نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
328 | 3 | 35 | إذ قالت امرأت عمران رب إني نذرت لك ما في بطني محررا فتقبل مني إنك أنت السميع العليم |
| | | Ва зани Имрон гуфт: «Эй Парвардигори ман, назр кардам, ки он чӣ дар шикам дорам, аз кори инҷаҳонӣ озоду танҳо дар хидмати Ту бошад. Ин назрро аз ман бипазир, ки Ту шунаво ва доноӣ». |
|
329 | 3 | 36 | فلما وضعتها قالت رب إني وضعتها أنثى والله أعلم بما وضعت وليس الذكر كالأنثى وإني سميتها مريم وإني أعيذها بك وذريتها من الشيطان الرجيم |
| | | Чун фарзанди хеш бизод, гуфт: «Эй Парвардигори ман, ин ки зойидаам, духтар аст — ва Худо ба он чӣ зоида буд, донотар аст — ва писар чун духтар нест. Ӯро Марям ном ниҳодам. Ӯ ва фарзандашро аз шайтони раҷим дар паноҳи Ту месупорам». |
|
330 | 3 | 37 | فتقبلها ربها بقبول حسن وأنبتها نباتا حسنا وكفلها زكريا كلما دخل عليها زكريا المحراب وجد عندها رزقا قال يا مريم أنى لك هذا قالت هو من عند الله إن الله يرزق من يشاء بغير حساب |
| | | Пас Парвардигораш он духтарро ба некӣ аз ӯ пазируфт ва ба тарзе писандида парваришаш дод ва Закариёро ба сарпарастии ӯ вобаста кард. Ва ҳар вақт, ки Закариё ба меҳроб назди ӯ мерафт, пеши ӯ хӯрданӣ меёфт, Мегуфт: «Эй Марям, инҳо барои ту аз куҷо мерасад?» Марям мегуфт: «Аз ҷониби Худо;» зеро Ӯ ҳар касро, ки бихоҳад, беҳисоб рӯзӣ медиҳад. |
|
331 | 3 | 38 | هنالك دعا زكريا ربه قال رب هب لي من لدنك ذرية طيبة إنك سميع الدعاء |
| | | Дар он ҷо Закариё Парвардигорашро нидо дод ва гуфт: «Эй Парвардигори ман, маро аз ҷониби худ фарзанде покиза ато кун, албатта Ту дуъоро мешунавӣ». |
|
332 | 3 | 39 | فنادته الملائكة وهو قائم يصلي في المحراب أن الله يبشرك بيحيى مصدقا بكلمة من الله وسيدا وحصورا ونبيا من الصالحين |
| | | Пас-ҳамчунон, ки дар меҳроб ба намоз истода буд, фариштагон нидояш доданд: «Худо туро ба Яҳё хушхабар медиҳад. Ӯ калимаи Худоро тасдиқ мекунад ва худ бузургест безор аз занон ва паёмбарест аз шоистагон». |
|
333 | 3 | 40 | قال رب أنى يكون لي غلام وقد بلغني الكبر وامرأتي عاقر قال كذلك الله يفعل ما يشاء |
| | | Гуфт: «Эй Парвардигори ман, чӣ гуна маро писаре бошад, дар ҳоле ки ба пирӣ расидаам ва занам нозост?» Гуфт; Ба он сон, ки Худо ҳар чӣ бихоҳад, мекунад». |
|
334 | 3 | 41 | قال رب اجعل لي آية قال آيتك ألا تكلم الناس ثلاثة أيام إلا رمزا واذكر ربك كثيرا وسبح بالعشي والإبكار |
| | | Гуфт: «Эй Парвардигори ман, барон мая нишонае падидор кун». Гуфт: «Нишони ту ин аст, ки се рӯз бо мардум сухан нагӯӣ, магар ба ишора ва Парвардигоратро фаровон ёд кун ва дар шабонгоҳу бомдод Ӯро шукр гӯй. |
|
335 | 3 | 42 | وإذ قالت الملائكة يا مريم إن الله اصطفاك وطهرك واصطفاك على نساء العالمين |
| | | Ва фариштагон гуфтанд: «Эй Марям, Худо туро инхитоб кард ва покиза сохт ва бар занони ҷаҳон бартарӣ дод. |
|
336 | 3 | 43 | يا مريم اقنتي لربك واسجدي واركعي مع الراكعين |
| | | Эй Марям, аз Парвардигорат итоъат кун ва саҷда кун ва бо намозгузорон намоз бихон!» |
|
337 | 3 | 44 | ذلك من أنباء الغيب نوحيه إليك وما كنت لديهم إذ يلقون أقلامهم أيهم يكفل مريم وما كنت لديهم إذ يختصمون |
| | | Инҳо аз хабарҳои ғайб аст, ки ба ту ваҳй мекунем. Вагарна он гоҳ, ки қуръа заданд, то чӣ касе аз миёнашон ӯҳдадори нигаҳдории Марям шавад ва он гоҳ ки корашон ба низоъ кашид, ту дар наздашон набудӣ. |
|