نتائج البحث: 6236
|
ترتيب الآية | رقم السورة | رقم الآية | الاية |
2841 | 24 | 50 | أفي قلوبهم مرض أم ارتابوا أم يخافون أن يحيف الله عليهم ورسوله بل أولئك هم الظالمون |
| | | Оё дар дилҳояшон маразест ё дар шак ҳастанд ё бими он доранд, ки Худову паёмбараш бар онҳо зулм кунанд? На, онон худ золимонанд! |
|
2842 | 24 | 51 | إنما كان قول المؤمنين إذا دعوا إلى الله ورسوله ليحكم بينهم أن يقولوا سمعنا وأطعنا وأولئك هم المفلحون |
| | | Чун мӯъминонро ба Худову паёмбараш даъват кунанд, то миёнашон ҳукм кунад, суханашон ғайри ин нест, ки мегӯянд: «Шунидем ва итоъат кардем», инҳо наҷотёфтагонанд. |
|
2843 | 24 | 52 | ومن يطع الله ورسوله ويخش الله ويتقه فأولئك هم الفائزون |
| | | Ва касоне, ки ба Худову паёмбараш фармонбардоранд ва аз Худо метарсанд ва парҳезгорӣ мекунанд, наҷотёфтагонанд. |
|
2844 | 24 | 53 | وأقسموا بالله جهد أيمانهم لئن أمرتهم ليخرجن قل لا تقسموا طاعة معروفة إن الله خبير بما تعملون |
| | | Ба Худо қасам хӯрданд, қасамҳои сахт, ки агар ба онҳо фармон диҳӣ, аз диёри худ берун раванд. Бигӯ: «Қасам нахӯред, тоъате сазовор ба ҷо оред. Худо ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст!» |
|
2845 | 24 | 54 | قل أطيعوا الله وأطيعوا الرسول فإن تولوا فإنما عليه ما حمل وعليكم ما حملتم وإن تطيعوه تهتدوا وما على الرسول إلا البلاغ المبين |
| | | Бигӯ: «Ба Худо итоъат кунед ва ба паёмбар итоъат кунед. Пас агар рӯйгардон шавед, бар паёмбар аст он чӣ ба ӯ таклиф кардаанд ва бар шумост он чӣ бар шумо таклиф кардаанд. Ва агар ба ӯ итоъат кунед, ҳидоят ёбед. Ва бар ӯҳдаи паёмбар ғайри таблиғи ошкор ҳеҷ нест». |
|
2846 | 24 | 55 | وعد الله الذين آمنوا منكم وعملوا الصالحات ليستخلفنهم في الأرض كما استخلف الذين من قبلهم وليمكنن لهم دينهم الذي ارتضى لهم وليبدلنهم من بعد خوفهم أمنا يعبدونني لا يشركون بي شيئا ومن كفر بعد ذلك فأولئك هم الفاسقون |
| | | Худо ба касоне аз шумо, ки имон овардаанд ва корҳое шоиста кардаанд, ваъда дод, ки дар рӯи замин ҷонишини дигаронашон кунад, ҳамчунон, ки мардумеро, ки пеш аз онҳо буданд, ҷонишини дигарон кард, Ва динашонро, ки худ барояшон писандида аст, устувор созад. Ва ваҳшаташонро ба тинҷи иваз кунад. Маро мепарастанд ва ҳеҷ чизеро бо Ман шарик намекунанд. Ва онҳо, ки аз ин пас ношукрӣ кунанд, нофармонанд! |
|
2847 | 24 | 56 | وأقيموا الصلاة وآتوا الزكاة وأطيعوا الرسول لعلكم ترحمون |
| | | Ва намоз бигузоред ра закот бидиҳед ва ба паёмбар итоъат кунед, бошад, ки бар шумо раҳмат оваранд! |
|
2848 | 24 | 57 | لا تحسبن الذين كفروا معجزين في الأرض ومأواهم النار ولبئس المصير |
| | | Мапиндор, ки кофирон метавонанд дар ин сарзамин ба ҷое бигурезанд. Ҷойгоҳашон ҷаҳаннам аст ва чӣ бад саранҷомест! |
|
2849 | 24 | 58 | يا أيها الذين آمنوا ليستأذنكم الذين ملكت أيمانكم والذين لم يبلغوا الحلم منكم ثلاث مرات من قبل صلاة الفجر وحين تضعون ثيابكم من الظهيرة ومن بعد صلاة العشاء ثلاث عورات لكم ليس عليكم ولا عليهم جناح بعدهن طوافون عليكم بعضكم على بعض كذلك يبين الله لكم الآيات والله عليم حكيم |
| | | Эй касоне, ки имон овардаед, бояд ғуломони шумо ва онҳо, ки ҳанӯз ба ҳадди булуғ нарасидаанд, дар се ҳангом аз шумо барои дохил шудан ба хона рухсат талабанд: пеш аз намози субҳ ва ҳангоми зуҳр, ки либос аз тан берун мекунед ва баъд аз намози хуфтан. Ин се вақт вақти хилвати шумост. Дар ғайри он се ҳангом шумо ва онҳо гуноҳе накардаед, агар бар якдигар бигзаред. Худо оётро инчунин барои шумо баён мекунад. Ва Худо донову ҳаким аст! |
|
2850 | 24 | 59 | وإذا بلغ الأطفال منكم الحلم فليستأذنوا كما استأذن الذين من قبلهم كذلك يبين الله لكم آياته والله عليم حكيم |
| | | Ва чун атфоли шумо ба ҳадди булуғ расиданд, бояд монанди касоне, ки зикрашон гузашт, рухсат талабанд. Худо оётро инчунин барои шумо баён мекунад. Ва Худо донову ҳаким аст! |
|