نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
2846 | 24 | 55 | وعد الله الذين آمنوا منكم وعملوا الصالحات ليستخلفنهم في الأرض كما استخلف الذين من قبلهم وليمكنن لهم دينهم الذي ارتضى لهم وليبدلنهم من بعد خوفهم أمنا يعبدونني لا يشركون بي شيئا ومن كفر بعد ذلك فأولئك هم الفاسقون |
| | | Худо ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста кардаанд, ваъда дод, ки дар рӯи замин ҷонишини дигаронашон кунад, ҳамчунон, ки мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, ҷонишини дигарон кард, Ва динашонро, ки худ барояшон писандида аст, устувор созад. Ва ваҳшаташонро ба тинҷи иваз кунад. Маро мепарастанд ва ҳеҷ чизеро бо Ман шарик намекунанд. Ва онҳо, ки аз ин пас ношукрӣ кунанд, нофармонанд! |
|
2847 | 24 | 56 | وأقيموا الصلاة وآتوا الزكاة وأطيعوا الرسول لعلكم ترحمون |
| | | Ва намоз бигузоред ра закот бидиҳед ва ба паёмбар итоъат кунед, бошад, ки бар шумо раҳмат оваранд! |
|
2848 | 24 | 57 | لا تحسبن الذين كفروا معجزين في الأرض ومأواهم النار ولبئس المصير |
| | | Мапиндор, ки кофирон метавонанд дар ин сарзамин ба ҷое бигурезанд. Ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва чӣ бад саранҷомест! |
|
2849 | 24 | 58 | يا أيها الذين آمنوا ليستأذنكم الذين ملكت أيمانكم والذين لم يبلغوا الحلم منكم ثلاث مرات من قبل صلاة الفجر وحين تضعون ثيابكم من الظهيرة ومن بعد صلاة العشاء ثلاث عورات لكم ليس عليكم ولا عليهم جناح بعدهن طوافون عليكم بعضكم على بعض كذلك يبين الله لكم الآيات والله عليم حكيم |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, бояд ғуломони шумо ва онҳо, ки ҳанӯз ба ҳадди булуғ нарасидаанд, дар се ҳангом аз шумо барои дохил шудан ба хона рухсат талабанд: пеш аз намози субҳ ва ҳангоми зуҳр, ки либос аз тан берун мекунед ва баъд аз намози хуфтан. Ин се вақт вақти хилвати шумост. Дар ғайри он се ҳангом шумо ва онҳо гуноҳе накардаед, агар бар якдигар бигзаред. Худо оётро инчунин барои шумо баён мекунад. Ва Худо донову ҳаким аст! |
|
2850 | 24 | 59 | وإذا بلغ الأطفال منكم الحلم فليستأذنوا كما استأذن الذين من قبلهم كذلك يبين الله لكم آياته والله عليم حكيم |
| | | Ва чун атфоли шумо ба ҳадди булуғ расиданд, бояд монанди касоне, ки зикрашон гузашт, рухсат талабанд. Худо оётро инчунин барои шумо баён мекунад. Ва Худо донову ҳаким аст! |
|
2851 | 24 | 60 | والقواعد من النساء اللاتي لا يرجون نكاحا فليس عليهن جناح أن يضعن ثيابهن غير متبرجات بزينة وأن يستعففن خير لهن والله سميع عليم |
| | | Пиразанон, ки дигар умеди шӯй карданашон нест, бе он, ки зинатҳои худро ошкор кунанд, агар чодари худ биниҳанд, гуноҳе накардаанд. Ва худдорӣ кардан барояшон беҳтар аст ва Худо шунавову доност! |
|
2852 | 24 | 61 | ليس على الأعمى حرج ولا على الأعرج حرج ولا على المريض حرج ولا على أنفسكم أن تأكلوا من بيوتكم أو بيوت آبائكم أو بيوت أمهاتكم أو بيوت إخوانكم أو بيوت أخواتكم أو بيوت أعمامكم أو بيوت عماتكم أو بيوت أخوالكم أو بيوت خالاتكم أو ما ملكتم مفاتحه أو صديقكم ليس عليكم جناح أن تأكلوا جميعا أو أشتاتا فإذا دخلتم بيوتا فسلموا على أنفسكم تحية من عند الله مباركة طيبة كذلك يبين الله لكم الآيات لعلكم تعقلون |
| | | Бар нобино ҳараҷе (гуноҳе) нест ва бар ланг гуноҳе нест ва бар бемор гуноҳе нест. Ва бар шумо гуноҳе нест, агар аз хонаи худ ё хонаи падаратон ё хонаи модаратон ё хонаи бародаратон ё хонаи хоҳаратон ё хонаи амакатон ё хонаи аммаатон ё хонаи доиятон (тағоятон) ё хонаи холаатон ё хонае, ки калидҳои он назди шумост, ё хонаи дӯстатон чизе бихӯред. Ва гуноҳе бар шумо нест, агар бо ҳам бихӯред ё ҷудо-ҷудо. Ва чун ба хонае дохил шавед, бар якдигар салом кунед. ин саломест муборак ва покиза аз ҷониби Худо. Худо оётро барои шумо инчунин баён мекунад, шояд, ки ақл кунед! |
|
2853 | 24 | 62 | إنما المؤمنون الذين آمنوا بالله ورسوله وإذا كانوا معه على أمر جامع لم يذهبوا حتى يستأذنوه إن الذين يستأذنونك أولئك الذين يؤمنون بالله ورسوله فإذا استأذنوك لبعض شأنهم فأذن لمن شئت منهم واستغفر لهم الله إن الله غفور رحيم |
| | | Мӯъминон касоне ҳастанд, ки ба Худову паёмбараш имон овардаанд ва чун бо паёмбар дар коре якҷоя бошанд, то аз ӯ рухсат наталабидаанд, набояд бираванд. Онҳо, ки аз ту рухсат металабанд, касоне ҳастанд, ки ба Худову паёмбараш имон овардаанд. Пас ҳангоме ки аз ту барои баъзе аз корҳояшон рухсат хостанд, бар ҳар як аз онон, ки хоҳӣ, рухсат бидеҳ ва барояшон аз Худо бахшоиш бихоҳ ки Худо бахшояндаву меҳрубон аст! |
|
2854 | 24 | 63 | لا تجعلوا دعاء الرسول بينكم كدعاء بعضكم بعضا قد يعلم الله الذين يتسللون منكم لواذا فليحذر الذين يخالفون عن أمره أن تصيبهم فتنة أو يصيبهم عذاب أليم |
| | | Ончунон ки якдигарро садо мекунед, паёмбарро садо накунед. Худо медонад чӣ касоне аз шумо дар паноҳи дигаре худро пинҳон месозанд ва оҳистаоҳиста берун мераванд. Онон, ки аз фармони Ӯ сарпечӣ мекунанд, бояд битарсанд, ки мабодо ба онҳо фитнае ё азобе дардовар бирасад! |
|
2855 | 24 | 64 | ألا إن لله ما في السماوات والأرض قد يعلم ما أنتم عليه ويوم يرجعون إليه فينبئهم بما عملوا والله بكل شيء عليم |
| | | Аз они Худост ҳар чӣ дар осмонҳову замин аст. Медонад, ки шумо бар чӣ коред. Ва он рӯз, ки ба Ӯ бозгардонда шаванд, ононро аз корҳое, ки кардаанд, огоҳ созад. Ва Худо бар ҳар чизе доност! |
|