28 | ضرب لكم مثلا من أنفسكم هل لكم من ما ملكت أيمانكم من شركاء في ما رزقناكم فأنتم فيه سواء تخافونهم كخيفتكم أنفسكم كذلك نفصل الآيات لقوم يعقلون |
| | | Барои шумо аз худатон мисоле меоварад: магар бандагонатон дар он чӣ ба шумо рӯзӣ додаем, бо шумо шарик ҳастанд, то дар мол бо шумо баробар бошанд ва ҳамчунон ки шумо озодон аз якдигар метарсед, аз онҳо ҳам бимнок бошед? Оётро барои мардуме, кн ақл мекунанд, ин тавр тафсил медиҳем. |
|
3438 | 30 | 29 | بل اتبع الذين ظلموا أهواءهم بغير علم فمن يهدي من أضل الله وما لهم من ناصرين |
| | | Оре, ситамкорон бе ҳеҷ донише аз ҳавои нафси худ пайравӣ кардаанд. Онро, ки Худо гумроҳ кардааст, чӣ касе ҳидоят мекунад? Онҳоро ҳеҷ ёваре нест. |
|
3439 | 30 | 30 | فأقم وجهك للدين حنيفا فطرت الله التي فطر الناس عليها لا تبديل لخلق الله ذلك الدين القيم ولكن أكثر الناس لا يعلمون |
| | | Ба яктопарастӣ рӯй ба дин овар. Фитратест, ки Худо ҳамаро ба он фитрат биёфаридааст ва дар офариниши Худо тағйире нест. Дини поку пойдор ин аст. Вале бештари мардум намедонанд! |
|
3440 | 30 | 31 | منيبين إليه واتقوه وأقيموا الصلاة ولا تكونوا من المشركين |
| | | Ба Ӯ бозгардед ва аз Ӯ битарсед ва намоз бигузоред ва аз мушрикон набошед. |
|