نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
337 | 3 | 44 | ذلك من أنباء الغيب نوحيه إليك وما كنت لديهم إذ يلقون أقلامهم أيهم يكفل مريم وما كنت لديهم إذ يختصمون |
| | | Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мекунем. Вагарна он гоҳ, ки қуръа заданд, то чӣ касе аз миёнашон ӯҳдадори нигаҳдории Марям шавад ва он гоҳ ки корашон ба низоъ кашид, ту дар наздашон набудӣ. |
|
338 | 3 | 45 | إذ قالت الملائكة يا مريم إن الله يبشرك بكلمة منه اسمه المسيح عيسى ابن مريم وجيها في الدنيا والآخرة ومن المقربين |
| | | Фариштагон гуфтанд; «Эй Марям, Худо туро ба калимаи Худ мужда медиҳад: Номи ӯ Масеҳ — Исо писари Марям аст. Дар дунё ва охират обрӯманд ва аз наздикон аст. |
|
339 | 3 | 46 | ويكلم الناس في المهد وكهلا ومن الصالحين |
| | | Бо мардум ҳамчунон, ки дар бузургӣ, дар гаҳвора сухан мегӯяд ва аз шоистагон аст». |
|
340 | 3 | 47 | قالت رب أنى يكون لي ولد ولم يمسسني بشر قال كذلك الله يخلق ما يشاء إذا قضى أمرا فإنما يقول له كن فيكون |
| | | Марям гуфт: «Эй Парвардигори ман, чӣ гуна маро фарзанде бошад, дар ҳоле ки одамӣ ба ман даст назадааст?» Гуфт; «Ба он сон, ки Худо ҳар чӣ бихоҳад, меофаринад. Чун иродаи чизе кунад, ба ӯ гӯяд: «Мавҷуд шав!» — пас мавҷуд мешавад. |
|
341 | 3 | 48 | ويعلمه الكتاب والحكمة والتوراة والإنجيل |
| | | Худо ба ӯ китобу ҳикмат ва Тавроту Инҷил меомӯзад. |
|
342 | 3 | 49 | ورسولا إلى بني إسرائيل أني قد جئتكم بآية من ربكم أني أخلق لكم من الطين كهيئة الطير فأنفخ فيه فيكون طيرا بإذن الله وأبرئ الأكمه والأبرص وأحيي الموتى بإذن الله وأنبئكم بما تأكلون وما تدخرون في بيوتكم إن في ذلك لآية لكم إن كنتم مؤمنين |
| | | Ва ба пайғамбарӣ бар банӣ-Исроилаш мефиристад», ки ман ба мӯъҷизае аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Бароятон аз лой чизе чун парранда месозам ва дар он медамам, ба амри Худо паррандае шавад ва кӯри модарзодро ва пес гирифтаро шифо медиҳам. Ва ба фармони Худо мурдаро зинда мекунам. Ва ба шумо мегӯям, ки чӣ хурдаед ва дар хонаҳои худ чӣ захира кардаед. Агар аз мӯъминон бошед, инҳо барои шумо нишонаҳои ҳаққонияти ман аст! |
|
343 | 3 | 50 | ومصدقا لما بين يدي من التوراة ولأحل لكم بعض الذي حرم عليكم وجئتكم بآية من ربكم فاتقوا الله وأطيعون |
| | | Тавроти ҳозирро тасдиқ мекунам ва баъзе аз чизҳоеро, ки бар шумо ҳаром шуда, ҳалол мекунам. Бо нишонӣ аз Парвардигоратон назди шумо омадаам. Аз Худо битарсед ва ба ман итоат кунед! |
|
344 | 3 | 51 | إن الله ربي وربكم فاعبدوه هذا صراط مستقيم |
| | | Оллоҳ Парвардигори ману шумост. Бипарастедаш, ки роҳи рост ин аст! |
|
345 | 3 | 52 | فلما أحس عيسى منهم الكفر قال من أنصاري إلى الله قال الحواريون نحن أنصار الله آمنا بالله واشهد بأنا مسلمون |
| | | Чун Исо дарёфт, ки ба ӯ имон намеоваранд, гуфт: «Чӣ касоне дар роҳи Худо ёрони мананд?» Ҳавориён гуфтанд: «Мо ёрони Худоем. Ба Худо имон овардем. Шаҳодат деҳ ки мо таслим ҳастем. |
|
346 | 3 | 53 | ربنا آمنا بما أنزلت واتبعنا الرسول فاكتبنا مع الشاهدين |
| | | Эй Парвардигори мо, ба он чӣ нозил кардаӣ, имон овардем ва ба расул пайравӣ кардем, моро дар шумори гувоҳидиҳандагон бинавис!» |
|