نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
316 | 3 | 23 | ألم تر إلى الذين أوتوا نصيبا من الكتاب يدعون إلى كتاب الله ليحكم بينهم ثم يتولى فريق منهم وهم معرضون |
| | | Оё ононро надидӣ, ки аз китоб баҳрае ёфта буданд, чун даъват шуданд то китоби Худо дар бораи онҳо ҳукм кунад, гурӯҳе аз онҳо бозгаштанд ва рӯй гардонӣ карданд? |
|
317 | 3 | 24 | ذلك بأنهم قالوا لن تمسنا النار إلا أياما معدودات وغرهم في دينهم ما كانوا يفترون |
| | | Ва ин бад-он сабаб буд, ки мегуфтанд: «Ҷуз чанд рӯзе оташи дӯзах ба мо нарасад». Ва ин дурӯғ, ки бар худ баста буданд, дар дини худ фиребашон дод. |
|
318 | 3 | 25 | فكيف إذا جمعناهم ليوم لا ريب فيه ووفيت كل نفس ما كسبت وهم لا يظلمون |
| | | Ҳолашон чӣ гуна хоҳад буд дар он рӯз бешубҳа, вақте, ки ҳамаро гирд оварем, то подоши амали ҳар кас дода шавад, бе он ки бар касе ситаме равад? |
|
319 | 3 | 26 | قل اللهم مالك الملك تؤتي الملك من تشاء وتنزع الملك ممن تشاء وتعز من تشاء وتذل من تشاء بيدك الخير إنك على كل شيء قدير |
| | | Бигӯ: «Бор Худоё, Туӣ - - дорандаи мулк! Ба ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк медиҳӣ ва аз ҳар кӣ бихоҳӣ, мулк меситонӣ! Ҳар касро, ки бихоҳӣ, иззат медиҳӣ ва ҳар касро, ки бихоҳӣ, хорӣ медиҳӣ! Ҳамаи некиҳо ба дасти туст ва ту бар ҳар коре тавоноӣ! |
|
320 | 3 | 27 | تولج الليل في النهار وتولج النهار في الليل وتخرج الحي من الميت وتخرج الميت من الحي وترزق من تشاء بغير حساب |
| | | Аз шаб мекоҳӣ (кӯтоҳ мекунӣ) ва ба рӯз меафзоӣ ва аз рӯз мекоҳӣ ва ба шаб меафзоӣ! Зиндаро аз мурда берун меоварӣ ва мурдаро аз зинда. Ва ба ҳар ки бихоҳӣ, беҳисоб рӯзӣ медиҳӣ! |
|
321 | 3 | 28 | لا يتخذ المؤمنون الكافرين أولياء من دون المؤمنين ومن يفعل ذلك فليس من الله في شيء إلا أن تتقوا منهم تقاة ويحذركم الله نفسه وإلى الله المصير |
| | | Набояд мӯъминон кофиронро ба ҷои мӯъминон ба дӯстӣ гиранд. Пас ҳар кӣ чунин кунад, ӯро бо Худо робитае нест. Магар ин ки аз онҳо бимнок бошед. Ва Худо шуморо аз худаш метарсонад, ки бозгашт ба сӯӣ Ӯст». |
|
322 | 3 | 29 | قل إن تخفوا ما في صدوركم أو تبدوه يعلمه الله ويعلم ما في السماوات وما في الأرض والله على كل شيء قدير |
| | | Бигӯ: «Ҳар чӣ дар дил доред, чӣ пинҳонаш кунед ва чӣ ошкораш созед. Худо ба он огох, аст. Ӯ ҳар чиро, ки дар осмонҳо ва замин аст, медонад ва бар ҳар коре тавоност! |
|
323 | 3 | 30 | يوم تجد كل نفس ما عملت من خير محضرا وما عملت من سوء تود لو أن بينها وبينه أمدا بعيدا ويحذركم الله نفسه والله رءوف بالعباد |
| | | Рӯзе, ки ҳар кас корҳои нек ва корҳои бади худро дар баробари худ ҳозир бинад, орзу кунад, ки эй кош, миёни ӯ ва кирдори бадаш масофае бузург бувад. Худованд шуморо аз Худаш метарсонад. Ва Худо ба бандагонаш меҳрубон аст!» |
|
324 | 3 | 31 | قل إن كنتم تحبون الله فاتبعوني يحببكم الله ويغفر لكم ذنوبكم والله غفور رحيم |
| | | Бигӯ: Агар Худоро дӯст медоред, ба ман пайравӣ кунед, то Ӯ низ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад, ки омурзанда ва меҳрубон аст!» |
|
325 | 3 | 32 | قل أطيعوا الله والرسول فإن تولوا فإن الله لا يحب الكافرين |
| | | Бигӯ: «Аз Худо ва расулаш фармон бибаред. Пас агар рӯйгардон шуданд, бидоканд, ки Худо кофиронро дӯст надорад!» |
|